Мы в Telegram
Добавить новость

В апреле было теплее нормы почти на 4 градуса

Главы МИД России и Таджикистана обсудили ситуацию с мигрантами. В Москве и Душанбе опубликовали разные трактовки разговора дипломатов

Строители начали ремонт кровли здания детского сада в Рузе

Члена партии "Шанс" Шапу удерживают в аэропорту Кишинева после визита в РФ

World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Апрель
2020

Новости за 20.04.2020

Ozodi.org 

Тоҷир ва "гумонбар ба терроризм". Дар пайи боздошти 5 тоҷикистонӣ дар Олмон

Пайвандони Суннатулло К., як ҷавони тоҷик, ки ҳамроҳ бо чаҳор нафари дигар дар Олмон бо гумони тарҳрезии амали террористӣ боздошт шудааст, мегӯянд, ӯ ҳаргиз зери шубҳаи мақомоти Тоҷикистон ё пайгарди ҷиноӣ қарор надошт.

Ozodi.org 

Мурофиаи журналисти рус Прокопйева мавқуф гузошта шуд

Дар Псков рӯзи 20 апрел Додгоҳи дуюми ҳавзавии ҳарбӣ дар ҷаласаи сайёраш қарор кард, ки баррасии парвандаи ҷиноии зидди журналист Светлана Прокопйева, ки дар сафедкунии терроризм айбдор мешавад, боздошта хоҳад шуд. Дар ин бора хабарнигори Север.Реалии. гузориш дод. Ба иттилои ин манбаъ, муҳокимаи парвандаи Прокопйева худи имрӯз шурӯъ ва боздошта шуд. Вакили дифоъ Виталий Черкасов гуфт, ки муҳокима “то замони ба эътидол омадани вазъи санитарию эпидемиологӣ дар кишвар”, ки бо сабабаи пандемияи коронавррус ҷорӣ шудааст, мавқуф гузошта шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Мақомот фавти ногаҳонӣ ва дафни ғайриодии додситони ҷавонро шарҳ доданд

Ба думболи фавт ва дафни шубҳабарангези яке аз додситонҳои ҷавони тоҷик вазорати тандурустӣ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, илтиҳоби шуш сабаби марги Ҷалолиддин Абдуҷабборзода шудааст, на коронавируси нав.

Ozodi.org 

Ба мори тоза кашфшуда исми қаҳрамони китоби “Ҳарри Потер” гузошта шуд

Донишмандоне, ки навъи нави морро кашф карданд, ба он исми як қаҳрамони китоби  Ҷоан Роулинг, нависандаи англис ва муаллифи афсонаҳо дар бораи Ҳарри Потерро гузоштанд. Навъи мори тоза кашфшуда ба ифтихори Салазар Слизерин, муассиси Мактаби ҷоду – қаҳрамони китоб - Trimeresurus salazar гузошта шуда, дар ин бора дар шумораи моҳи апрелии маҷаллаи Zoosystematics and Evolution хабаре нашр шудааст.  Мори тоза кашфшуда аз оилаи  морҳои афъӣ мебошад ва дар аёлати шимолушарқии Аруначал-Прадеши Ҳинд ошкор шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Қиссаи русҳои бандмонда дар Тоҷикистон

Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо ду шаҳрванди Русия ҳамсуҳбат шуданд, ки дар Душанбе банд мондаанду касе аз масъулони сафорати Русия ба онҳо ёрӣ намерасонад.

Ozodi.org 

Дар Туркманистон дар пасманзари коронавирус мавсими футбол шурӯъ шуд 

Бо ин ки тамоми ҷаҳон бо пандемияи коронавирус дастбагиребон аст, дар як варзишгоҳи Ишқободи Туркманистон чандсад тамошобин барои тамошои рақобати футболи миллӣ таҷаммӯъ карданд. Баъди як моҳи боздошта шудани рақобатҳо, рӯзи 19 апрел рақобатҳои ҳашт дастаи миллӣ аз бозии тимҳои Олтин Асир ва Капетдоғ шурӯъ шуд. Вазорати варзиш гуфт, ки ин тасмимро ҳаводорони футбол ва худи бозигарон хуш пазируфтанд.  Туркманистон расман вуҷуди ҳеҷ як ҳодисаи мубталошавии сокинон ба коронавирусро эътироф намекунад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Покистон муҳоҷирони кориашро аз Имороти Муттаҳидаи Араб бозпас меорад

Покистон гуфт, ки ҳазорҳо шаҳрвандашро дар пасманзари пандемияи коронавирус аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба ватан бармегардонад. Иморот гуфт, агар чунин нашавад, қарордоди кор бо Покистонро бозбинӣ мекунад. Сухангӯи вазорати хориҷии Покистон Оиша Фаруқӣ рӯзи 19 апрел гуфт, ки бахши сеюми бозпасгардонии шаҳрвандони ин кишвар аз Иморот аз 20 то 28 апрел идома мекунад. Қарор аст дар ин муддат  аз Покистон ба Иморот 14 парвоз анҷом шавад. Барои бозгашт ба ватан беш аз 40 ҳазор шаҳрванди Покистон дар назди консулгариҳои кишвар номнавис шудаанд. Читать дальше...




Ozodi.org 

Тамдиди карантин ва ҷоришавии бархе навгониҳо дар Узбекистон

Дар Узбекистон бархе маҳдудиятҳои марбут ба карантин се ҳафтаи дигар тамдид шуд. Дар изҳороти вазорати адлияи Узбекистон гуфта шудааст, ки қарор буд маҳдудиятҳо рӯзи 20 апрел ба охир расад, вале акнун то 10 май тамдид мешавад. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки фурӯши бархе маводи ғайриғизоӣ тавассути фурӯшгоҳҳои сайёр иҷоза дода мешавад. Аз 24 март дар Узбекистон ба истиснои ғизофурӯшиҳо тамоми дигар нуқтаҳои тиҷоратӣ баста шудаанд.  Инчунин ба пиронсолон нафақа ба кортҳои бонкиашон бидуни пардохти андоз  фиристода мешавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Узбекистон сокинонро бо картошка ва орди арзон таъмин мекунанд

Додситонии Узбекистон вазифадор шуд, ки аҳолиро бо картошка ва орди арзон таъмин кунад. Дар ин бора рӯзи 19-уми апрел Фарҳод Очилов, як масъули Додситонии кулли Узбекистон хабар дод. "Мо дастур гирифтем, ки аз ҳисоби захираи давлатӣ сокинонро бо орди арзон таъмин кунем",-гуфт Фарҳод Очилов. Ба гуфтаи вай, "бо назардошти ҷаҳиши якбораи қимати картошка", ин навъи сабзавотро аз кишварҳои хориҷ харидорӣ ва дар бозор зери назорати мақомоти додситонӣ ба фурӯш мебароранд. Пештар аз ин сокинони Узбекистон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Мӯҳлати карантини табибони тоҷикро дароз карданд

Раёсати тандурустии вилояти Суғд муҳлати карантини 11 табибу парастореро, ки як сокини фавтидаи вилоятро нигоҳубин мекарданд, барои 7 рӯзи дигар дароз кард.  Ҳабибулло Шодиеви 60-сола рӯзи 31-уми март дар бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов, бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш фавтид. Алишер Абдукаримов муовини сартабиби бемористони Ҷаббор Расулов, ки худаш дар карантин аст, 18-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “азбаски дар шуъбаи эҳёгарӣ бо бемор Шодиев наздикӣ доштем, муҳлати карантин боз тамдид карда шуд”. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дархости баробарии муҳоҷирон бо шаҳрвандони Русия

Оҷонси ташаббусҳои стратегӣ ба сарвазири Русия Михаил Мишустин пешниҳод кард, ки муҳоҷирони меҳнатиро муваққатан бо шаҳрвандони Русия баробарҳуқуқ эътироф кунанд ва ба онҳо низ кӯмакпулии бекорӣ диҳанд. Светлана Чупшева, сардори Оҷонси ташаббусҳои стратегӣ (ОТС) навиштааст, Португалия дар давраи коронавирус ва оқибатҳои иқтисодии он 580 ҳазор муҳоҷирро бо шаҳрвандонаш баробар дониста, ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳоро таъмин намудааст. Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 18-уми апрел ба муҳоҷирон иҷозат дод... Читать дальше...

Ozodi.org 

Эрон Амрикоро дар пахши иттилои “дурӯғин” айбдор кард

Баъди  он ки Вашингтон дарёнавардони эрониро дар озори киштиҳои амрикоӣ айбдор кард, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ИМА-ро дар пахши хабари дурӯғини марбут ба вазъ дар Халиҷи Форс гунаҳгор намуд. Рӯзи 19 апрел дар изҳороти интернетии Сипоҳи посдорон гуфта шуд: “Мо ба амрикоиҳо машварат медиҳем, ки муқаррароти байналмилалӣ ва протоколҳои баҳриро дар Халиҷи Форс ва баҳри Уммон риоя карда ҳама гуна  моҷароҷӯӣ ва гузоришҳои дурӯғинро нашр накунанд”. Сипоҳи посдорон ҳушдор дод, ки “ҳама гуна муҳосибаи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Аврупо маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро сабуктар мекунад

Дар паи чандин ҳафтаи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, ки то ҳол дар қораи Аврупо наздики 100 ҳазор нафарро куштааст, бархе давлатҳои аврупоӣ зери фишори мушкилоти эҷодшудаи иқтисодӣ талош доранд  маҳдудиятҳро сабуктар бикунанд.  Дар Олмон ҳамоно таҳти назорати шадид бархе фурӯшгоҳҳои хурд ва миёнаҳаҷм рӯзи 20 апрел дарҳои худро боз мекунанд. Ворид шудан ба фурӯшгоҳҳо танҳо бо риояи фосила иҷоза ҳаст. Дар кишварҳои хурдтари дигари аврупоии Швейсария, Дания ва Финляндия фурӯшгоҳу мактабҳо боз шуда Белгия... Читать дальше...

Ozodi.org 

Модари ҷавони тоҷик ҳангоми "облава" осеб дид

Гулдаста Зулфиқорова, сокини деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ мегӯяд, маъмурони интизомӣ ғайриқонунӣ писарашро ба артиш бурданд ва худи ӯ низ дар натиҷаи ҷанҷолу кашмакаш осеб дидааст. Ҷузъиёти моҷаро дар ин видеост.

Ozodi.org 

Гуруҳе аз табибони чинӣ вориди Қирғизистон шуданд

Рӯзи 20-уми апрел гуруҳе аз табибони чинӣ вориди Қирғизистон шуданд. Аз хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар доданд, ки табибони чинӣ дар мубориза зидди коронавирус кумак мерасонанд ва таҷрибаи худро ба мутахассисони қирғиз меомӯзонанд. Ахиран аз Лаҳистон ҳам гуруҳе аз табибон ба Қирғизистон омада буданд. Ба иттилои вазорати тандурустии Қирғизистон, табибони лаҳистонӣ дар бемористони касалиҳои гузарандаи шаҳри Бишкек то 27- апрел фаъолият хоҳанд кард. Баъдан онҳо ба вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод хоҳанд рафт. Читать дальше...

Ozodi.org 

Филмсозони узбек раҳбарияти "Узбеккино"-ро ба худкомагӣ айбдор мекунанд

Филмсозони машҳури Узбекистон 14-уми апрел бо навиштани як нома ба унвони сарвазир Абдулло Орипов сардори Оҷонси миллии "Узбеккино" Фирдавс Абдухолиқовро ба худкомагӣ, сензура ва бесалоҳиятӣ айбдор кардаанд. Ба иддаои филмсозон, Фирдавс Абдухолиқов бо корҳое машғул аст, ки ба рушди филм аслан рабте надоранд ва кормандони дорои таҷрибаи чандинсоларо аз мақом барканор ва ба ҷои онҳо афроди наздик ба худро таъйин мекунад. Зери нома 109 кас, аз ҷумла муовини аввали "Узбеккино" Шуҳрат Ризоев, раиси... Читать дальше...

Ozodi.org 

Пеналтии баҳсбарангез нагузошт "Хатлон" бар "Истиқлол" пирӯз шавад

Бозии марказии даври сеюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон  миёни пешсафони мусобиқа - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар, ки шоми якшанбе, 19-уми апрел, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ  баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Бозии асосии даври сеюм хеле шавқовару ҷолиб сурат гирифт. Ҳисобро дар ин дидор ҳамлагари «Хатлон» Парвиз Боқиохунов дар дақиқаи 9-ум боз кард. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 32-юм тӯби аз кунҷи майдон задашударо аз назди дарвоза бо зарбаи сар ба ҳадаф расонда, ҳисобро баробар намуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Кушта шудани 16 нафар дар ҳамлаи мусаллаҳона дар Канада

Дар ҷараёни тирандозиҳои як марди мусаллаҳ дар вилояти Nova Scotia ё Шотландияи Нави Канада, ҳадди ақал 16 нафар кушта шуданд. Ин хунинтарин ҳамлаи мусаллаҳона аз соли 1989 ба ин тараф дар Канада аст. Дар ин ҳамла як корманди пулис низ кушта шудааст. Пулис мегӯяд, ки фарди ҳамлавар либоси пулис ба тан дошт ва ҳатто мошини худро низ ба шакли мошини пулис ранг карда буд. Як мақоми баландпояи пулиси Канада рӯзи 19-уми апрел ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтааст, ки Габриел Вортмани 51-сола дар нуқтаҳои... Читать дальше...

Ozodi.org 

Шумораи мубталоёни коронавирус дар Қазоқистон ба 1711 расид

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Қазоқистон, дар ин кишвар то ҳол 1711 кас ба коронавирус мубтало шуда, 400 бемор шифо ёфтаанд. 19 кас аз ин беморӣ фавтидааст. Ба ҳисоби Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинси Амрико, шумораи мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 2,5 млн расида, 161 ҳазор нафар ҷон додааст. Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ду сокини соли таваллудашон 1958 ва 1931 аз коронавирус фавтидаанд. Ба иттилои расмӣ, 19 апрел дар Қазоқистон 35 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон барои қабули дархости табибон сомонаи махсус боз шуд

Ба огаҳии Ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ, табибон тавассути ин сомона метавонанд, барои таъмини муассисаи худ бо маводи зарурии муҳофизати инфиродӣ, дору ва таҷҳизот дархост фиристода, ҳамчунин дар бораи мушкилиҳои мавҷуда дар кори худ иттилоъ диҳанд. Ин дархостро тавассути сомонаи "med.tunduk.kg" мешавад, ирсол кард. Гуфта мешавад, ҳар як дархост дар алоҳидагӣ баррасӣ шуда, муҳлат ва тартиби иҷрои онҳоро ситод муайян мекунад. Дар бораи таъсиси чунин сомона муовини аввали сарвазири Қирғизистон Қубодбек... Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Ульяновские росгвардейцы и кадеты «Гвардейской смены» написали «Диктант Победы»

Финансист Некрасов: использование криптобирж для хранения средств несет риски

Артиста Дениса Майданова госпитализировали из театра в Москве

В Москве шестилетний ребенок спас впавшую в кому мать

Музыкальные новости

Электрокроссовер Voyah Free получил новую версию для России. Ее представили в Москве

Apple возобновляет переговоры с OpenAI о внедрении функций ИИ в iPhone

Особенности выбора автозапчастей по VIN

Театра кукол «Ульгэр» в Улан-Удэ проводит етс фотосессию детям

Новости России

Ульяновские росгвардейцы и кадеты «Гвардейской смены» написали «Диктант Победы»

В апреле было теплее нормы почти на 4 градуса

Облачная погода и до +19°C ожидаются в Москве 1 мая

Xinhua Silk Road: Shaanxi Blower Group на Hannover Messe 2024 представила свои новейшие технологии

Экология в России и мире

Уголовное дело против известного российского политолога Михаила Александрова является фальсификацией бакинского режима

6 городов России, где можно увидеть белые ночи кроме Санкт-Петербурга

ЗЕЛЕНЬ для здоровья мужчин и женщин: советы аюрведы

Продвижение Музыки. Раскрутка Музыки. Продвижение Песни. Раскрутка Песни.

Спорт в России и мире

Россиянка Полина Михайлова стала чемпионкой Франции по настольному теннису

Медведев обыграл Бублика и вышел в четвертьфинал "Мастерса" в Мадриде

Соболенко вышла в ⅛ финала турнира WTA в Мадриде

Теннисист Надаль навестил в больнице 16-летнюю российскую теннисистку Корнееву

Moscow.media

Коршун

Автомобили HAVAL — с комфортом по бездорожью

Заря на Колодозере....

РОССИЯН ПРЕДУПРЕДИЛИ О РИСКАХ ВОЗВРАЩЕНИЯ РАЗБОРОК НА ДОРОГАХ











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Казань вошла в топ популярных железнодорожных направлений на 1 Мая

Schumann: Piano Concerto — Adam Laloum, Maxim Emelyanychev

Члена партии "Шанс" Шапу удерживают в аэропорту Кишинева после визита в РФ

Авиалайнер из Москвы 1 мая прилетает в аэропорт Владивосток на 20 минут раньше