Акбар Холиқзода, судя ё додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба гирифтани "пора" муттаҳам аст, нопадид гашта ва таҳти пайгард ё кофтукоб қарор гирифтааст.
Тими ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми рушд-2021 яккачини Қазоқистонро бо ҳисобт бузург шикаст дод
Гуруҳе аз нашъамандон дар шаҳри Фараҳи Афғонистон мегӯянд, ки маъмурони пулис онҳоро ғайриқонунӣ кор мефармоянд ва бар илова мезананду бадрафторӣ мекунанд.
Як донишҷӯи Донишгоҳи техлоногии Тоҷикистон устоди худро ба зарби корд захмӣ кардааст.
Меҳрубон Сангинов, муштзани маъруфи тоҷик, ки дар як набарди бокси ҳирфаӣ бар Куинси Лаваллеи амрикоӣ ғолиб омад, соҳиби унвони ғолиби WBA NABA дар вазни ниммиёна гардид.
Шумораи бештари кишварҳои ҷаҳон дар дастрас кардани ваксинаҳои зиддикоронавирус муваффақ шуданд. Барномаи эмгузаронӣ зидди COVID-19 дар Покистон, Украина, Эрон, Гурҷистон, Миср ва дигар кишварҳо дар ду рӯзи охир густариш ёфт.
Раҳбари UFC Дана Уайт гуфт, кадом варзишкор ба фикри ӯ дар таърихи муҳориабаҳои омехта беҳтарин аст
Дар Русия аз моҳи январ қароре ба иҷро даромад, ки қоидаҳои гирифтани ҳаққи иқоматро барои хориҷиён аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик осон мекунад. То куҷо дуруст иҷро шудани он ҳанӯз маълум нест.
Пулиси Русия зидди тазоҳургароне, ки бо талаби озод кардани Алексей Навалний мунтақиди Кремл ба кӯчаҳо баромаданд, аз зӯроварӣ кор гирифт. Бино бар хабарҳо, рӯзи 31-уми январ зиёд аз 2000 тарафдори Навалний боздошт шудаанд. Нахуст эътирозгарон дар Шарқи Дур ва Сибир бо вуҷуди сармои шадид ва шумори зиёди нерӯҳои ОМОН дар кӯчаҳо гирдиҳамоиро шурӯъ карданд. Тазоҳурот баъдан дар дигар шаҳрҳо низ баргузор шуд. Нерӯҳои ОМОН дар Маскав ва Санкт- Петербург даҳҳо ширкатдори тазоҳуротро, ки пас аз нисфирӯз оғоз шуд, боздошт намуданд. Читать дальше...
Дӯсти Владимир Путин ва яке аз доротарин сарватмандони Русия дар як мусоҳиба гуфт, бӯстонсарои муҳташам дар соҳили Баҳри Сиёҳ, ки дар як филми мустанад “аз они Путин” гуфта мешуд, ба ӯ тааллуқ дорад. Аркадий Ротенберг, ки бо бародараш аз моликони ширкати бисёрсоҳаи сохтмонӣ аст ва панҷ сол инҷониб зери таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ қарор дорад, рӯзи 30-юми январ дар канали Mash (Телеграм) дар ин бора ибрози назар кард. “Ҳоло ин сир нест. Ман молики ин бӯстонсаро ҳастам. Кори ин бино хеле печида буд. Читать дальше...
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон нисбати Шоҳрух Салиев, роҳбари собиқи ташкилоти қарзиву амонатии “Имон Интернешнл” дар шаҳри Душанбе бо чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст.
Варзишгари шинохтаи тоҷик, Меҳрубон Сангинов дар Майами Квинси Лаваллеи амрикоиро мағлуб кард
Чанде аз блогерҳои тоҷик мегӯянд, мақомот аз онҳо дар бораи чӣ қадар пул кор кардан пурсидаанд ва гуфтаанд, ҳар инсон бар асоси қонун бояд аз даромадаш андоз супорад.
Чанде аз блогерҳои тоҷик мегӯянд, мақомот аз онҳо дар бораи чӣ қадар пул кор кардан пурсида ва гуфтаанд, ҳар шаҳрванд бар асоси қонун бояд аз даромадаш андоз супорад.