Мы в Telegram
Добавить новость

Двухлетний мальчик погиб после падения с высоты в Москве

“Крокус”: 40 дней после теракта – звезды выражают соболезнования, к мемориалу несут цветы и игрушки

Животные Московского зоопарка начали. выходить в уличные вальеры

Умер продюсер рок-группы «Кино» Андрей Тропилло

World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Май
2020

Новости за 15.05.2020

Ozodi.org 

Ҳошим Гадо, пул ва фалсафаи зиндагиву коронавирус

Дидор бо Устод Ҳошим Гадо ҳамеша душвор ва осон аст. Душвор барои он ки Ӯро на ҳар кас фаҳмида метавонад ва Ӯ низ на ҳар касро мефаҳмад. Агар эркагӣ мекунад, онро ҳам на ба ҳар кас. Бо дигарон метавонад каме дағал намояд, гӯё ба ҳич кас бовар надорад...

Ozodi.org 

Ду корманди Радиои Озодӣ дар садама ба ҳалокат расиданд

Ду филмбардори Радиои Озодӣ ҳангоми бозгашт аз наворбардории марбут ба сирояти коронавирус дар Беларус дар бархӯрди мошинҳо ба ҳалокат расида, ҳамкори онҳо шадидан маҷруҳ шуд. Садама шаби 14 май дар роҳ аз шаҳри Ҳомел дар ҷанубу шарқи Беларус ба самти Минск, пойтахти ин кишвар, рух дод. Владзимир Михайловскии 33-сола коргардон ва Максим Гавриленкои 26-сола садобардори гуруҳи филмбардории Бахши беларусии телевизиони "Настояшее время" буданд. Дастаро коргардони машҳури филмҳои мустанад Любов Зямтсова... Читать дальше...

Ozodi.org 

ВКД барои пайдо кардани ҳамлаварон ба хабарнигор парванда боз кардааст

Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст, ки дар робита ба латту кӯби хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Мақомот гуфтанд, қазияи ҳамла ба рӯзноманигор бар асоси моддаи 237 ё авбошӣ таҳқиқ мешавад.  Дар хабари Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзи 15-уми май омадааст, Абдуллоҳ Ғурбатӣ шоми 11-уми май ҳангоми бозгашт ба хона аз сӯи ду фарди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифт. Мақомот бар пояи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳатҳои хабарнигорро “сабуки ҷисмонии ба саломатӣ ҳамбастагӣ надошта” гуфтаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

На камтар аз 45 гӯри нав фақат дар як оромгоҳи Душанбе

Як корбари Радиои Озодӣ видеоеро ба мо фиристод, ки дар он даҳҳо гӯри нав дар оромгоҳи маҳаллаи Навобод (Каленини собиқ) дар Душанбе дида мешавад. Зоҳиран болои ин гӯрҳоро бо селофан пӯшонидаанд. Рӯҳониён гуфтанд, ин корро барои пешгирӣ аз фӯру рафтани гур мекунанд.

Ozodi.org 

Ҳамла ба рӯзноманигори ӯзбек баъди шунидани шикояти зани маъюб

Наворбардори сомонаи хабарии Effect.uz Ғиёсбек Эшов 13 май дар ноҳияи Қуваи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Ба Эшов замоне ҳамла шудааст, ки ӯ ҳамроҳи хабарнигор аз бинои ҳукумати ноҳия берун шуда, ба хонаи зани ҷабрдида мерафтанд. Ҳамлагарон бо пошидани газ ба чашмони наворбардор шишаи мошини ӯро шикаста, дурбинашро дуздидаанд. Дар изҳороти "Effect.uz" омадааст, ки Эшов ва рӯзноманигор Элёр Тоҷибоев бо омӯзиши шикояти як зани маъюб машғул буданд ва бинобар ин, ба ҳукумати ноҳияи Қува рафтанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон занги охир 30 май онлайнӣ сурат мегирад

Муовини вазири маориф ва илми Қирғизистон Нодира Жусупбекова 15 май хабар дод, ки соли хониш дар ин кишвар 30 май ба поён мерасад. Ба гуфтаи ӯ, ба иллати паҳн шудани коронавирус баргузории занги охир дар мактабҳои Қирғизистон имсол манъ шуда, он онлайнӣ сурат мегирад. Ҳамчунин имтиҳонҳои гузариш манъ шуда, хонандагон бар асоси баҳоҳое аз як синф ба синфи дигар мегузаранд, ки давоми сол касб карда буданд. Мақомоти маорифи Қирғизистон мегӯянд, имтиҳони умумиҷумҳуриявӣ барои хатмкунандаҳо аз 21... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Самарқанд як табиб 34 касро ба коронавирус мубтало кардааст

Додситонии вилояти Самарқанди Ӯзбекистон 12 май зидди як табиб парвандаи ҷиноӣ боз ва ӯро дар мубталосозии 34 кас ба коронавирус айбдор кард. Дар изҳороти додситонӣ омадааст, ки дар миёни ин 34 нафар ҳамсар, хешон ва ҳамкорони табиб низ ҳастанд. Табиб Х. Д. аз 20 апрел бо вуҷуди доштани нишонаҳои монанд ба коронавирус, сулфа ва тасфи баланд ба ёрии тиббӣ муроҷиат накарда, бо табобати худ дар манзилаш идома додааст. Ҳоло зидди Х.Д. бар асоси банди "Нақзи қонунгузории санитарӣ ё қоидаҳои мубориза... Читать дальше...

Ozodi.org 

Шумори фавтидаҳо аз COVID-19 дар Қазоқистон ба 34 расид

Мақомоти Қазоқистон рӯзи 15 май хабар доданд, ки аз вируси нави корона дар ин кишвар 2 каси дигар вафот кардааст. Ба иттилои Ситоди фаврии комисияи давлатӣ, ахиран як зани соли таваллудаш 1958 ва як марди соли таваллудаш 1977 фавтидаанд. Ба иттилои ситод, фавти ин ду нафар 13 май сабт шудааст. Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон мегӯяд, ба ин тартиб шумори умумии фавтидагон аз вируси нави куруно дар он кишвар ба 34 расид. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, 14 май 118 ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назорат шаванд

Гулшат Асилбоева, вакили порлумони Қирғизистон тарҳи қонун "Дар бораи дасткории иттилоъ"-ро таҳия кард. Ин тарҳ айни ҳол дар баррасии умум гузошта шудааст. Вакили порлумон гуфт, ки "қонуни амалкунандаи Қирғизистон муносибатҳои ҳуқуқии марбут ба паҳнсозии иттилоъ дар интернетро танзим намекунанд ва ба ҳамин далел зарурати қабули қонуни нав ба миён омадааст". Ба гуфтаи вай, ҳолатҳои манфии марбут ба истифодаи интернет самтҳои бисёре, аз ҷумла иттилои хусусиву сиёсӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллиро фаро мегирад. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Обамагейт": Трамп президенти пешини ИМА-ро айбдор мекунад

Кумитаи ҳуқуқи Сенати ИМА дар фурсатҳои наздик ба пажуҳиши робитаҳои эҳтимолии афроди наздик ба Доналд Трамп бо Русия бармегардад - ин бор Сенат мехоҳад, таҳқиқ кунад, ки оё пажуҳиши робитаҳои эҳтимолӣ бо риояи қонун сурат гирифтааст ё на. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе раиси кумитаи мазкур Линдсӣ Грэми ҷумҳурихоҳ хабар дод. Грэм яке аз ҳампаймонони сиёсии Трамп аст. Ба гуфтаи вай, кумитаи ҳуқуқи Сенат аъмоли вазорати адлия ва чанде аз мансабдорони ҳукумати Барак Обамаро тафтиш хоҳад кард. Сухан... Читать дальше...




Ozodi.org 

Теъдоди гирифторони COVID-19 аз 1100 нафар гузашт. Омори шифоёфтагонро ҳам нашр карданд. ВИДЕО

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки  дар як шабонарӯзи гузашта дар кишвар 211 нафари дигарро бо аломатҳои бемории СОVID-19 сабт кардааст ва теъдоди гирифторон ба коронавируси нав то рӯзи 15-уми май ба 1113 нафар расидааст.

Ozodi.org 

Баъди эътирози табибон дар Чеченистон сардухтури беморхона барканор шуд

Дар Чеченистон дар паи эътирози кормандони тиб сардухтури беморхонаи ноҳиявии шаҳри Гудермес, ки  барои муолиҷаи олудашудаҳо ба коронавирус  мутобиқ карда шудааст, аз кор барканор гардид. Рӯзе аз ин пеш духтурону ҳамшираҳо дар даромадгоҳи беморхона як эътирози худҷӯше ташкил ва талаб карданд, ки онҳоро бо васоили ҳифозатӣ таъмин кунанд. Навори ин видео дар шабакаҳо паҳн шуд. Вебсайти Кавказ.Реалии. инчунин гуфт, ки ходимони тиб аз набуди ғизо дар ҷараёни кор шикоят карданд. Сардухтур ҳама иттиҳомотро рад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Таҳдиди рӯдхонаи Сурхоб ба хонаҳои мардум рустои Кадучӣ

Як сокини рустои Кадучӣ дар ноҳияи Восеъ бо ирсоли ин видео гуфт, ки оби рӯдхонаи Сурхоб аз маҷрояш берун омада ба ин русто таҳдид мекунад. Ба гуфтаи ӯ, агар саривақт соҳилро мустаҳкам накунанд, мумкин аст, хонаҳои мардум вайрон шавад.

Ozodi.org 

Табибони тоҷик бо zoom роҳҳои пешгирӣ аз сирояти вируси навро тавсия медиҳанд

Як созмони ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон гуфт, барои кӯмаку машварат ҷиҳати пешгирӣ аз густариши бемориҳои сироятӣ, бо ширкати табибони тоҷик аз дохил ва хориҷ гуфтӯгуи онлайн баргузор мекунад. Хоҳишмандон метавонанд, аз қабл суолҳои худро ба табибон бифристанд. Созмони ғайриҳукуматии «Пешрафт» рӯзи 15-уми май гуфт, гуфтугӯи онлайн рӯзи 16-уми май бо ширкати табибони бемориҳои сироятӣ, табибони роҳҳои нафас ва дигар мутахассисон аз тариқи вебсайти zoom сурат мегирад, ки василаи роиҷе барои гуфтугӯ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Бештари қурбониёни COVID-19 шаҳрвандони Аврупо ва Амрико будаанд

Аз рӯи гузоришҳои Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, аз замони пайдо шудани коронавируси нав дар Чин, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 302 ҳазор одамон вафот карда, наздик ба 4 миллион нафар ба ин вирус олуда шудаанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки қурбониёни бемории COVID-19  асосан шаҳрвандони Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида мебошанд. Давраи ноором ҳангоме мерасад, ки кишварҳо дар саросари ҷаҳон барои кушодани иқтисодиёти худ мубориза мебаранд ва паҳншавии вируси марговарро намешавад бе доштани ваксин пешгирӣ кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Кишварҳои Балтика дарҳоро ба рӯи ҳамдигар боз карданд

Литва, Латвия ва Эстония  шурӯъ аз 15 май марзҳои бо сабаби пандемия басташудаи байниҳамдигариро боз карданд ва акнун сокинони ин кишварҳо метавонанд  ба қаламрави ҳамдигар сафар кунанд. Як шарт ин аст, ки давоми 14 рӯзи ахир ба кишварҳои берун аз Балтика сафар ва бо олудашудаҳо дар тамос нашуда бошанд. Меҳмонҳо баъди ворид шудан ба кишвар вазифадоранд, ки карантини 14-рӯзаро пуштисар кунанд. Нахуствазири Литва Саулиус Сквернелис гуфт, ки ин иқдом барои имкони зинда кардани кори соҳаи бизнес муҳим аст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Роскомнадзор аз Google хост, мақолаеро масдуд кунад, ки омори мурдаҳоро зери суол бурдааст

Танзимгари кори матбуот дар Русия - Роскомнадзор аз ширкати интернетии Google  хост, ки як  гузориши вебсайти MBKh Media-ро масдуд бикунад, ки дар он омори расмии марги инсонҳо бар асари коронавирус зери суол бурда мешавад. Вебсайти MBKh Media шоми 14 май гуфт, ки гузориши он бар асоси матлаби Financial Times таҳия шуд ва дар он гуфта мешавад, ки омори воқеии фавт бар асари коронавирус дар Русия 70 дарсад бештар аз омори расмӣ буда метавонад. MBKh Media гуфт, ки рӯзи 13 май аз ширкати Google нома гирифт ва дар он гуфта шудааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Сел дар Ваҳдат чанд хонаро шуста бурд. Соҳибонашон бе сарпаноҳ мондаанд. ВИДЕО

Селобҳо ва тундбоди рӯзи гузашта дар Тоҷикистон хисороти моливу ҷонӣ дар пай доштааст. Дар шаҳри Ваҳдат оби рӯдхонаи Кофарниҳон панҷ хонаро вайрон кардаааст. Ҳамакнун дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 сокинони ин хонаҳо намедонанд, шабро дар куҷо рӯз кунанд.

Ozodi.org 

Марги ногаҳонии Каромат Шарипов, муҳоҷирони байни "замину осмон" дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Имрӯз дар бораи фавти ногаҳонии Каромат Шарипов, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик сӯҳбат мекунем, ки бисёре аз онҳоро ғамгин кард. Муроҷиатҳои батакрор барои бозгардонидани муҳоҷирони дармонда дар марз ва жолаи вайронгар дар Панҷакенту Деваштич аз видеоҳоест, ки дар барнома мебинед.

Ozodi.org 

Намояндаи СҶТ шубҳаи омори коронавирус дар Русияро беҳуда хонд

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Русия гуфт, ки дар заминаи дурустии омори коронавирус дар ин кишвар бояд шубҳа набошад, дар ҳоле, ки омори нав аз он далолат мекунад, ки эҳтимолан мақомот шумори маргумири инсонҳо бар асари коронавирусро камтар нишон медиҳанд. Изҳороти Мелита Вуйнович дар мусоҳиба бо ТВ «Настоящее время» ва “Садои Амрико” садо дод ва ин дар ҳоле буд, ки дар Русия чандин нашрияву матбуот омори маргумир бар асари вируси навро дар Маскав дар таносуб бо дигар шаҳру манотиқи аврупоӣ зери суол бурданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Муассиси озмоишгоҳи Касперский: дар давраи пандемия ҷиноятҳои интернетӣ афзоиш ёфтааст

Соҳибкори бонуфузи риштаи амнияти интернетӣ ва раҳбари кулли озмоишгоҳи Касперский дар Маскав гуфт, ки дар замони пандемияи сартосарӣ дар ҷаҳон  ҷиноятҳои интернетӣ афзоиш ёфта аксари кулли ҷинояткорҳои интернетӣ русзабон ҳастанд. Евгений Касперский рӯзи 14 май дар сӯҳбат бо ТАСС гуфт, карантин “ҷинояткорҳои интернетиро маҷбур кард, ки бо девонагии бештар дар паи шикори тӯъмаи худ шаванд”. Касперский гуфт, ки ҳамарӯза чанд миллион файлро бо гумони ин ки дар паи тахрибкориҳои интернетӣ ҳастанд, ошкор мекунанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Бист табиби "Истиқлол" бемор шудаанд. Сабаб муҳофизати нокофӣ ҳангоми кор

Бист табиби бемористони «Истиқлол» дар Душанбе, ки гирифторони COVID-19-ро муолиҷа мекарданд, бемори бистарӣ шудаанд. Сабаби гирифтории онҳо зоҳиран, норасоии васоили муҳофизатӣ аст, ки табибону парасторон аз норасоии онҳо шикоят доранд ва мегӯянд, ҷонашон дар хатар аст.

Ozodi.org 

Дар посух ба саркӯби уйғурҳо сенати ИМА тарҳи қонуни таҳримҳо алайҳи Чинро қабул кард

Дар пасманзари бадтар шудани робитаҳои Вашингтону Пекин дар ин охирҳо, Сенати ИМА тарҳи қонунеро қабул кард, ки аз президенти ИМА Доналд Трамп тақозо мекунад, нисбати Чин барои саркӯби уйғурҳои мусалмон таҳрим ҷорӣ кунад. Тарҳи қонуне, ки онро намояндаҳои ҳарду ҳизби сиёсӣ ҷонибдорӣ карданд, дар посух ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Чин таҳрими бархе мақомҳои  баландпояи давлатӣ ва  ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои содироти молу маҳсулоти чинӣ пешбинӣ мекунад. Қадами баъдӣ маҷлиси намояндагони Конгресс аст... Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Победителей “Диктанта Победы” пригласят на Парад в Москве

Двухлетний мальчик погиб после падения с высоты в Москве

В РФ начали падать цены на аренду жилья

Киров - на 30-м месте рейтинга российских регионов по доходности вложений в недвижимость

Музыкальные новости

Овчинников: «Зенит» психологически не готов драться за титул РПЛ

Денис Майданов вышел на связь после сообщений о госпитализации в Москве

Михаил Булгаков спустя почти 100 лет сумел сказать правду о посольстве США. Благодаря ошибке посла Линн Трейси

Уголовное дело против известного российского политолога Михаила Александрова является фальсификацией бакинского режима

Новости России

Двухлетний ребенок выпал с 7 этажа на улице Корнейчука

Лучшая трудовая династия Подмосковья проработала в энергетике почти 300 лет

Подмосковные борцы выиграли бронзу на Первенстве России

Двухлетний мальчик погиб после падения с высоты в Москве

Экология в России и мире

Уголовное дело против известного российского политолога Михаила Александрова является фальсификацией бакинского режима

Природа России 81

Героическое участие армян в СВО. Часть третья

6 городов России, где можно увидеть белые ночи кроме Санкт-Петербурга

Спорт в России и мире

Россиянка Андреева стала рекордсменкой на турнирах WTA-1000

Потапова и Павлюченкова вышли в полуфинал турнира WTA в Мадриде в парном разряде

Названы победительницы матчей Рыбакиной и Путинцевой за четвертьфинал турнира в Мадриде

Медведев сыграет с Бубликом в Мадриде 

Moscow.media

Музеи Твери. Лисичкины сказки

Google вложит 2 миллиарда долларов в дата-центр в Индиане

Ученые обнаружили ранний признак рассеянного склероза

Заря на Колодозере....











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Московский суд арестовал водителя Mercedes по делу о ДТП с двумя жертвами

Животные Московского зоопарка начали. выходить в уличные вальеры

Двухлетний мальчик погиб после падения с высоты в Москве

Умер продюсер рок-группы «Кино» Андрей Тропилло