Вазорати варзиши Русия нишон ва тилисми аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Қазонро тасдиқ кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии ин вазорат хабар додааст. Кумитаи тадорукоти Бозиҳо мурғи фурӯзонро ҳамчун рамз ва палангро ҳамчун тилисм ё тумор интихоб намуд. Муаллифи тарҳрезии логотип Албина Сафиуллина аз Тотористон мебошад. Тилисмро Иброҳим Дурдиев аз Маскав кашидааст. Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ аз 20-ум то 27-уми августи соли 2020 дар Қазон – пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия доир мегардад.
Бонки марказӣ ва вазорати молияи Узбекистон эътироф карданд, ки низоми дастрас кардани нафақа ва кӯмакпулиҳо тавассути Бонки халқӣ номуассир аст. Бонки халқӣ аз моҳи июли соли 2017 ба ин тараф масъули тақсими нафақаву кӯмакпулиҳо дар Узбекистон аст. Ҳамакнун ба ин қишри ҷомеа имкон дода мешавад, ки барои дастрас кардани нафақа бонкро мустақилона интихоб кунанд. Дар ин бора Аброрхоҷа Турдиалиев, як масъули назорати муассисаҳои қарзии Узбекистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай, Бонки халқӣ ҳудуди... Читать дальше...
Ҳукумати Эрон ба Тоҷикистон барои муқобила бо коронавируси нав кумаки башардӯстона фиристод. Ин ёрӣ, ки аз маҳлули беҳдоштӣ ва васоили дигари тиббӣ иборат аст, шоми 12-уми май бо ҳавопаймои ширкати эронии "Вориш Эйр" ба Душанбе расид. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймо дубора ба шаҳри Машҳади Эрон баргашт. Ба қавли ӯ, дар ҳавопаймои ширкати "Вориш Эйр" теъдоде аз шаҳрвандони Эрон, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва барои таҷлили Наврӯз ба ватани худ рафта буданд... Читать дальше...
Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, ки омилони латту кӯби хабарнигор Абдулло Ғурбатиро пайдо ва муҷозот кунанд. Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори 23-солаи Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс" шоми 11-уми май аз сӯи афроди номаълумот дар роҳ ба манзили зисташ латту кӯб шуд. Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ва намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот рӯзи 12-уми май дар изҳоротҳои ҷудогона хостори пайдо ва муҷозот кардани нафароне шуданд... Читать дальше...
Таъхир ва эътирофи маҷбуриву ногузири расмии вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистонро бисёр сокинон ва ҳам соҳибназарон хатои ҷиддии ҳукумат дар бархӯрд ба бӯҳрони беҳдоштӣ меноманд, ки мушкилоти дигари марбут ба ин вазъро заминагузор шуд.