Гуруҳе аз хабарнигорону фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти Исфара хостаанд, як хиёбон ва ё бинои фарҳангиро ба номи рӯзноманигор Иқбол Тешаев бигузоранд.
Пас аз ду ҳафтаи оғози ваксинзанӣ дар Тоҷикистон, ки аз кормандони соҳаи тандурустӣ шуруъ шуд, рӯзи 7-уми апрел баъзе аз омӯзгорони мактабҳои Душанберо низ ба зидди коронавирус эм кардаанд.
Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз тағйирот ба лоиҳаи қонун "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" ҷонибдорӣ карданд.
Хабари кушода шудани роҳ ба ҳафт шаҳри Русия, садҳо нафарро ба назди нуқтаҳои билетфурӯшии ширкати “Уралские авиалинии” дар Душанбе овард. Аммо нархҳои ҳангуфти чиптаҳо муҳоҷиронро нигарон кард.
Cозмони Афви Байналмилал мегӯяд, ҳукуматҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ пандемияи фарогири CОVID-19-ро барои маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон истифода мебурданд.
Рӯзи 6-уми апрел бар асари таркиш дар Баҳри Сурх як киштии мутааллиқ ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон осеб дидааст.
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек ҷараён дорад, дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило медали нуқра ба даст овард.
Дар ҳоле ки мақомот аз беҳбудӣ ва афзудани хоҳишмандон пас аз қабули қонуни нави хидмати ҳарбӣ мегӯянд, ҷавонон аз даъвати иҷборӣ бо шеваҳои нав шикоят мекунанд.
Ду корманди хабаргузории Effect.uz дар Узбекистон таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 6-уми апрел изҳорот нашр кард.
Хабари боз шудани роҳи ҳавоии Тоҷикистон ба ҳафт шаxри Русия, садҳо нафарро дар назди нуқтаҳои билетфурӯшии ширкати “Уралские авиалинии” дар Душанбе гирд овард. Аммо нархҳои ҳангуфти билетҳо талабгорони сафар бахусус муҳоҷиронро нигарону рӯҳафтода кард.
Раҷабалӣ Одинаев, раиси собиқи ширкати "Умед-88» даргузашт. Одинаев, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд, як моҳи ахир дар бемористони «Ёрии таъҷилӣ» аз захми меъда табобат мегирифт.
Палатаи болоии порлумони Қазоқистон рӯзи 7-уми апрел қонунеро қабул кард, ки фурӯхтан ва ё ба иҷора додани заминҳои кишоварзии ин кишварро ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бе шаҳрвандӣ ва ширкатҳои хориҷӣ манъ мекунад.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 5-6-уми апрел ду бозии боқимонда баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дастаи нави лигаи олӣ - «Эсхата»-и Хуҷанд - бозиро дар майдони худ бо «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Ба голи легионери узбек Акобир Тураев бохтариҳо бо зарбаи нишонраси Жан Гатен НД посух доданд. Дар бозии дигар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ дар... Читать дальше...
Маҷористон (Венгрия) талош дорад, робитаҳои мустақимро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монад. Бо ин ҳадаф вазири корҳои хориҷии Маҷористон ба Душанбе омадааст.
Дар ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанди Узбекистон сокинон бо талаби таъмини нерӯи барқ роҳи мошингардро бастаанд. Ҳодиса рӯзи 5-уми апрел рух дод.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, дар робита ба 11-умин солгарди “инқилоби апрелӣ” дар он кишвар муроҷиате нашр кард.
"Моро ба маҷлис даъват карданд. Гуфтанд, ки намояндагони порлумону вазоратҳои мудофиа ва адлия омада, муҳтавои қонуни навро "Дар бораи хидмати ҳарбӣ" мефаҳмонанд, аммо аз толор ба мошинҳо савор карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурданд."
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар робита ба фишори мақомоти Русия, ки ба пешгирӣ аз фаъолияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ равона шудааст, изҳори нигаронӣ кард.
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки дар пойтахти Қирғизистон –Бишкек – ҷараён дорад, дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кард. Рақибаш Чангрим Ан аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Сомон баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш Аҳмад Аяш аз Яман ва Муҳаммад Муҳаммадӣ аз Эрон ба нимфинал баромад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ Жансай Смагулови қазоқро шикаст дод. Ҳамакнун паҳлавони тоҷик дар финал бо Чангрим Ан, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 ва ғолиби Doha Masters 2021... Читать дальше...
Маҳбаси низомаш сахти шаҳраки "Жаслиқ" дар вилояти Қарақалпоқистони Узбекистон, ки бо шиканҷаҳои гӯшношунид ва муносибтаҳои бераҳмонааш маъруф аст, то кунун пурра баста нашудааст.
Раиси ҷумҳурии Узбекистон бо пайравӣ аз ҳамтоёнаш дар Осиёи Марказӣ ба қонуне имзо гузошт, ки ҷазоро барои "таҳқири президент" дар Интернет сахттар мекунад. Коршиносон онро як роҳи ҳифзи қудрат медонанд.
Ҳамадонӣ Камолови 19-сола, нимҳимоятгари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе ва тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба бошгоҳи футболи испании “Rayo Majadahonda” ("Райо Маҷадаҳонда") гузашт. Бошгоҳи нави ӯ дар дивизиони дувуми футболи Испания - Сегунда В - бозӣ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол». «Райо Маҷадаҳонда» бошгоҳи футболи испанӣ аз шаҳри Маҷадаҳонда мебошад, ки бозиҳои хонагиаш дар варзишгоҳи “Ceрро дел Эспино” баргузор мешаванд. Бояд гуфт, ки феълан дар бошгоҳҳои... Читать дальше...
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 7-уми апрел бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кардааст.
Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ваксини русии зидди коронавирус "Спутник V" гирифт. Дар ин бора маркази матбуотии президенти Қазоқистон рӯзи 6 апрел хабар дод. Ин дар ҳолест, ки Тоқаев дар як ҷаласаи ҳукуматаш дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, танҳо бо ваксинаи истеҳсоли Қазоқистон зидди коронавирус худро эм хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки Тоқаев чаро тасмимашро иваз ва бо ваксинаи русӣ худро эм кардааст. Маркази матбуотии президенти Қазоқистон хабар дод, ки вазъи Тоқаеви... Читать дальше...