Дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаи иттилоотии HOLA News дубора ба роҳ монда шуд. Кормандони сомонаи мазкур ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки дастрасӣ ба HOLA News маҳдуд шудааст. "Бо гузашти 10 рӯз сомонаи HOLA News дубора дастрас шуд. Масъулияти ташкили маҳдудият нисбат ба сомонаи HOLA News-ро касе ба зимма нагирифт. Ташаккур ба ҳама. Сомона дубора дастрас шуд", - омадааст дар хабари идораи сомона. Идораи сомона хабар дода буд, ки ширкатҳои бузурги таъминкунандаи интернет, амсоли "Қазоқтелеком"... Читать дальше...
Ширкати канадагии Centerra Gold Inc. омода аст, кони тиллои Қумторро дар ихтиёри Қирғизистон гузорад, аммо аз Бишкек хостааст, ки аз саҳмаш дар ширкат даст кашад. Дар ин бора Оқилбек Ҷабборов, раиси нави девони вазирони Қирғизистон рӯзи 12-уми октябр хабар дод. Рӯзҳои 28 то 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Женеваи Швейтсария даври аввали гуфтугӯҳои байни ҳайати Қирғизистон ва ширкати Сентерра дар робита ба кони тилои Қумтор баргузор шуд. Ҷониби Қирғизистон ҷузъиёти ин гуфтугӯҳоро ошкор накард. Читать дальше...
Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ҳазорон сокин ба ҷонибдорӣ аз президенти пешини ин кишвар Михаил Саакашвилӣ ба кӯча баромаданд. Дар ибтидои моҳи октябр Саакашвилиро дар Тифлис боздошт ва ҳабс карданд. Ба иттилои расонаҳо, дар ин гирдиҳамоӣ наздики 50 ҳазор кас ширкат кард. Бархе аз сокинон дар даст шиорҳои "Озодӣ ба Миша!", "Нест бод таъқиби сиёсӣ" доштанд. Ника Мелия, ҳамсафи Саакашвилӣ паёми ӯро қироат кард. Саакашвилӣ дар паёмаш мухолифонро ба иттиҳод даъват карда, хостааст, рӯзи 30-уми октябр... Читать дальше...
Сокини Қашқадарёи Узбекистон ҳангоми талоши фурӯши кӯдаки 5-рӯзааш дар ивази 5 ҳазор доллар боздошт шуд. Пештар аз ин як сокини Андиҷон ҳангоми фурӯши фарзандаш дар ивази 18 ҳазор доллар боздошт шуда буд. Мақомоти қудратии Узбекистон занонро ҳангоми гирифтани маблағ боздошт кардаанд. Тафтиш нисбати ин ду ҳодиса шуруъ шудааст.