Раҳматуллои Раҷаб аз “коронавирус” шифо ёфтааст
Шӯҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи 21 май гуфт, ки баъди тахминан як моҳи мубориза бо “коронавирус” падараш шифо ёфта аз беморхонаи зиндон озод шуд. Шӯҳрати Раҳматулло ба Радиои Озодӣ гуфт, аз хоҳараш шунид, ки падарашро дирӯз ҷавоб доданд ва ӯ ба барак ё утоқи зиндон баргашт. Раҳматуллои Раҷаб 61 сол дорад ва ба гуфтаи писараш, мутахассисони тибби Вазорати беҳдошт бар асоси томографияи компютерӣ дар зиндон гуфтанд, ки ӯ пневмонияи дутарафа дорад. Читать дальше...