Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Дар Душанбе барои гирифторони COVID-19 бемористони сайёр сохтанд. ВИДЕО

Дар шаҳри Душанбе бемористони сайёр барои муолиҷаи гирифторони COVID-19 ба қабули беморон оғоз кард. Дармонгоҳи муваққатӣ, ки дар 144 "контейнер"-е бунёд шудааст, ки Узбекистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон дода буд. Бемористони сайёр дар варзишгоҳи "Бофанда" ҷойгир шудааст. 


Ба иттилои шаҳрдори Душанбе, ҳайати пизишкони дармонгоҳро Раёсати тандурустии шаҳр муайян карда, онҳо лавозимоти зарурӣ барои муолиҷаи гирифтони COVID 19 таъмин шудаанд.


Кӯмак ба Тоҷикистон бо дастури Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон сурат гирифтааст. Ӯ рӯзи 7-уми май ба ҳукумати ин кишвар супориш дод, ки ба Тоҷикистон "контейнерҳо"-и мобилии тиббӣ ё дармонгоҳи сайёр фиристанд.


Мақомот гуфтанд, рӯзи 20-уми май дар Душанбе ҳамчунин ду беморхонаи дигари муваққатӣ барои муоилаи гирифторони коронавируси нав ташкил шудааст. Беморхонаҳои муваққатӣ дар бинои Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ  ва "Манеж" ҷойгир шудаанд.


Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар 30 дармонгоҳи пойтахт барои қабули 5 ҳазор бемории COVID-19 катҳо омода шудаанд. Шаҳрдори Душанбе ба Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дода буд, ки ба таври иловагӣ чанд беморхонаҳои муваққатӣ барои зиёда аз 3 ҳазор гирифтори COVID-19 омода кунанд.




 


Шумори умумии гирифоршудагон ба коронавируси нав дар Тоҷикистон ҳоло аз ду ҳазор нафар бештар аст. Мақомот мегӯянд, аз замони пайдоиши беморӣ дар кишвар 41 нафар фавтида, 470 нафар аз он шифо ёфтанд. Ҳарчанд бархеҳо ба омори расмии мақомот шубҳа карда мегӯянд, арқоми ҳақиқӣ метавонад аз ин бештар бошад. 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus