Сомонаи лоиҳаҳои асноди ҳуқуқии Қазоқистон рӯзи панҷшанбе лоиҳаи фармони президенти ин кишварро дар бораи баъзе аз масъалаҳои гузариш аз алифбои қазоқии кирилӣ ба алифбои нави лотиниасос нашр кард. Мақомоти Қазоқистон охирҳои моҳи январи соли равон гузинаи нави алифбои қазоқии бо ҳуруфи лотиниро муаррифӣ карданд. Багуфтаи мақомот, алифбои нав аз миёни 40 гузина интихоб шудааст. "Алифбои такмилшуда дорои 31 аломат аст, ки ҳамаи 28 овоз дар забони қазоқиро фаро мегирад. Ин алифбо тибқи меъёри "як овоз - як ҳарф" таҳия шудааст"... Читать дальше...
Русия бояд то охири моҳи майи соли ҷорӣ теъдоди дипломатҳояшро дар Ҷумҳурии Чех ба теъдоди кормандони сафорати Ҷумҳурии Чех дар Москва кам кунад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чех Якуб Кулганек иттилоъ дод. Ин маънои қатъи кор кардани 62 кормандонро дорад. Рӯзи чаҳоршанбе Прага аз Москва талаб кард, ки то нисфирӯзии 22 апрел тасмими ирсоли 20 корманди сафорати Чехро аз Русия бозбинӣ кунад. Ба гуфтаи вазир, Москва ба ин талаб посух надод. Кулганек гуфт, Чехия намехоҳад, муносибатҳояш бо Русия шиддат ёбанд... Читать дальше...
Лоиқ Раҷабов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта - PFL (Professional fight league) -и ИМА, ки шаби 23-юм ба 24-уми апрел дар шаҳри Атлантик-Сити доир мегардад, дар аввалин рақобаташ дар вазни сабук бо Алекс Мартинес аз Парагвай рӯбарӯ мешавад. Размкори маъруфи тоҷик Лоиқ Раҷабов аз соли 2019 дар мусобиқоти PFL иштирок мекунад. Ҳамон сол ӯ ба даври ниҳоии PFL, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, роҳ ёфт. Дар финал бо Натан Шулте, варзишгари бразилӣ, барои шоҳҷоиза ба маблағи як миллион доллар мубориза бурд. Читать дальше...
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳҳои ноҳияи Сино ва шаҳри Душанберо, ки ба як мард ҳаққи зиндагӣ дар хонаи ҳамсари собиқро дода буд, бекор кард ва барои таҳқиқи дубора фиристод. Қаблан худи Додгоҳи олӣ низ ба зиндагии ин мард дар манзили ҳамсари собиқаш иҷозат дода буд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳҳои ноҳияи Сино ва шаҳри Душанберо, ки ба як мард ҳаққи зиндагӣ дар хонаи ҳамсари собиқро дода буд, бекор кард ва барои таҳқиқи дубора фиристод. Қаблан худи Додгоҳи олӣ низ ба зиндагии ин мард дар манзили ҳамсари собиқаш иҷозат дода буд.
Гугуш, овозхони шинохтаи эронӣ, ки рӯзи Наврӯз албоми наверо нашр кард, мегӯяд, аз ҳамкорӣ бо Сиёваши Қумайшӣ, таронасарои дигар дар таҳияи албом “лаззат бурдааст.“