Узбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз роҳ ёфтани вируси корона ба Тоҷикистон кумаки башарӣ ирсол кард. Дар ин бора расонаҳои Узбекистон хабар доданд. Ирсоли кумак бо дастури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев сурат гирифтааст.
Қатораи ҳомили кумаки башарӣ рӯзи 9-уми апрел ба Душанбе расид.
"Кумаки башарӣ аз камзул ва айнакҳои муҳофизатӣ, маҳлули кимиёии зидди уфунатӣ, дастпӯш ва ҳароратсанҷҳо, инчунин орд иборат аст", - омадааст дар хабари расонаҳо. Узбекистон ба Чину Эрон, Афғонистону Қирғизистон ҳам кумаки башарӣ ирсол кардааст.
Дар Тоҷикистон расман ҳеҷ ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт нашудааст. Баъди марги марди 60-сола дар шимоли кишвар 11 табибе ба карантин гирифта шуданд, ки ӯро муолиҷа мекарданд. Бемористоне ҳам карантин шуд, ки табибон онҷо бистарӣ ҳастанд.