Дар баробари аспирантҳову магистрантҳо, баъзе аз омӯзгорони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон низ аз шеваи нави даъват ба артиш (аз маҷлис – ба комиссариати ҳарбӣ) шикоят доранд.
Дар баробари аспирантҳову магистрантҳо, баъзе аз омӯзгорони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон низ аз шеваи нави даъват ба артиш (аз маҷлис – ба комиссариати ҳарбӣ) шикоят доранд. Чаро? Дар навор бинед.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори боздошти ҷавонеро дар Душанбе шарҳ доданд.
Вазири корҳои хориҷии Бритониё гуфт, кишвараш ва Иёлоти Муттаҳида "ба талошҳои Русия барои эҷоди бесуботӣ дар Украина қотеона мухолифат мекунанд".
Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон боло меравад. Ҳукуматҳои ду кишвар барои нигоҳ доштани нарх чораҳои гуногун меандешанд, аммо коршиносон мегӯянд, дар фурсатҳои наздик нигоҳдории арзиш дар як сатҳ имконпазир нахоҳад буд.
Нерӯҳои амниятии Мянмар (Бирма) дар мавҷи нави саркӯб алайҳи тарафдорони демократия беш аз ҳаштод нафарро куштаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳодиса рӯзи 9-уми апрел рух дода, танҳо баъди як рӯзи он дар расонаҳо нашр шуд.
Аъзои Бундестаг, порлумони Олмон, бархурди мақомоти Русияро бо пешвои зиндонии мухолифини он кишвар, Алексей Навалний, “шиканҷаи ҳадафманд" номиданд.
Эрон рӯзи 11-уми апрел тасдиқ кард, ки дар бахше аз шабакаи тақсими барқи таъсисоти ҳастаии Натанз "ҳодиса"-е рух додааст.
Рӯзи 11-уми апрел дар Қирғизистон раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии он кишвар оғоз шуд. Тарҳи нави Конститутсия қудрати президентро бештар ва салоҳиятҳои порлумонро камтар мекунад.
Конфедератсияи футболи Осиё замони оғози бозиҳои мусобиқаи марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи "F"-ро, ки рӯзҳои 14-20-уми май дар Душанбе баргузор мешавад, тасдиқ кард.
Гум шудан дар Русия ва пайдо шудан дар Тоҷикистон, он ҳам дар боздоштгоҳ. Ҳодисае, ки солҳои охир ба як тамоюл табдил шудааст ва ахиран бо Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва Саиднуриддин Розиқов, як рӯҳонии тоҷик рӯй дод.
Сомонаи амрикоии "Фронтлайн" Тоҷикистонро дар қатори даҳ кишваре ҷой додааст, ки теъдоди шаҳрвандонаш дар паноҳгоҳҳои Сурия зиёданд, вале ин кишвар талоши амалие барои баргардондани онҳо накардааст.
Сокинони деҳаи Некнот дар шаҳри Панҷакент рӯзи 10-уми апрел дар мавзеи кӯли Кӯлак чаҳор ҷасадро ёфтаанд, ки "ба дарахтҳо овезон буданд".
Як ҷавони гумонбар ба дуздӣ баъди дастгир шудан аз сӯйи маъмурони милиса фавтидааст.