Масъулони ширкати "Сомон Эйр" гуфтанд, ки рӯзи 4-уми апрел 184 мусофир, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Душанбе ба Маскав бурданд.
Асалбегим Саодатова, яке аз ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик, ки то охири солҳои 90-ум дар байни мардум бахусус кӯдакон маҳбуб буд, даргузашт. Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпеша ва яке аз шогирдонаш рӯзи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Асалбегим Саодатоваи 70-сола, ки солҳои зиёд аз бемории қанд ранҷ мекашид, дар ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе фавтидааст. Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи кино ва театр, яке аз муассисони Театри Ҷавонони Тоҷикистон буд, ки дар баробари Театри Лоҳутӣ дар замони шӯравӣ маҳбубияти зиёд дошт. Читать дальше...
Қарор аст, то ду ҳафта баъд дар шаҳри Истанбул нишасте барои хатми ҷанг ва расидан ба сулҳ дар Афғонистон баргузор шавад. Аммо ҳазорон километр дуртар аз ин шаҳри Туркия дар Вилояти Бадахшони ҳамсоя бо Тоҷикистон хабаре аз сулҳ нест.
Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз 4 март чемпионати Тоҷикистон-2021 оид ба футбол байни дастаҳои футболи Лигаи олӣ бо иштироки даҳ даста оғоз меёбад
Муборизаи сеюми ин ду рақиб дар доираи мусобиқаи UFC 264 баргузор мешавад ва барои ин мубориза Дастин аз қаҳрамонии унвонӣ даст кашид
Як ширкати бузурги энергетикии Русия як духтари 6-соларо ба додгоҳ додааст, то 26 ҳазор рубл пули барқро аз ӯ биситонад.
Артиши Урдун рӯзи 3-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, бародарандари шоҳи ин кишвар Абдулло ва валиаҳди собиқи ӯ бояд аз амалкардҳое даст кашад, ки ба “суботу амният” дар кишвар халал мерасонанд.
Попи Рум Франиси имсол дар рӯзи Иди Фусҳо ниёиши суннатиаш бо номи “Ба шаҳру ва ҷаҳон”-ро дар ҳузури гуруҳи хурде аз эътиқодмандон дар Калисои Пётри Муқаддас анҷом медиҳад.
Дар Булғористон, ки аз тазоҳуроти оммавӣ ба зидди ҳукумат ва нахуствазир Бойко Борисов тақрибан як сол мегузарад, интихоботи порлумонӣ оғоз ёфт. Ҳизби Шаҳрвандон Барои Рушди Аврупоии Булғористон ба раҳбарии Бойко Борисов, ки як даҳсола боз ҳукумат мекунад, саъй дорад, қудратро дар дасташ нигаҳ дорад. Назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки ҳизби мазкур шояд 23 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва пешсафи интихобот шавад. Вале ин рақам баёнгари камтар шудани нуфузу эътибори ҳизб аст, ки соли 2017-ум... Читать дальше...
Филмсозони “Суғдсинамо мегӯянд, пандемияи COVID-19 ва манъ шудани намоиши филмҳо дар кинотеатрҳо ба кори онҳо дар соли 2020 таъсири бисёр бад расонд.
Филмсозони “Суғдсинамо мегӯянд, пандемияи COVID-19 ва манъ шудани намоиши филмҳо дар кинотеатрҳо ба кори онҳо дар соли 2020 таъсири бисёр бад расонд.
Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam 2021", ки рӯзҳои 1-4-уми апрел дар Туркия баргузор шуд, ду паҳлавони маъруфи тоҷик – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов – ҷойҳои панҷумро касб карданд.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон тими "Равшан"-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард, бори даҳум Ҷоми олии футболи кишварро ба даст овард.
Баъзе аз сокинон аз кори маъмурони наҷот розӣ нестанд ва онҳоро бахусус барои дер расидан ба маҳалли ҳодиса ё надоштани таҷҳизоти зарурӣ танқид мекунанд.