Эрон корҳои илмӣ-пажуҳишии коркарди навъи нави сӯзишворӣ барои реактори таҳқиқотиро шуруъ кардааст. Дар ин бора сафири Эрон Козим Ғарибободӣ дар саҳифаи Твиттер хабар додааст. Ҷараёни корҳои мазкур аз се марҳила иборат аст, ки дар марҳилаи аввал "урани филизӣ бо истифода аз урани табиӣ таҳия мешавад", гуфтааст сафир. Ба гуфтаи вай, Теҳрон Оҷонси байналхалқии неруи атомиро дар бораи ин иқдомаш огаҳ кардааст. Урани филизиро метавон, дар сохтани силоҳи ҳастаӣ истифода кард, хабар доданд дар Оҷонси неруи атомӣ. Читать дальше...
Кулнора Усенканова, ҳамсари Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон ва номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи рӯзи 10-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми бозпурсӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар аз ҳуш рафтааст. Кулнора Усенкова дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Айни замон Усенкова дар беморхона бистарӣ шудааст. Дар ин бора вакили мудофеи вай Таалайгул Токтакунова хабар дод. Токтакунова гуфт, Усенковаро рӯзи 11-уми январ ба бозпурсӣ даъват карданд. "Вай бе вакили мудофеъ ба бозпурсӣ рафт. Читать дальше...
Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки шоми чоршанбеи 13-уми январ дар шаҳри Доҳаи Қатар ба поён расид, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило мақоми панҷумро касб намуд.
Воксини қазоқистонии KazCOVID-in рӯзи 31-уми декабр барои замони муваққат сабт шуд. Дар ин бора дар як нишасти хабарӣ рӯзи 13-уми январ Нурлибек Асилбеков, як масъули вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод. "Вазорати тандурстӣ талош мекунад, ки ҳамаи воксинҳо дастрас бошанд. Аммо бо назардошти воқеиятҳо, ҳоло мо ба воксини истеҳсоли дохилӣ ва "Спутник V" дастрасӣ дорем. Воксини истеҳсоли қазоқистонии KazCOVID-in барои нуҳ моҳ муваққатан сабт шудааст", - гуфт Асилбеков. Вай илова кард, ки омодагӣ ба воксинзанӣ идома дорад. Читать дальше...
Ҳарчанд Тоҷикистон дар як даҳаи ахир се буҳрони ҷаҳонии молиявиву иқтисодиро паси сар кард, таъсири буҳроне, ки ҳамагири COVID-19 овард, аз ҳамаи онҳо амиқтар ба назар мерасад. Он ҳам дар пасманзари ин ки мақомот вазъро “муътадил” мешуморанд ва ба беҳбуди зудрас бовар доранд.