Бо баста шудани марзу роҳҳо ва афзоиши талабот ба маводи зиддивирусӣ мақомот дар Тоҷикистон олимону соҳибкорони маҳаллиро ба тавлиди чунин маҳлулҳо даъват кардаанд. Маводи беҳдоштӣ ҳам мисли ниқобҳои тиббӣ қаблан аз хориҷ ба кишвар ворид мешуд.
Рӯзи 12-уми апрел теъдоди корбарони доимии канали Радиои Озодӣ ба 1 миллион нафар расид. Канали Озодивидео, ки умдатан видеоҳои бахши тоҷикии Радиои Озодиро нашр мекунад, аввалин канал ба забони тоҷикӣ аст, ки теъдоди обунашудагон ба он бештар аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад. https://www.youtube.com/user/Ozodivideo/ Канали мазкур моҳи марти соли 2011 боз шуд ва дар муддати 9 сол видеоҳои онро тақрибан 600 миллион бор тамошо кардаанд. Бинандагони зиёде аз канали Радиои Озодӣ дар Ютуб аз ҳисоби... Читать дальше...
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз мақомоти Қирғизистон хост, иддаоҳои як афсари собиқи Хадамоти гумрукро таҳқиқ кунад, ки гуфтааст, раисаш ба ӯ амр додааст, “мурда ва ё зиндаи” хабарнигори Радиои Озодиро ба назди ӯ биёрад. Иддаоҳои Эмилбек Кимсанов дар як видеое дида мешавад, ки ҳамсараш Мария Заворотная рӯзи 10-уми апрел дар Фейсбук нашр кард, вале маълум нест, видео кай сабт шудааст. Эмилбек Кимсанов дар ин навор мегӯяд, Раимбек Матраимов, муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон бо ирсоли шумораи телефонҳои Алӣ Токтагунов... Читать дальше...
Раёсати амнияти миллии Афғонистон рӯзи 12-уми апрел гуфт, ҳукумат 100 зиндонии Толибро раҳо кардааст. Раёсат гуфт, ки онҳоро рӯзи 11-уми апрел озод кардаанд ва чанд аксеро ҳам дар Твиттер нашр кард. Дар баёнияи расмӣ омадааст, ки ҳангоми озод кардан,вазъи сиҳатӣ, синну сол ва мӯҳлати ҷазои зиндониёни Толибро ба инобат гирифтаанд. Аз рӯзи 8-уми апрел то кунун ҳукумати Афғонистон 300 зиндонии Толибонро раҳо кардааст. Айни замон Суҳайл Шоҳин, як сухангӯи Толибон гуфт, ки онҳо 20 нафар сарбозу маъмурони ҳукуматиро раҳо карда... Читать дальше...
Густариши вируси нав дар ҷаҳон ва маҳдуд кардани равуо барои пешгирӣ аз сирояти он имсол сабаб шуд, насрониён Иди Фусҳоро аксаран дар хона таҷлил кунанд.
Дар Тоҷикистон аз ин баъд нигоҳубини маъюб ҳамчун собиқаи корӣ ба ҳисоб меравад ва барои ин кор ба парастори ӯ ҳаққи бознишастагӣ ва ё нафақа медиҳанд.
Дар Тоҷикистон аз ин баъд нигоҳубини маъюб ҳамчун собиқаи корӣ ба ҳисоб меравад ва барои ин кор ба парастори ӯ ҳаққи бознишастагӣ ва ё нафақа медиҳанд.