Аз кушта шудани Кароматуллоҳи Қурбон, овозхони зиндаёди тоҷик, 29 сол гузашт. Чаҳор сол пеш хабарнигорони Радиои Озодӣ ба маҳалли қатли ӯ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон рафта, бо такя ба нақли шоҳидон гузориш таҳия карда буданд, ки муҳтавояш куҳна нашудааст.
Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон даҳҳо сокини яке аз рустоҳо аз қарори раиси ноҳия асабонӣ шудаанд, чун заминҳои чарогоҳи онҳоро ба ихтиёри каси дигаре додааст.
Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, Маскав қасд дорад, ба тифлоне, ки аз издивоҷи омехта (яке аз волидон шаҳрванди Русия аст, дигаре хориҷӣ) дар ҳар гӯшае аз ҷаҳон ба дунё омадаанд, ба таври автоматӣ ё худкор шаҳрвандии ин кишварро бидиҳад.
Муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон ба идораҳои зери итоаташ дар вилояти Бодканд дастур додааст, ки чораҳои амниятиро дар марз бо Тоҷикистон тақвият дода, шумораи посбонҳо ё патрулҳоро афзоиш диҳанд. Ҷониби Тоҷикистон ба ин хабар вокуниш накардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон 17-уми октябр хабар дод, ки як ҳайати ин кишвар бо сафари корӣ ба Кобул, пойтахти Афғонистон, рафт. Ба ин гурӯҳ намояндаи вижаи президенти Қазоқистон дар мавриди ҳамкориҳои байнулмилалӣ, Ержан Қозихонов, раҳбарӣ мекунад.
Як киштии кайҳонӣ бо як фазонавард ва ду филмсози рус дар Қазоқистон поин омад ва ба сафари дувоздаҳрӯзаи онҳо ба истгоҳи фазоии байнулмилалӣ поён дод. "Роскосмос" гуфтааст, киштӣ ё сафина 17-уми октябр ба замин бозгашт.
Сарчашмаи берун омадани иттилои зиёд, аз ҷумла видео, дар бораи шиканҷа ва таҷовузи ҷинсӣ дар зиндонҳои Русия ба Фаронса фирор карда, қасд дорад, дар ин кишвари аврупоӣ паноҳгоҳи сиёсӣ бигирад.
Манъи мусиқӣ ва овозхонӣ дар Афғонистон баъзе аз ҳунармандони он кишварро овора ва дигаронро ба иҷрои "таронаҳои бидуни мусиқӣ", ки асосан аз ситоиши "Толибон" иборат аст, маҷбур кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, мақомоти Тошканд бо намояндагони ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат, амнияти сарҳад ва ёрии башардӯстона суҳбат карданд. Ин мулоқот 16-уми октябр дар шаҳри Тирмизи Узбекистон баргузор шуд.
Шавҳари Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф, зани бритониёии эрониасл, гуфт, ҳамсараш аз эҳтимоли бозгашт ба зиндон дар Эрон сахт нигарон аст.
Узбекистон, ки яке аз воридкунандагони асосии гандум дар ҷаҳон аст, дар ҷустуҷӯйи заминҳои нави кишоварзӣ дар Русия мебошад. Ин тасмим метавонад, норасоии захираҳои кишоварзиро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ҷуброн кунад.
Додгоҳе дар Эрон раиси собиқи бонки марказии ин кишварро ба даҳ сол зиндон маҳкум кард.
Мақомоти Русия 16-уми октябр аз фавти 1002 нафар дар як рӯз аз коронавирус гузориш доданд.
"Хоруғ аз нигоҳи ман". Бо ин ном дар маркази вилояти Бадахшон озмуне баргузор шуд, ки иштирокдорон идеяҳои худро дар бораи ояндаи шаҳри Хоруғ пешниҳод карданд. Созмондиҳандаҳо ваъда доданд, ки тарҳҳои беҳтаринро дар нақшаи куллӣ ё генералии шаҳр гунҷонда, дар ояндаи наздик амалӣ менамоянд.