Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи якуми январ гуфтанд, дар шабонарӯзи гузашта ягон мавриди сирояти коронавирусро ба сокинон сабт накарданд.
Тоҷикистон аз кишварҳои сармоягузор хостааст, ки муҳлати бозгардондани баҳраву қарзи хориҷиашро то нимаи соли 2021 ба таъхир андозанд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла ба маъмурони пулисро дар Чеченистон ба уҳда гирифтааст. Як рӯзномаи наздик ба ДОИШ дар ин бора 31-уми декабри соли 2020 хабар дод, аммо далеле ироа накард.
Дар ҳоле ки раиси Хатлон дастур додааст, манзили волидони панҷгоникро дар ноҳияи Қубодиён таъмиру бозсозӣ кунанд, баъзе аз шаҳрнависон дар сомонаи Озодӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ба ин оила манзили нав диҳад.
Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигори тоҷик, мегӯяд, пандемияи коронавирус монеи намоишномаҳояшон дар саҳнаҳо гардид. Вале афзуд, онҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ оварданд ва аз онҷо ба мухлисон пайвастанд. Суолу ҷавоби бештарро дар видео бинед.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) хоҳони истифодаи ҳарчи зудтар аз ваксинаи Pfizer – BioNTech шуд.
Суханоне ҳастанд, ки зуд сари забонҳо меуфтанд, гоҳе солҳо ёдоварӣ мешаванд ва гоҳе ҳам ба як бахши зиндагии ҷомеа табдил меёбанд. Дар соли 2020 чунин суханон кам набуданд. Радиои Озодӣ панҷ сухан ё иқтибоси солро гирдоварӣ кард.
Суханоне ҳастанд, ки зуд сари забонҳо меуфтанд, гоҳе солҳо ёдоварӣ мешаванд ва гоҳе ҳам ба як бахши зиндагии ҷомеа табдил меёбанд. Дар соли 2020 чунин суханон кам набуданд. Радиои Озодӣ панҷ сухан ё иқтибоси солро гирдоварӣ кард. Дар видео бинед.
Парвандаи Кароматулло Ҷабборов, блогери тоҷик ва ширкаткунанда дар саҳнаи шӯхиомези коронавирусро дар метрои Маскав ба додгоҳ супурдаанд.
Стэнли Ҷонсон, падари нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон, пас аз ҷудо шудани кишвараш аз Иттиҳоди Аврупо дархости шаҳрвандии Фаронсаро кард. Сиёсатмадори собиқ аз соли 1979 то 1984 Бритониёро дар Порлумони Аврупо намояндагӣ мекард.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон, раиси ҷумҳури феълии Амрико Доналд Трампро муттаҳам кард, ки дар пайи баҳонае барои "ҷанг" миёни ду кишвар аст.
Бритониё пас аз 48 соли узвият дар Иттиҳоди Аврупо ба таври расмӣ аз ин иттиҳодия хориҷ шуд. Хуруҷи Бритониё, ки бо номи “Брекзит” маъруф аст, пас аз 3,5 соли баҳсу гуфтугӯҳо сурат гирифт.
Раҳбарияти ноҳияи Косони вилояти Қашқадарёи Узбекистон ба кишоварзону соҳибкорони маҳаллӣ дастур додааст, ки дар ҳафтаи ахири соли 2020 дар ҳар як масҷиди ноҳия қурбонӣ кунанд. Чанд тан аз кишоварзони Косон гуфтанд, масъулони иҷрои ин фармон - муовинони раиси ноҳия, бародарон Султонмуроду Саид Донаевҳо ва Убайдулло Очилов аз ҳар якеи онҳо талаб кардаанд, ки ба ҳукумати ноҳия як гӯсфанди дорои бештар аз 30 кило вазн супоранд. Ба гуфтаи кишоварзон, раиси ноҳияи Косон гуфтааст, ин "кори хайр" бо... Читать дальше...
Додситонии кулли Қирғизистон дар якҷоягӣ бо Додситонии нақлиётии ин кишвар нақшаи устувори фасодкории "Компания Манас Менеҷмент", ширкати тобеи корхонаи "Фурудгоҳи байналмилалии Манас"-ро ошкор кардаанд. Ба огаҳии додситонӣ, шахсони масъули ширкат ба ширкатҳои хориҷӣ дар бахши ҳамлу нақли байналмилалии бор имтиёз медодаанд. Дар натиҷа онҳо ба ҷои 95 евро барои ҳар тонна 60 доллар мепардохтаанд. Ҳаминтариқ "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" аз моҳи январи соли 2018 то моҳи ноябри соли 2020 139 миллиону... Читать дальше...
Шоираи тоҷик, Робияи Холмирзо, талаб дорад, ки овозхони ҷавон, Фаридуни Хуршед, аз ӯ расман узрхоҳӣ кунад. Робияи Холмирзо мегӯяд, овозхон аз шеъри ӯ бидуни иҷоза дар клипи худ истифода бурдааст.