Мақомоти Молдова гуфтанд, ба шаҳрванди Русия Александр Петров бо номи "Николай Попа" шиносномаи Молдоваро надодаанд. Дар ин бора Оҷонси хадамоти давлатии Молдова рӯзи 20-уми апрел изҳорот дод. Пораҳое аз онро хабаргузории русии ТАСС нашр кард. Оҷонси хадамоти давлатии Молдова масъули таҳияи шиносномаҳо дар ин кишвар аст. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст: "Шаҳрванд бо маълумотнома ба номи Николай Попа, санаи таваллудаш 18-уми июли соли 1979, дар феҳристи давлатии аҳолии Ҷумҳурии Молдова сабт нашудааст. Читать дальше...
Лоиҳаи мусобиқаи нави баҳсбарангезу пурҳангома - Суперлигаи Аврупо лағв шуд. 12 бошгоҳи футболи созмондиҳанда тасмим гирифтанд, ки лоиҳаи Суперлигаро бекор кунанд, гузориш медиҳад talkSPORT дар Twitter. Рӯзи 20-уми апрел бошгоҳҳо ҷаласаро доир ба бекор кардани мусобиқа баргузор карданд. Қаблан хабар дода шуд, ки бошгоҳҳои футболи англисии "Челси", "Манчестер Сити", "Манчестер Юнайтед", "Ливерпул" ва "Арсенал" барои тарк кардани мусобиқаи нав ҳуҷҷатҳо омода мекунанд. Баъдтар бошгоҳҳои испании “Атлетико”-и... Читать дальше...
Нишасти сулҳи Афғонистон, ки қарор буд 24-уми апрел бо мизбонии Туркия ва бо ҳимояти Амрико дар Истанбул баргузор шавад, то баъд аз Иди Фитр ба таъхир афтодааст. Ин бори дувум аст, ки баргузории ин нишаст ба таъхир меафтад. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия шаби гузашта дар як барномаи телевизионӣ гуфт, нишаст ба он хотир ба таъхир афтод, ки то замони баргузории он фурсати хеле кам монда буд ва бархе аз иштирокчиён наметавонистанд то се рӯзи дигар барои ширкат конфронс омода шаванд. Читать дальше...
Баҳсҳо атрофи пешниҳоди президент ва вазири тандурустии Қирғизистон дар бораи табобати коронавирус бо маҳлули решаи гиёҳе аз Иссиқкӯл - "аконит" тундтар мешаванд. Як мард дар шаҳри Бишкек баъди истеъмоли маҳлули ин гиёҳ заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфтааст. Ду нафари дигар низ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз он гиёҳ бистарӣ ҳастанд. Дар пайи ин заҳролудшавиҳо фаъолони маданӣ талаб доранд, ки унвони илмии вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев бекор ва зиддаш парвандаи ҷиноӣ кушода шавад. Читать дальше...
Фаъоли маданӣ Жанболат Мамай дар бораи Баурҷон Байбек, шаҳрдори пешини Алмато ва муовини раиси Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон, ки раҳбари он президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев аст, таҳқиқотеро нашр кард. Мамай дар видеое, ки бо номи "Ӯ барои шумо Баук нест" дар саҳифаи Ютуби "Қазоқистони демократӣ" нашр шуд, мегӯяд, Байбек ҳангоми раиси бузургтарин шаҳри Қазоқистон будан бо истифода аз як нақшаи фасодкорӣ дар 4 сол беш аз миллиард доллар даромад ба даст овардааст. Ӯ ғайриқонунӣ... Читать дальше...
Гуруҳе аз корбарони барномаи "Тик-Ток", ки тӯйи арусиеро дар метрои шаҳри Тошканди Узбекистон ба навор мегирифтанд, муҷозот шуданд. Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Узбекистон, гирифтани аксу видео дар метро манъ нест, вале он набояд боиси нақзи тартиботи ҷамъиятӣ шавад. "Халалдор кардани оромии сокинон дар ҷойи ҷамъиятӣ ва равуо бе ниқоби тиббӣ дар давраи карантин манъ аст", - омадааст дар иттилоияи пулис. Зидди корбарони "Тик-Ток" бо бандҳои "Майдаавбошӣ", "Нақзи қоидаи мубориза бо эпидемия"... Читать дальше...
Аксари корбарони Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳ ба мақола дар бораи гуруҳи, ба гуфтаи сокинон, мардумфиреб дар Кӯлоб навиштанд, ки ин мушкил хоси танҳо як шаҳр нест. Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта дар бораи ҷавононе гузориш дод, ки дар маркази Кӯлоб бо бозие пули садҳо нафар, бахусус мардуми зудбовару муҳтоҷро аз худ кардаанд. Шикоят на танҳо аз кори ин гуруҳ, балки аз рафтори мақомоти интизомии Кӯлоб ҳам буд, ки ба гуфтаи сокинон, фиребгарии қиморбозонро нодида мегиранд ва ё ҳатто онҳоро сарпарастӣ мекунанд. Читать дальше...