Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Писари Аҳмадшоҳ Масъуд гуфт, ба коронавирус олуда шудааст

Писари Аҳмадшоҳ Масъуд, пешвои муҷоҳидони зидди нирӯҳои Шӯравӣ ва Толибон гуфт, ки ӯву чанд узви хонаводааш ба коронавирус гирифтор шудаанд. Аҳмад Масъуд дар Твиттери худ рӯзи 19 май навишт, бо ин ки “нишонаҳои вирус чандон ҷиддӣ нестанд”,  ин ба он маъно нест, ки вирус набояд ҷиддӣ гирифта шавад. Ӯ навишт, ки бар асоси натиҷаҳои озмоиши тестии бадастомада давоми ду ҳафта дар карантин мемонад. Масъуди 31-сола аз ҳамватанонаш даъват кард, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вирус дастури табибонро ҷиддан риоя кунанд. 


Масъуд 12 сол дошт, ки падари ӯ “Шери” Панҷшер аз дасти ҷангҷӯёни Ал-Қоида кушта шуд. Масъуди хурдӣ соли гузашта гуфта буд, ки мехоҳад ба ҷабҳаи зиддитолибон ҳамроҳ шавад.


То ҳол бар асари коронавирус дар Афғонистон 193 сокини ин кишвар кушта шуда, шумори олудашудаҳо расман аз 8676 нафар расидааст. Вале омори воқеии гирифторон метавонад аз ин бештар бошад, чунки дар ин кишвари ҷангзада шумори тестҳои анҷомшаванда хеле кам аст. Дар миёни беморон исми вазири беҳдошт Фирӯзиддин Фирӯз ҳам ёд мешавад, ки ба иттилои сухангӯи  вазорат, ҳолаташ мӯътадил аст. 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus