Рӯзномаи амрикоии "The New-York Times" ба нақл аз ду манбаи истихборотӣ навишт, ҳодисае, ки рӯзи 11-уми апрел сабаби қатъи барқ дар таъсисоти ҳастаии Натанз дар Эрон шуд, таркиш буд.
Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон 9-уми апрел як додраси Додгоҳи олии ин кишварро ба ду моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум кард. Додрас Мейрам Жангуттинови 63-сола 11-уми феврали соли равон ҳангоми гирифтани ришва дастгир шуда буд. Ба гуфтаи муфаттишон, Жангуттинов аз як додраси ноҳиявӣ дар вилояти Туркистони Қазоқистон барои гузаронидан ба ҷои кори дигар пул гирифтааст. Ин додрас ҳам дастгир шудааст. Мейрам Жангуттинов соли 2011 додраси парвандаи фасодкории вазири тандурустии Қазоқистон Жаксилик Доскалиев буд. Читать дальше...
Рӯзи 11-уми апрел дар Қирғизистон раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии он кишвар баргузор шуд. Аз тарҳи нави Конститутсия, ки қудрати президентро бештар ва салоҳиятҳои порлумонро камтар мекунад, 79,2%-и раъйдиҳандагон ҷонибдорӣ кардаанд. Танҳо 13,6%-и иштирокдорон зидди Конститутсияи нав овоз дода, наздики 7%-и варақаҳои раъйдиҳӣ беэътибор дониста шудааст. Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон, дар раъйпурсии 11-уми апрел 35,3%-и шаҳрвандони қобили раъйи ин кишвар иштирок кардаанд. Читать дальше...
Президенти Русия Владимир Путин аз афзоиши шумораи фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои он кишвар изҳори нигаронӣ кард. Ӯ даъват кард, ки теъдоди фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия кам карда шавад. Путин, ки дар Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳо суханронӣ мекард, гуфт, фарзандони муҳоҷирон ба сатҳи дониши хонандагони маҳаллӣ таъсири манфӣ расонида, сабаби ангезиши бадбинии қавмӣ мешаванд. "Шумори фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои мо бояд дар сатҳе бошад, ки амалан имкон диҳад, то онҳо ба муҳити забони русӣ мутобиқ шаванд. Читать дальше...
Аз 2069 хонаводаи камбизоате, ки соли гузашта дар ноҳияи Чинози вилояти Тошканди Узбекистон ба қайд гирифта шуда буд, номи 1684 оиларо аз "Дафтари оҳанин" хат задаанд. Дар рӯйхат танҳо 385 хонаводаи камбизоат боқӣ мондааст. Дар миёни сокинони Чиноз, ки аз рӯйхат хат зада шуданд, марди 36-солаи маъюб ва падари ду фарзанд Чорӣ Ниёзов низ ҳаст. Ӯ мегӯяд, намефаҳмад, ки чаро номи вайро дар рӯйхати камбизоатон хат задаанд. "Шаш сол мешавад, ба бемории табобатнашаванда гирифторам. Бемории фишорбаландӣ... Читать дальше...
Қасам хӯрдан, ки ҳанӯз панҷ сол пеш аз тарафи Вазорати фарҳанг яке аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" дар Тоҷикистон эътироф шуда буд, зоҳиран ҳоло ба як дардисар табдил шудааст.
Қасам хӯрдан, ки ҳанӯз панҷ сол пеш аз тарафи Вазорати фарҳанг яке аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" дар Тоҷикистон эътироф шуда буд, зоҳиран ҳоло ба як дардисар табдил шудааст.
80% раъйдиҳандагони қирғиз аз Конститутсияи нав ин кишвар пуштибонӣ карданд.