Узбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз роҳ ёфтани вируси корона ба Тоҷикистон кумаки башарӣ ирсол кард. Дар ин бора расонаҳои Узбекистон хабар доданд. Ирсоли кумак бо дастури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев сурат гирифтааст. Қатораи ҳомили кумаки башарӣ рӯзи 9-уми апрел ба Душанбе расид. "Кумаки башарӣ аз камзул ва айнакҳои муҳофизатӣ, маҳлули кимиёии зидди уфунатӣ, дастпӯш ва ҳароратсанҷҳо, инчунин орд иборат аст", - омадааст дар хабари расонаҳо. Узбекистон ба Чину Эрон, Афғонистону Қирғизистон ҳам кумаки башарӣ ирсол кардааст. Читать дальше...
Рӯзи 9-уми апрел дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, қуръакашии мусобиқаи лигаи аввали кишвар баргузор шуд. Дар мусобиқаи имсола 12 даста ширкат меварзад, ки ин нисбат ба соли гузашта ду адад камтар аст. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввал як даста аз шаҳри Душанбе – «Шоҳмансур», шаш даста аз вилояти Хатлон – «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳулбук», (Восеъ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Моҳир» (Ёвон)... Читать дальше...
Муҳоҷирони кории тоҷик мегӯянд, пули қарзи бонкҳоро дода наметавонанд ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки муваққатан пардохти пули қарзи бонкии онҳоро боздоранд. Пас аз хуруҷи короновирус ва ҷорӣ шудани реҷаи каратин дар Русия, қисме аз муҳоҷирон бе кор монданд ва даромадашонро аз даст додааанд. Акбарҷон Воҳидов, муҳоҷири кории тоҷик, мегӯяд манбаи даромадашро дар Русия аз даст дод ва акнун наметавонад қарзи бонкро бозгардонад. Муҳоҷири тоҷик рӯзи 9-уми апрел дар як суҳбат бо радиои озодӣ гуфт... Читать дальше...
Эътилофи созмонҳои ҷаҳонии мубориза бо фақр ё Oxfam аз роҳбарони ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори вируси корона чораҷӯӣ кунанд. Oxfam ҳамзамон огоҳ кард, ки густариши вируси корона мумкин аст, ниммиллиард инсони дигарро фақир кунад. Дар муроҷиати рӯзи панҷшанбеи созмони мазкур омадааст, "кишварҳои сарватманд" барои пуштибонӣ аз иқтисоди худ дар давраи буҳрон омодаанд, триллионҳо долларро харҷ кунанд. "Ҳамин корро бояд барои кумак ба кишварҳои фақир анҷом дод",-зикр шудааст дар изҳороти Oxfam. Читать дальше...
Сар аз 9-уми апрел дар Узбекистон марказҳои хадамоти давлатӣ додани гузарномаҳои вижаро барои ҳаракати нақлиёт қатъ карданд. "Комисияи махсуси ҷумҳуриявии пешгирӣ аз густариши вируси корона рӯзи 8-уми апрел чунин дастур дод",-хабар медиҳад вазорати адлияи Узбекистон. Танҳо нақлиёте метавонанд, ҳаракат кунанд, ки то ин замон гузарнома дарёфт карда буданд. Дархости дарёфти гузарномаҳои нав баррасӣ намешавад. То субҳи 9-уми апрел шумори гирифторони вируси корона дар Узбекистон ба 555 расид. Дар... Читать дальше...
Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон, ки ба коронавирус мубтало шудааст, аз шуъбаи эҳёгарӣ ба утоқи муқаррарии бемористони шаҳри Лондон интиқол дода шуд. Ба огаҳии котиботи сарвазири Бритониё, вазъи саломатии Ҷонсон рӯ ба беҳбудӣ оварда, феълан зери назорати доимии табибон аст. Сарвазири Бритониё 27-уми март эълом кард, ки ба коронавирус мубтало шудааст. Ӯ рӯзи 6-уми апрел дар беморхона бистарӣ шуда, як рӯз баъд ба шуъбаи эҳёгарӣ интиқол ёфт. Ҷонсон расман аз вазири умури хориҷии Бритониё Доминик Рааб дархост кард... Читать дальше...