Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои дидору мулоқот бо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва баъзе аз кишварҳои аврупоӣ ба шаҳри Брюссел пойтахти Белгия сафар кардааст. Дар ин бора рӯзи 10-уми октябр хабаргузории давлатии Ховар хабар дод. Ба гуфтаи дипломатҳои тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва Белгия масоили ҳамкориҳои дуҷониба, авзоъ дар минтақа ва бахусус вазъи Афғонистони ҳамсояро баррасӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми октябр ба Париж меравад ва дар онҷо бо Эманнуэл Макрон... Читать дальше...
Дар Тоҷикистон тармиму бозсозии шаҳри Панҷакенти қадима оғоз ёфт, ки бо сармоягузории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён мегирад. Ёдгории машҳури бостонӣ 17 гектар масоҳат дорад ва тарҳи эҳё ва ҳифзи он дар озмуни нигаҳдории ёдгориҳои бостонии Осиёи Марказӣ пирӯз шуд.
Дар Тоҷикистон тармиму бозсозии шаҳри Панҷакенти қадима оғоз ёфт, ки бо сармоягузории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён мегирад. Ёдгории машҳури бостонӣ 17 гектар масоҳат дорад ва тарҳи эҳё ва ҳифзи он дар озмуни нигаҳдории ёдгориҳои бостонии Осиёи Марказӣ пирӯз гардид.
Андрей Бабиш, нахуствазири Чехия шикасташ дар интихоботи порлумониро эътироф кард. Дар ҷараёни интихоботе, ки рӯзҳои 8 ва 9-уми октябр сурат гирифт, ду эътилофи аҳзоби мухолифи ҳукумат раъйи бештари мардумро ба даст оварданд. Андрей Бабиш рӯзи 9-уми октябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, “Ин воқеияти зиндагӣ аст ва мо онро мепазирем”. Тоҷири сарватманди 67-сола рақибаш Петр Фиаларо бо пирӯзӣ табрик гуфт, вале айни замон мухолифонро ба маъракаи “бадномсозӣ”-и худ муттаҳам кард. Бар асоси натиҷаҳои интихобот... Читать дальше...
Тарафҳои даргир дар муноқишаи Либия бо имзои як аҳдномае мувофиқат кардаанд, ки ҷангҷӯён ва зархаридони хориҷиро аз ин кишвари ҷангзада берун мекунанд.
Дар натиҷаи суқути як ҳавопаймои хурд, дар ҷумҳурии Тотористони Русия чанд чатрбоз (парашютист) кушта шудаанд.
Як созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон иҷоза надодаанд, ки Шамил Ҳакимов, як зиндонии ақидатӣ дар маросими дафни ягона фарзандаш ширкат кунад.
Абдулқодир Хон, маъруф бо номи падари бомби атомии Покистон дар синни 85-солагӣ даргузашт.
Муаллиму мактаб ёдатон ҳаст? Омӯзгори аввалатон чӣ? Агар мухолиф набошед, дар бораи омӯзгорон суҳбат кунем, ки ба мо дуруст ҳисоб кардани пул ва муҳимтар аз ҳама хондану навиштанро омӯхтанд.