Сокинони деҳаи Дийкан-Киштаки вилояти Ӯши Қирғизистон аз қарори мақомоти давлатӣ дар робита ба тахриби хонаҳояшон норозӣ ҳастанд. Онҳо пиёда мехоҳанд, то шаҳри Бишкек расанд.
Киял Арстанов, яке аз сокинон гуфт, онҳо рӯзи 1 октябр ба роҳ баромада, ҳоло то ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод расидаанд. Вай гуфт, бо меҳнати худ хона сохта, зиндагиашро ба сахтӣ пеш мебарад.
"Садои мо ба мақомоти болоӣ нарасид. Мо мехоҳем, ба президент Содир Ҷабборов ва раиси КДАМ Қамчибек Тошиев муроҷиат кунем. Агар онҳо ҳам хонаҳои моро ғайриқонунӣ донанд, дар он сурат онҳоро тарк мекунем", - гуфт Арстанов.
Ҳамроҳ бо вай 12 каси дигар сӯи Бишкек равона ҳастанд. Ҳамаи онҳо тақозо доранд, ки хонаҳояшон тахриб нашаванд.
Мақомоти вилояти Ӯш мегӯянд, ин сокинон дар заминҳои обӣ хона сохта ва ба ин тартиб хилофи қонун амал кардаанд. Рӯзи 28 сентябр мақомоти додгоҳӣ тахриби хонаҳоро шуруъ карданд.