Парвиншо Муҳаббатов, наврасеро, ки дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон ба чанголи хирс афтода, бо кумаки омӯзгор Рамазон Синонов наҷот ёфт, ҷарроҳӣ кардаанд. Духтурон гуфтанд, ин ду нафар аз сар ва бозувон захмӣ шудаанд ва ҳоло дар бемористон бистариянд. Ҳодиса 19-уми октябр рӯй дод.
Кумитаи Дифоъ аз Журналистон (CPJ) аз мақомоти Узбекистон хостааст, ки гузоришҳоро дар бораи таҳдиди куштани хабарнигорони "Озодлик", бахши узбекии Радиои Озодӣ, фавран таҳқиқ кунанд.
Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 21-уми октябр дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки ин кишвар аз Туркия ва Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи "Bayraktar" ва "Орлан-10Е" харидорӣ хоҳад кард.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ карданд, ки дар он қатъи муваққатии ваколати додрасҳо пешбинӣ шудааст. Бар асоси тарҳ, пас аз боздоштани ваколати додрас, муфаттишон рафтори додрасу ҷиноятеро, ки эҳтимол аст ба он муттаҳам шавад, тафтиш мекунанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ карданд, ки дар он қатъи муваққатии ваколати додрасҳо пешбинӣ шудааст.
Ҷӯрабек Муродов, овозхони шинохтаи тоҷик шоми имрӯз ба таври онлайн консерти худро баргузор мекунад. Ин нахустин маротиба аст, ки консерти Ҷӯрабек Муродов маҷозӣ баргузор мешавад.
Алексей Навалний, пешвои зиндонии мухолифини Русия, тақдими ҷоизаи Сахаровро ба ӯ "масъулияти бузург" ва ҳамзамон ҳимояти ҷонибдорони мубориза бо коррупсия дар саросари ҷаҳон номид.
Як гуруҳ аз занони шинохтаи афғон аз Созмони Милал хостаанд, ба "Толибон" фишор биоварад, то ваъдаҳояшро дар бораи риояи ҳуқуқи занон иҷро кунанд.
Даврон Абаев, муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон тамоси дипломатҳои ин кишвар бо намояндагони ҳукумати гуруҳи Толибон дар Афғонистонро шарҳ дод.
Узбекистон рӯзи 24-уми октябр интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дорад. Дар он 5 номзад ба мақоми президент ширкат меварзанд ва яке ҳам Шавкат Мирзиеёв аст, ки робита бо Тоҷикистонро бисёр хуб кард. Меравад, ё мемонад? Дар ин мусоҳиба бубинед.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, агар Чин ба Тайван ҳамла кунад, Вашингтон тасмими қотеона дорад, ки аз он ҳимоят кунад.
Мақомоти Туркия чаҳор шаҳрванди Русия, як украинӣ ва як шаҳрванди Узбекистонро бо иттиҳоми “ҷосусии низомӣ ва сиёсӣ” дастгир кардаанд.
Сарнавишти бештар аз 200 афғонистонӣ, ки дар Узбекистон паноҳ бурдаанд, норӯшан боқӣ мондааст. Онҳо наметавонанд, дар Узбекистон монанд ва наметавонанд, ки ба кишвари худ баргарданд ё ба кишвари севум раванд. Муҳаммадқосим Низомӣ, яке аз фирориён гуфт, миёни онҳо афроде ҳастанд, ки дар мақомоти қудратӣ, низоми додгоҳӣ ва додситонии ҳукумати пешини Афғонистон кор мекарданд. Ҳамаи онҳо бо визаҳои муваққат вориди Узбекистон шуда, ҳамакнун муҳлати будубошашон ба поён расидааст. Мақомоти расмии Узбекистон ин хабарро шарҳ надодаанд. Читать дальше...
Алексей Гаршин, блогнависи маъруфи узбекистонӣ ва фаъоли сиёсӣ, ки истироҳатгоҳи "Шоввозсой"-и марбут ба президент Шавкат Мирзиёевро ошкор карда буд, гуфт, муваққатан Узбекистонро тарк кардааст.
Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми суханронӣ дар нишасти мубоҳисавии Валдай гуфт, Маскав барои хориҷ шудани номи гуруҳи Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ талош хоҳад кард.
Дар вилояти Хатлон муҳокимаи марде оғоз шудааст, ки ба таҷовуз ва қатли як духтари 9-сола гумонбар аст.
Дар Непал дар натиҷаи обхезиву кӯчиши хок дастикам 101 нафар кушта ва даҳҳо нафар бенишон шудаанд. Ҳамкорам Мирзонабии Холиқзод фоҷеаи табиӣ дар ин кишвари воқеъ дар Осиёи Ҷанубиро хулоса мекунад.
Дар Маскав, ки коронавируси нав босуръат доман паҳн мекунад, раиси шаҳр амр додааст, ки шахсони аз 60-сола боло ва эмнашуда чаҳор моҳ аз хона берун наоянд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи сӯхтор дар бозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бузургтарин бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар роҳи Хуҷанд-Конибодом, оғоз кардааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи сӯхтор дар бозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бузургтарин бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар роҳи Хуҷанд-Конибодом, оғоз кардааст. Сӯхтор шоми 21-уми октябр сар зад ва молу амволи чанде аз соҳибкоронро ба коми худ фурӯ бурд.
Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, саршумори морхӯр, яке аз ҷонварҳои зебои кишвар дар солҳои гузашта афзуда ва дар соли 2020 ба бештар аз 4150 сар расидааст.
43 кишвари дунё аз ҳукумати Чин хостаанд, нозирони ҳуқуқи башаррро ба Вилояти Шинҷон роҳ бидиҳад. Дар ин минтақаи Чин як миллион ақаллияти уйғур ва мусулмонҳои дигарро дар урдугоҳҳои бозтарбия нигаҳ медоранд.
Аз аввали ҳамин ҳафта Непал шоҳиди омадани сел ва кӯчиши зиёди хок шуд ва дар натиҷа 101 нафар ҷон доданд.
Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Зафарободро бо гуноҳи қатли ҳамсояашон ба 23 сол зиндон маҳкум кард. Ҷамшед Ҷумазода мегӯяд, ӯ бегуноҳ аст ва дар ҷараёни тафтиш шиканҷа шудааст.
Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Зафарободро бо гуноҳи қатли ҳамсояашон ба 23 сол зиндон маҳкум кард. Ҷамшед Ҷумазода мегӯяд, ӯ бегуноҳ аст ва дар ҷараёни тафтиш шиканҷа шудааст.