Пас аз фавтидани як марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов ва бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, ин бемористон таҳти карантини пурра қарор гирифт.
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозӣ барои Ҷоми олӣ дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва бори нӯҳум барандаи Суперҷом ё Абарҷом шуд. Бозӣ шоми 4-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардид.
Мақомоти Туркманистон тазоҳуроти гурӯҳе аз занонро, ки аз норасоии маводи ғизоӣ эътироз доштанд, бо тақсими орд ба онҳо фӯру нишондаанд. Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, рӯзи 3-уми апрел 30 зан дар шаҳри Марв ба нишони эътироз аз набуди орд ва рӯған ба кӯча баромада ва муддати кӯтоҳе шоҳроҳи аслӣ ба самти Ишқобод, пойтахти Туркманистонро бастаанд. Сипас онҳо ба назди қароргоҳи ҳукумати шаҳр омадаанд ва баъди онки дастур шудааст, ба онҳо ду килоӣ орд тақсим кунанд, ба хонаҳояшон баргаштаанд. Читать дальше...
Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, афроди мусаллаҳ як узви Горди раёсати ҷумҳуриро дар канори шаҳри Кобул куштаанд. Тариқ Ориён, сухангӯи вазорат рӯзи 4-уми апрел гуфт, як узви дигари гурӯҳи посбонони президент дар ин ҳамла дар ноҳияи Пағмон ҷароҳат бардоштааст. Маълум нест, ки ӯро ҳангоми иҷрои вазифаашон куштаанд ва ё берун аз кор. Ҳеҷ касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, ҳарчанд ҳамлаҳои шабеҳ дар гузаштаро кори дасти Толибон номидаанд. Аъзои Горди президентӣ дар Афғонистон... Читать дальше...
Мақомоти Украина мегӯянд, сӯхтор дар наздикии нерӯгоҳи атомии вайроншудаи Чернобилро комилан хомӯш кардаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 5-уми апрел бо нашри як баёния гуфт, меъёри радиатсия ва ё шуоҳои зиёновар мӯътадил аст ва боло нарафтааст. Рӯзи 4-уми апрел баъди оташ гирифтани 20 гектар замин дар минтақаи беодам ва атрофи нерӯгоҳ мақомоти Украина ба онҷо 21 мошин, 150 оташнишон ва се ҳавопайморо сафарбар карданд. Нерӯгоҳи атомии Чернобил соли 1986 таркид ва ҳавои кишварҳои зиёдеро дар... Читать дальше...
Калонтарин маблағро Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар рақобат бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба даст овардааст
раиси ҷумҳур Доналд Трамп гуфт, мумкин аст, беморӣ сабаби маргу мири зиёд шавад.
Ҳабибулло Нозирӣ, яке аз шоирони шинохтаи тоҷик субҳи 5-уми апрел дар синни 63-солагӣ даргузашт.
UFC то ҳол макони баргузории Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Тонӣ Фергюсонро, ки бояд 18 апрел баргузор шавад, эълом накардааст
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки пахши барномаҳои телевизионӣ, ки ба инкишофи рӯҳиву равонии кӯдакон таъсир мерасонад, маҳдуд карда шавад.
Сокини деҳаи Елатма дар вилояти Рязани Русия ба ҳамсоягонаш тирандозӣ кард. Дар натиҷа 5 нафар кушта шуданд. Гумонбари ҳодиса боздошт шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагии минтақаии Кумитаи тафтишотӣ. Бино бар маълумоти муфаттишон рӯзи 4 апрел, наздикиҳои соати 22 ин мард аз айвони бинои истиқоматияш ба гуруҳи ҷавонон, ки дар куча буданд, эрод гирифт, ки баланд гап назананд. Дар байни ду тараф мунозира бархост ва мард силоҳи шикории худро гирифта, берун баромад ва тир кушод. Чаҳор мард ва як зан кушта шуданд. Читать дальше...