Анн Линде, вазири корҳои хориҷии Шветсия ва раиси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ба Тоҷикистон омад ва бо раиси ҷумҳур ва вазири корҳои хориҷӣ мулоқот кард. Хабарнигорон ба ин вохӯриҳо роҳ наёфтанд ва дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҳам ҳеч шарҳе намедиҳад.
Модари як ҷавони зиндонӣ иддао дорад, ки дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат қисме аз бадани писарашро бо оби ҷӯш сӯзондаанд ва ӯ феълан зери назорати пизишкон аст. Салоҳиддин Саломови 25-сола бо гуноҳи дуздӣ даҳуним сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Гуфтугӯҳо дар бораи созиши ҳастаӣ бо Эрон рӯзи 15-уми апрел дар Вена дар ҳоле оғоз мешавад, ки Теҳрон пас аз ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Натанз, ният дорад ғанисозии ураниюмро афзоиш диҳад.
Дилбар Ғаниева мегӯяд, шавҳараш зери фишор худро гунаҳгор донистааст. Дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, шавҳараш террорист нест ва кормандони умури дохилӣ зери фишор ӯро ба эътирофи гуноҳ водор кардаанд.
Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо раиси даврии САҲА.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) парвандаи ҷиноӣ нисбат ба муовини пешини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Раимбек Матраимовро баст.
Кенҷабек Абишев, яке аз маҳбусони парвандаи маъруфи "ҷиҳодиҳо"-и Қазоқистон, шаби 15 апрел дар бемористон бистарӣ шуд. Дар ин бора вакили мудофеи вай Гулнора Жуаспаева иттилоъ дод.
Имрӯз 143-умин зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар вилояти Хатлон пурсид, ки дар бораи Садриддин Айнӣ чӣ медонанд ва оё ягон асари ӯро хондаанд?
Раёсати корҳои дохилии вилояти Намангони Узбекистон хабаҳоро дар бораи таъқиби диндорон рад кард.
Дар Туркманистон дар мавриди симои зоҳирии мошинҳо қоидаи нав ҷорӣ шудааст. Бар асоси қоидаи нав, ранги ҳамаи қисмҳои мошин, аз ҷумла қисмҳои аслии он бояд сафед бошанд.
Раиси пешини Иттиҳоди кинематографистони Тоҷикистон ва бунёдгузори синемои аниматсионии Тоҷикистон Мунаввар Мансурхоҷаев рӯзи 15 апрел дар синни 80-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Бар пояи гузоришҳои расида, Амрико нақша дорад, ба зудӣ ба муқобили як идда мансабдорон ва ниҳодҳои Русия таҳрим ҷорӣ кунад.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух дар рӯзи 9-уми апрел сафари маъмулӣ набуд. Дар ҷараёни он президент мавқеи расмии Тоҷикистонро дар бораи мақоми ин ҷамоат ва гуфтушунидҳо бо Бишкек изҳор кард
Хабаргузориҳои Туркия рӯзи 14-уми апрел навиштанд, нирӯҳои пулиси он кившар дар як амалиёти вижа 11 нафарро бо гумони ҳамкорӣ бо созмони тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дастгир карданд.
Тақрибан сеяки сохтмончиёне, ки дастҷамъона ё ба таври муташаккилона ба Русия интиқол дода шудаанд, шуғли худро ба хаткашон ва ё курйер иваз кардаанд.
Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон ду масъули бахши молии нерӯгоҳи “Норак”-ро ба дуздии маоши кормандон муттаҳам кардааст.
Дар Русия муҳлати истифода аз сертификат ё гувоҳномаи имтиҳони забони русиро барои муҳоҷирон кам карданд.
Анн Линде, вазири корҳои хориҷии Шветсия ва раиси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ба Тоҷикистон омад ва қарор аст бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кунад.
Ба иттилои расмӣ, зан сокини 29-солаи ноҳияи Варзоб ва соҳиби ду фарзанд будааст
Дар деҳаи Заркорон дар ноҳияи Восеъ, ки бо номи Паҳлавонобод ҳам машҳур аст, даҳҳо оилаи лӯлӣ ё ҷӯгӣ ба сар мебаранд. Аксар сокинони деҳаҳои атроф онҳоро бо талбандагӣ ва дурӣ аз таҳсилу бекорӣ мешиносанд, аммо худи лӯлиён мегӯянд, солҳои охир шеваи зиндагиашон тағйир кардааст.
Дар деҳаи Заркорон дар ноҳияи Восеъ, ки бо номи Паҳлавонобод ҳам машҳур аст, даҳҳо оилаи лӯлӣ ё ҷӯгӣ ба сар мебаранд. Аксар сокинони деҳаҳои атроф онҳоро бо талбандагӣ ва дурӣ аз таҳсилу бекорӣ мешиносанд, аммо худи лӯлиён мегӯянд, солҳои охир шеваи зиндагиашон тағйир кардааст.
Маҷаллаи ҷопонии "Nikkei Asia" гузоришеро дар бораи рақобатҳои Туркия ва Русия барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ нашр кард.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) рӯзи 13-уми апрел аз кишварҳои ҷаҳон хост, фурӯши ҷонварони ваҳшии ширхорро дар бозорҳо манъ кунанд, то пеши роҳи хуруҷи бемориҳои нав гирифта шавад.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ, ки рӯзҳои 13-14-уми апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, як медал ба даст оварданд. Далер Ризозода, ки дар вазни то 77 кило ба рақобат аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард, Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманро шикаст дод. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Дамеу Жадраеви қазоқ ғолиб омад. Вале Далер ба иллати латхӯрӣ натавонист дар қувваозмоии ниҳоӣ иштирок намояд. Медали тилло ба гуштигири эронӣ Пижман Поштам супурда шуд. Далер Ризозода медали нуқра гирифт. Читать дальше...
Намояндагони доимии Иттиҳоди Аврупо дар музокира бо Порлумони Аврупо ба созиш расиданд, ки санади рақамии сабз роҳандозӣ шавад.