Додгоҳе дар Қирғизистон баррасии парвандаеро, ки бо даъвои Матраимовҳо нисбати рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, бахши қирғизии "Радиои Озодӣ" ва сомонавҳои Kloop.kg ва ИА 24.kg боз шуда буд, қатъ кард. Ин қарорро додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкеки он кишвар рӯзи 27 апрел қабул кард. "Метавон гуфт, ки парванда пӯшида шуд. Дар оянда дар робита ба ин масъала ба додгоҳ наметавон муроҷиат кард", - гуфт Акмат Алагушев, вакили дифои расонаҳо. Пештар аз ин хабар расида буд, ки вакилони мудофеи муовини... Читать дальше...
Қазоқистон як миллион моя ваксинаи чинии зидди коронавирус -- "Sinopharm"-ро, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб истеҳсол шудааст, харидорӣ кард. Дар Вазорати тандурустии Қазоқистон бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ваксинаи мазкур бо сармоягузории бунёди "Самрук-Казина" харидорӣ шуда, бо он нахуст кормандони ширкатро эм хоҳанд кард. Ба иттилои сомонаи "Самрук-Казина", мояҳои харидоришуда барои эм кардани 500 ҳазор одам мерасад. Дар хадамоти матбутии бунёд гуфтанд, ки истеҳсолкунандаи ваксинаро "Самрук-Казина" интихоб накардааст. Читать дальше...
Муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла занон аз вилоятҳои сераҳолитарини Узбекистон -- водии Фарғона ҳар рӯз барои пайдо кардани кор ба Қирғизистон мераванд. Ин муҳоҷирон субҳи барвақт дар назди гузаргоҳи марзии "Дустлик" дар ноҳияи Қара- Сууи вилояти Ӯши Қирғизистон, ки бо Узбекистон ҳаммарз аст, ҷамъ мешаванд, то шаҳрвандони кишвари ҳамсоя онҳоро ба "кори кутоҳмуддати ғайриқонунӣ" истихдом кунанд. "Онҳое, ки субҳи барвақт меоянд, наздикиҳои нисфирӯзӣ кор меёбанд. Мо рӯзона ба ҳисоби миёна 10-20 доллар дар Қирғизистон кор мекунем. Читать дальше...
Масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтанд, ки вазъи саломати Маҳмурод Одинаев, муовини пешини раиси ҳизб дар боздоштгоҳ бад шудааст. Як намояндаи боздоштгоҳ хабарро тасдиқ кард ва гуфт, "Одинаев зери назорати пизишкон аст".
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии панҷумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Имороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.