Як сол пеш, дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон, чеҳраи наве дар фазои сиёсии кишвар пайдо шуд, ки қасди шахси аввали ҷумҳурӣ шуданро дошт.
Лазиз Ҷӯразода, сокини шаҳри Панҷакент, ки баъд аз ёфтани ҷасади овехтаи ҳамсар ва се кӯдакаш дастгир шуда буд, ба зиндон маҳкум гардидааст.
Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, Афғонистон бо шикасти низоми иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ аст, ки метавонад ба аҳолии он ва ба амнияти минтақа зарар расонад.
Як мақоми "Толибон" гуфт, бар асари таркиш дар масҷиди "Идгоҳ"-и Кобул шахсони мулкӣ кушта шудаанд.
Ҳукумати Русия 3-юми октябр гуфт, дар шабонарӯзи гузашта марги 890 касро аз бемории коронавирус сабт карданд.
Натиҷаҳои муқаддамотӣ ё пешакии интихоботи шаҳрдорону аъзои шӯроҳои маҳаллӣ дар Гурҷистон баёнгари пешсафии ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" аст. Ҳамзамон дар бораи тақаллуб дар ҷараёни овоздиҳӣ гузоришҳо мерасанд.
Бо барқарор шудани парвози мунтазами ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия, тарки пеша кардани омӯзгорони макатабҳои миёна дар кишвар авҷ гирифтааст. Масъулони Вазорати маориф доғ шудани ин мушкилро эътироф мекунанд, аммо ошкоро ва муфассал намехоҳанд, дар ин бора бо расонаҳо суҳбат кунанд.
Дар ҳоле ки таниш миёни Киеву Маскав рӯ ба афзоиш ниҳодааст, баъзе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд, як барномаи мустақили омӯзишу машваратдиҳиро барои Украина фаъол кунанд.
Қирғизистон ба далели поин будани сатҳи об дар обанбори Токтогул ба воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон оғоз кардааст.
Раҳбарони Тоҷикистону Покистон вазъияти ҳозира дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, суҳбат 2-юми октябр телефонӣ ва бо дархости Исломобод анҷом шуд.
Яке аз ҳамроҳони Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Афғонистон, ҷузъиёти фирори ӯ, пайвандон ва баъзе аз муҳофизону аъзои ҳукуматашро аз Кобул ошкор карда, аз Тоҷикистон низ ном бурдааст.
Чин Тайвани демократиро як вилояти ҷудошуда аз қаламрави худ медонад, вале ин ҷазира бо 23 миллион аҳолӣ худро давлати мустақил мешуморад.
Дурсултон Таганова, духтари ҷавоне аз Туркманистон, кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, ки чанд сол пеш дар Туркия як муҳоҷири одии корӣ буд, ҳоло ба рамзи муборизаи сиёсӣ бо режими президенти худкома, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, табдил шудааст.