Як мансабдори баландпояи Кремл рӯзи 25-уми апрел гуфт, президент Владимир Путин метавонад, моҳи июн бо ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден мулоқот кунад.
Чаро худкушии баъзе аз модарони ҷавон ҳамроҳ бо кӯдаконашон дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст? Яке бо кӯдакон дар бағал худро ба дарё меандозад, дигаре ба оташ мекашаду саввумӣ меовезад. Ин ҳодисаҳо аз куҷо сарчашма мегиранд?
Раиси ҷумҳурии Чехия гуфт, дар мавриди таркиш дар анбори аслиҳаи Врбетитсе (соли 2014), ки ҳоло боис ба ихтилофи шадиди дипломатӣ бо Русия шудааст, ду фарзия вуҷуд дорад ва бояд онҳоро таҳқиқ кард.
35 сол пеш зиёда аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар бартарафсозии оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил иштирок карда, то ин дам 650 нафари онҳо фавтидаанд.
35 сол пеш зиёда аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар бартарафсозии оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил иштирок карда, то ин дам 650 нафари онҳо фавтидаанд.
Арманиҳои муқими Амрико аз қарори президент Ҷо Байден дар бораи расман эътироф кардани қатли арманиҳо ҳамчун наслкушӣ дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳон ситоиш карданд. Дар айни замон ин эъломия хашми Анкараро барангехтааст.
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз артиши Мянмар (Бирма) хостанд, ба қатлу хушунатҳои баъд аз кудето ё табаддулоти моҳи феврали имсол поён бахшида, ба боздиди як ҳайати вижа аз ин кишвар иҷозат диҳад.
Пулис рӯзи 24-уми апрел гуфт, ин мард сарфи назар аз он ки аломатҳои рӯшани COVID-19-ро дошт, ба ҷойи кор рафта, дар як толори варзишӣ машқи бадан мекард.
Як пажӯҳиши Донишгоҳи Тулейн дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико исбот кардааст, ки сиёсати буҷаву андоз (молиёт) дар Тоҷикистон "боис ба афзоиши мизони фақру камбизоатӣ ва нобаробарӣ миёни қишрҳои аҳолӣ" мешавад.
Сарвазири Арманистон, Никол Пашинян, гуфт, бо ҳадафи баргузории интихоботи пеш аз вақти порлумонӣ истеъфо дод, вале то замони овоздиҳии 20-уми июн ба кабинаи вазирон раҳбарӣ хоҳад кард.
Мақомоти расмӣ ва расонаҳои Туркия рӯзи 24-уми апрел хабар доданд, ки Анкара ба зидди ниманизомиёни курд дар шимоли Ироқ амалиёти навро оғоз кардааст.
Мақомоти Ҳиндустон гуфтанд, дар шабонарӯзи гузашта омори баландтарини гирифторони коронавирусро сабт карданд.
Сарони хонаводаи панҷгоник дар ноҳияи Қубодиён мегӯянд, тифлони худро бо ёрии хешу табор парасторӣ мекунанд, вале дар таъмини ғизои онҳо бо мушкил рӯбарӯянд.
Дар бораи сарбозе суҳбат мекунем, ки рӯзи 20-уми апрел дар ноҳияи Мурғоб фавтидааст. Хешовандонаш иддао доранд, ки ӯро шояд латукӯб карда, ба марг расондаанд, вале табибон гуфтаанд, Раҷабалӣ Назаровро касе назадааст ва ӯ бино бар авҷ гирифтани бемории гурда ва қалб дар ноҳияи баландкӯҳ ҷон додааст.
Имрӯз дар бораи сарбозе суҳбат мекунем, ки дар як воҳиди низомӣ дар ноҳияи Мурғоб фавтидааст. Хешовандонаш иддао доранд, ки ӯро шояд латукӯб карда, ба марг расондаанд, вале табибон гуфтаанд, Раҷабалӣ Назарови 19-сола бино бар авҷ гирифтани бемории гурда ва қалбаш дар ноҳияи баландкӯҳ ҷон додааст.
Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар бозии чаҳорумаш дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар гуруҳи "А" тими мизбон "Ал-Ҳилол"-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Рақобати ду даста шаби 24-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд