Баъзе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, шиддати заминларза дар Душанбеву Хуҷанд "сахт буд".
Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, ки сафорати ин кишвар дар Қатар рӯзҳои наздик дубора боз хоҳад шуд. Файсал бин Фароҳон дар ин бора рӯзи 16-уми январ дар Риёз ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тасмими як духтари 23-сола, ки худро аз Тоҷикистон муаррифӣ карда, бакораташро дар музоядаи онлайн ба даҳ ҳазор доллар ба фурӯш гузоштааст, бо вокунишҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд.
"Паёми мо ба Толибон ин аст, ки дар ивази таркишу интиҳор рӯй ба намоишгоҳу тавлидот биёрем, то барои мардуми худ хидмат карда битавонем." Ин ҷумлаҳоро Муҳаммадзоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе, рӯзи 15-уми январ ба забон овард.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар марҳилаи дувум ва рӯзи охирини машқҳои низомӣ мушакҳои баллистикиро санҷиш кард.
Иттиҳоди муҳофизакори масеҳӣ-демократии Олмон рӯзи 16-уми январ дар як овоздиҳии муҳим Армин Лашети 59-соларо ҳамчун раҳбари нав интихоб кард. Ба ин мақом се нафар номзад буданд.
Мақомоти Узбекистон хабар доданд, ки чанд нафарро барои паҳн кардани хабари дурӯғ дар бораи гуё рахна шудани обанбори Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон ва ҳамчунин эҷоди таҳлука дар байни мардум дастгир кардаанд.
Шумори ҷонбохтагон аз бемории коронавируси нав дар ҷаҳон аз 2 миллион нафар гузашт.
Ҷангҷӯёни Толибон дар вилояти Ҳирот, ғарби Афғонистон, 12 маъмури амниятиро куштаанд.
Дар Амрико рӯзи 16-уми январ сездаҳумин ва охирин эъдоми федеролро дар замони маъмурияти раиси ҷумҳур Доналд Трамп анҷом доданд.
Вазорати мудофиаи Амрико рӯзи 15-уми январ эълом кард, ки теъдоди сарбозони худро дар Афғонистон ба 2500 нафар коҳиш додааст. Бар асоси эъломияи Пентагон, дар ду даҳаи гузашта ин теъдоди камтарини сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон мебошад.
Дар Тоҷикистон барои муҳоҷирони корӣ замимаи мобилии “Роҳнамои муҳоҷир” таҳия карданд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бовар дорад, ки бо ёрии ин замимаи мобилӣ муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мушкилоти худро ҳал кунанд.
КФО ин тасмимро бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён гирифтааст
Ҳаким Фузайлов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармураббии бошгоҳи футболи Узбакистони “Динамо”-и Самарқанд таъин шудааст
Шумо аз куҷо ҳастед? Аз Хуҷанд, Кӯлоб, Помир ё Ғарм? Ҳамин суолро, ки дар Тоҷикистон одамони ношинос ба ҳамдигар медиҳанд, баёнгари маҳалгароӣ мешуморанд.