Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар як гузориш гуфт, ки муомилаи ҳукумати коммунистии Чин нисбат ба уйғурҳову мардуми дигари мусалмон дар вилояти Шинҷон "ҷиноят алайҳи башарият аст".
Оҷонсии парвозҳои ҳавоии ИМА НАСА гуфт, ки 19-уми апрел нахустин бор як роботи чархболи хурде ба сатҳи сайёраи Миррих баланд шуд ва дар сатҳи он парвози идорашаванда анҷом дод. Мудири тарҳ Мими Аунг гуфт, “акнун мешавад гуфт, ки инсон дар рӯи чархбол дар сайёраи дигар ҳам парвоз анҷом дод”. Намоиши ин саҳнаро НАСА тавассути YouTube ба роҳ монд: Нозирони парвоз дар Калифорния тасдиқ карданд, ки чархболи хурди Ingenuity бо вазни 1,8 кг тавассути миррихгарди Perseverance, ки аз фосилаи 65 метр назорат мекард, парвози кӯтоҳмуддате анҷом дод. Читать дальше...
Як омӯзгори мактаби миёна дар шаҳри Кӯлоб сирко нӯшида, дар бемористон бистарӣ карда шудааст. Табибон гуфтанд, Сафар Ҷалилови 31-сола, устоди тарбияи ҷисмонӣ дар мактаби рақами 7-и Кӯлоб, ду ҳафта дар шуъбаи эҳё хобид ва ҳоло дар ҳуҷраи муқаррарист.
Набераҳои раҳбарони Осиёи Марказӣ ба монанди падару модари худ аз таваҷҷуҳи хос бархурдоранд. Баъзе аз онҳо бо кореву маҳорате ва бархеи дигар бо моҷароҳо қаҳрамони расонаҳо шудаанд.
Дар вилояти Бадахшони Афғонистон сокинон бо заҳмати зиёде ба истихроҷи тило машғуланд. Онҳо мегӯянд, ҳукумат дар ин минтақа имконияти дигаре барои шуғл фароҳам накардааст ва мардум аз ночорӣ ба ин пеша рӯй оварданд.
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Чех ду корманди хадамоти истихборотии Русияро, ки яке бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон соли 2014 вориди ин кишвар шудааст, таҳти ҷустуҷӯ қарор дод.
Баҳси ахири тоҷикону қирғизҳо дар марзи муштараки миёни ду кишвар ба таъмири маркази обтақсимкунӣ робита доштааст.
Чаро омӯзгор талоши худкушӣ кард? Посухи ин суолро хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб Маҳмудҷон Раҳматзода пешкаш мекунад.
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз қарори ИМА дар заминаи хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон ҳимоят кард ва гуфт, ки таҳдиди терроризм ҳама ҷо паҳн шудааст ва Вашингтон ҳоло бояд “нирӯву захираҳои худро” ба масоили муҳими дигари мисли пандемияи COVID-19 ва тағйироти иқлим равона кунад. Блинкен, ки 18-уми апрел бо телевизиони ABC сӯҳбат мекард, гуфт, “таҳдиди терроризм ба дигар маконҳо паҳн шудааст. Ва мо масоили дигари муҳиме дорем, аз ҷумла, аз равобит бо Чин, аз ҷумла, муқобила бо тағйироти иқлим сар карда то COVID”. Читать дальше...
Мақомоти додгоҳӣ як наварси 16-соларо дар пайванд ба қатли Азизбек Раҷабов, сокини деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ, ба шаш сол зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардаанд. Қаблан додситон барои Мақсуд Ниёзов ҳафт соли маҳбас талаб карда буд.
Бозиҳои даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 16-18-уми апрел баргузор шуданд. Дар нахустин бозии даври севум «Файзканд»-и Восеъ дар майдони худ «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Се голи мизбононро ҳамлагар Абдухалил Боронов ба самар расонид. Ин аввалин хет-трик дар мавсими нав мебошад. Дар бозии дигари даври севум «Хуҷанд» дастаи меҳмон – ССКА-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳои Фирдавс Чақалов ва Ҳоҷибой Зиёев ба хуҷандиҳо се имтиёз овард. Читать дальше...
Мақомоти зиндонҳои Русия гуфтанд, ки сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалий ба бемористони зиндон интиқол меёбад. Ин қарор дар ҳоле гирифта шуд, ки мунаққиди Кремлин 20 рӯз мешавад, ки гуруснанишинӣ эълон карда, хабарҳо аз якбора бад шудани саломатии ӯ ба даст мерасанд. Дар изҳороти хадамоти зиндонҳои Русия рӯзи 19-уми апрел гуфта шуд, ки “феълан саломатии А.Навалний қаноатбахш арзёбӣ мешавад. Ӯро ҳамарӯза духтур муоина мекунад. Бо ризоияти бемор, ӯро бо витамин муолиҷа мекунанд”. Пеш... Читать дальше...
Намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, дар вақти ҳисоби муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русия "зиёдаравӣ шудааст".
Мақомоти низоми зиндонҳои Русия гуфтанд, ки Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифон ба беморхона интиқол дода мешавад. Мақомот гуфтанд, ки “аҳволи ӯ қаноатбахш” аст.
Дар ИМА нисфи калонсолон дастикам як воя ё дозаи ваксинаи зидди COVID-19-ро дарёфт кардаанд.
Фарида Шарифоваи 30-сола ва модари се фарзанд ҳангоми таваллуди тифли чаҳорумаш дар зоишгоҳи ноҳияи Файзобод фавтид. Ӯро соати ҳафтуними субҳи 16-уми июли соли 2020 ба таваллудхона бурданд ва пас аз тақрибан якуним соат хабари маргашро шуниданд.
Рӯзи 19 апрел қарор аст дар як ҷаласае мушовирони раҳбарони Украина, Русия, Фаронса ва Олмон роҳҳои эҳтимолии коҳиши таниш дар шарқи Украинаро баррасӣ кунанд. Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳафтаи гузашта раҳбарони Украина, Фаронса ва Олмон дар паи ҷаласаи муштараке аз Русия тақозо карданд, ки нирӯҳояшро аз назди марзҳои Украина ва ҳам нимҷазираи Қрим бозпас бикашад. Созиши оташбаси бисёр заъифе, ки миёни ҳукумати Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия имзо шудааст, ҳафтаҳои ахир риоя намешавад... Читать дальше...
Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 19-уми апрел иддаои Ҷумҳурии Чехро дар бораи ду ҷосуси Русия баррасӣ мекунанд.
Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт, се сокини шаҳри Душанбе ҷон бохта, ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.
Тоҷикистон дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯйи шумораи таваллуди аҳолӣ дар ҷойи аввал мондааст. Вале дар солҳои охир коҳиши зиёдшавии аҳолӣ ба назар мерасад. Ҳоло кишвар чӣ бартариҳои демографиеро дорад ва дар оянда ба чӣ хатарҳое метавонад рӯ ба рӯ шавад?
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 18-уми апрел гуфт, хабарҳо дар бораи парокандасозии тазоҳурот "Зидди хушунат", аз сӯи кормандони пулис дар либоси мулкӣ асос, надорад. Рӯзноманигори қирғиз Болот Темиров дар як навор гуфт, тазоҳуроти рӯзи 15 апрелро, ки дар назди бинои вазорати корҳои дохилӣ баргузор мешуд, кормандони ин ниҳод дар либоси мулкӣ пароканда карданд. "Ин гуфта дурӯғ аст ва ба ҳақиқат мутобиқат надорад. Дар воқеъ, дар наворҳо дида мешавад, ки кормандони пулис дар тазоҳурот ҳузур доранд... Читать дальше...
Мяликқулӣ Бердимуҳаммадови 88-сола, падари президенти Туркманистон - Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 18 апрел фавтид. Дар ин бора расонаҳои давлатии он кишвар хабар доданд. Расонаҳо дар бораи фавт ва маросими ҷанозаи Бердимуҳаммадови калонӣ ҷузъиёти бештар надоданд. "Ин хабари нохушро мардуми Туркманистон бо андуҳи амиқ қабул карданд", - хабар дод Оҷонсии иттилоотии "Асри тилоии Туркманистон". Мяликқулӣ Бердимуҳаммадов 12-уми августи соли 1932 дар деҳаи Бирлешик-1 ноҳияи Геоктепини Туркманистон таваллуд шудааст. Читать дальше...
Кормандони яке аз бузургтарин ширкатҳои нафту газ дар Узбекистон -- "Ҷизак Петролиум" (Jizzakh Petroleum) таҳдид мекунанд, ки дар эътироз ба кам шудани маошашон даст ба корпартоӣ хоҳанд зад. Видеое, ки дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, нишон медиҳад, беш аз 100 корманди ширкати муштараки мазкур аз раҳбарияти худ сабаби кам шудани маошашонро мепурсанд. "Ман дараҷаи панҷум дорам ва моҳи март 1 миллиону 400 ҳазор сӯм гирифтаам. Агар дар оила кӯдаке бемор шавад ба табобати он чӣ қадар пул сарф мешавад? Читать дальше...
Дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар гурӯҳи «А» бошгоҳи АГМК-и Узбекистонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Бозӣ миёни қаҳрамони Тоҷикистон ва ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Узбекистон 18-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд, баргузор шуд. Ду голи “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов. ба самар расониданд. Боз як голро легионери сербиягӣ Йован Ҷокич, бозигари АГМК, ба дарвозаи дастааш зад. Читать дальше...