Собянин: Организации Москвы стали чаще использовать возможности для волонтерства

Мошенники похитили со счета 79-летней москвички более 16 млн рублей

«Мой верный друг, спаситель вечный мой…»

Дождь и переменная облачность ожидается в столичном регионе и Подмосковье 20 апреля

World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Январь
2021

Новости за 25.01.2021

Ozodi.org 

"Вируси нобаробарӣ".Oxfam мегӯяд, пандемия шумори ниёзмандонро фавқулода зиёд мекунад

Oxfam созмони байналмилалӣ, ки барои коҳиши фақр мубориза мебарад мегӯяд дороиҳои 10 шахси сарватмандтарини ҷаҳон дар давраи пандемия то 540 миллиард доллар афзоиш ёфт, дар ҳоле, ки қишри нодори ҷаҳон бояд барои раҳоӣ аз ин бӯҳрон даҳсолаҳои дигар мубориза барад.

Ozodi.org 

Фаъолон гуфтанд, “ба хотири фишор ба сунниҳо” як масҷиди тоза сохташудаистода дар Эрон тахриб шуд

Фаъолони балучӣ гуфтанд, ки мақомоти эронӣ як масҷидеро, ки дар ҳоли сохта шудан дар  Эроншаҳри вилояти Сиистон ва Балучистон буд, “ба хотири фишор ба аҳли суннат” тахриб карданд. Ташаббуси Балучиҳои Аврупо бо нашри изҳороте гуфт, ки тахриби зербинои масҷид 23-юми январ рух дод, ҳарчанд ин муассиса тамоми иҷозатномаҳои лозимии мақомотро гирифта буд. Вале шаҳрдори Эроншоҳ Нураҳмад Дархуш ба оҷонсии IRNA гуфт, ки сохтмон иҷозатнома надошт. IRNA гуфт, ки макони бунёди масҷид ҳамчун майдони боз барои намозгузорон сабтином шуд ва “бар асоси қонунҳо... Читать дальше...

Ozodi.org 

СММ ба кормандонаш гуфт, ба ҳавопаймоҳои покистонӣ нанишинанд

СММ ба кормандонаш ҳушдор дод, ки аз хидмати ҳавопаймоҳои сабтшудаи покистонӣ истифода накунанд, чун, ба хулосаҳои ин ниҳод, бархе халабонҳои покистонӣ ихтисоси худро дуруст намедонанд. Дар як ҳушдоре ба номи кормандони СММ, ки 23-юми январ матнашро матбуоти покистонӣ дарёфт кардааст,  Идораи СММ оид ба мудирияти низомҳои амн (UNSMS)  гуфтааст, дар паи тафтиши иҷозатномаҳои шубҳаноки парвоз машварат медиҳад, ки ба ҳангоми “истифода аз операторҳои сабтшудаи покистонӣ эҳтиёт ба кор бурда шавад”. Санаи нашри ин ҳушдор  маълум нест. Читать дальше...

Ozodi.org 

Хонасозӣ дар маҳаллаи Ҳуснобод ба моҷаро кашид

Дар маҳаллаи Ҳуснобод дар канори Душанбе мақомот чанд хонаи навсохтро вайрон кардаанд, зеро ба қавли онҳо ғайриқонунӣ сохта шудаанд. Сокинон мегӯянд, санадҳо барои сохтмонро гирифтаанд.

Ozodi.org 

Рогозин гуфт, Facebook саҳифаашро муваққатан баст

Раҳбари баҳсбарангези идораи коиноти Русия Дмитрий Рогозин гуфт, ки ширкати Facebook як рӯз баъди раддубадалҳои хашини ӯ бо Майкл Макфол, собиқ сафири ИМА дар Маскав саҳифаи ӯро муваққатан баст. 23-юми январ, замоне, ки ҳазорҳо сокини Русия дар саросари ин кишвар бидуни ҳарос аз боздошт бо талаби озод кардани раҳбари мухолифон Алексей Навалний ба хиёбонҳо рехтанд, Макфол дар саҳифаи худ дар Твиттер назарҳои худро баён кард. Макфол ҷасорати эътирозгарони рус дар муқобили президент Владимир Путинро... Читать дальше...

Ozodi.org 

160 эътирозгари беларусӣ боздошт шуд

Дар намоишҳои эътирозии Беларус рӯзи 24-уми январ тахминан 160 нафар боздошт шуд. Ин мардум бо талаби истеъфои Александр Лукашенко, ки августи соли 2020 гуфт, дар интихоботи президентӣ пирӯз шудааст, ба хиёбонҳо баромада буданд. Эътирозгарон дар шиорҳои рӯзи якшанбеи худ инчунин ба зиндонии сиёсӣ Игор Лосик ҳамраъйӣ баён карданд. Ӯ аз миёнаҳои моҳи декабр ба ин сӯ ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ задааст. Лосик як блогнависи маъруф ва мушовири Радиои Озодӣ дар масоили фанновариҳои нави матбуотӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи "таҳрики шӯриш" аз ҷониби Трамп тасмим мегирад

Рӯзи 25-уми январ Маҷлиси намояндагони зери назари демократҳои ИМА қарор аст собиқ президент Доналд Трампро расман дар “таҳрики шӯриш” муттаҳам бикунад. Ин иттиҳом, ки бештар хусусияти расмӣ дорад, баъдан ба баррасии Сенат ирсол мешавад ва додситонҳо талош мекунанд бо дарёфти раъйи зарурӣ Трампро аз  талоши дастёбӣ ба мансаби президентӣ дар оянда боздоранд.   Рӯзи 13-уми январ, як ҳафта пеш аз тарки мақом кардани Трамп, Маҷлиси намояндагон бо тарафдории 232 нафар ва мухолифати 197 вакил ба импичменти Трамп розӣ шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Даҳҳо сокини пойтахт барои ифлос кардани оби дарёи Душанбе ҷарима шуданд

Идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе даҳҳо сокини пойтахтро барои ифлос кардани оби рӯдхонаву дарёҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст. Миёни ҷаримашудаҳо соҳибони ошхонаву муассисаҳои маишии пойтахт ҳам ҳастанд.

Ozodi.org 

"Султони Кабир" - яке аз бозорҳои калони Тоҷикистон оташ гирифт

"Султони Кабир" -- яке аз бозорҳои калон дар пойтахти Тоҷикистон субҳи 25-уми январ оташ гирифт. Ба гуфтаи соҳибкорон, оташсӯзӣ дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошинҳо сурат гирифтааст.




Ozodi.org 

Дар таркиши балони газ дар Панҷакент 12 нафар захмӣ шуданд

Дар натиҷаи таркидани як балони газ дар чойхонаи "Самарқанд" дар шаҳри Панҷакент 12 нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористон расонда шудаанд. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса касе нобуд нашудааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса пеш аз чоштгоҳи рӯзи душанбе, 25-уми январ руй додааст. Ба гуфтаи сарчашма, сокини деҳаи Майкатаи ҷамоати Амондара Ёлқин Тиллоев чойхонаро ба иҷора гирифта будааст. Мақомот гуфтаанд сабаби таркиш "риоя карда нашудани қоидаҳои бехатарӣ" аст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Байдену Макрон ҳамкориҳои наздики ИМА ва Аврупоро баррасӣ карданд

Президентони Фаронса ва ИМА - Эммануэл Макрон ва Ҷо Байден ба мувофиқа расиданд, ки дар масоили мубориза бо коронавирус ва тағйироти иқлим ҳамкорӣ мекунанд. Сӯҳбати нахустини телефонии онҳо рӯзи 24-уми январ баргузор шуд. Дар изҳороти дафтари президенти Фаронса омадааст, ки ду раҳбар “барои ҳамкорӣ ба хотири сулҳ дар Ховари Наздику Миёна, бахусус дар ҳалли масоили ҳастаии Эрон изҳори омодагӣ карданд”. Ҳафтаи гузашта Макрон аз тасмими Байден барои бозгашти ИМА ба созишҳое, ки аз он президенти пешин Доналд Трамп хориҷ шуда буд, истиқбол кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Даҳҳо нафарро барои олуда кардани дарёи Душанбе ҷарима карданд. ВИДЕО

Идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе даҳҳо сокини пойтахтро барои ифлос кардани оби рӯдхонаву дарёҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст. Миёни ҷаримашудаҳо соҳибони ошхонаву муассисаҳои маишии пойтахт ҳам будаанд

Ozodi.org 

Боздошти ду киштӣ дар Индонезия ба ҳангоми эҳтимоли қочоқи нафти Эрон

Индонезия гуфт, ки ду киштии нафткаши Эрон ва  давлати Панамаро бо иттиҳоми қочоқи нафт дар обҳои ин кишвари Осиёи ҷанубушарқӣ боздошт кардааст. Дар гузашта Эронро чандин бор дар он муттаҳам карданд, ки бо талоши фирор аз таҳримҳои ИМА, низоми назорати ҳаракати киштиҳоро хароб мекунад. Оҷонсии амнияти баҳрии Индонезия рӯзи 25-уми январ гуфт, ки нафткашҳои азими MT Horse ва MT Freya  рӯзи гузашта дар обҳои вилояти Калимантан боздошт шуданд ва барои баргузории тафтишот ба ҷазираи Батам интиқол дода мешаванд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Мубориза барои Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе оғоз ёфт

Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 дар минтақаи Душанбе имрӯз, 25-уми январ, шуруъ шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқаи анъанавӣ дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ – баргузор мешавад. Марҳилаи муқаддамотӣ дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - сурат мегирад. Дар минтақаи Душанбе чаҳор дастаи лигаи олӣ ва панҷ дастаи лигаи аввал ширкат доранд, ки бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Локомотив-Помир”-и Душанбе... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳодисаҳои нохуш дар чанд рӯзи номусоидии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳавои номусоиди чанд рӯзи ахир ҳодисаҳои нохушро дар Тоҷикистон афзоиш додааст.  Сухангӯи Кумитаи ҳолатаҳои фавқуллода рӯзи 25 январ гуфт,  ки барфрезии зиёд дар охири ҳафтаи гузашта баъзе аз қисматҳои роҳи мошингарди ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошими Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро баст. Баъди тоза кардани барф ҳоло роҳҳо дубора боз  гардидаанд. Рӯзи 22 -юми январ дар ноҳияи Дарвоз садами мудҳиш рух дод. Сокини 46-солаи шаҳри Хоруғ   бо панҷ мусофир ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе  аз ӯҳдаи идораи мошини  “Ланд Крузер”-аш набаромада... Читать дальше...

Ozodi.org 

Парвоз нест, вале қабули донишҷӯён бекор нашуд. Русия аз квотаҳо гуфт

Намояндагии “Россотдрудничество” дар Тоҷикистон дар бораи шурӯи номнависӣ барои таҳсил дар  макотиби  олии Русия дар  соли хониши 2021-2022 хабар медиҳад. Сабти довталабон тариқи вебсайт аз 20-уми январ то 20-уми феврали соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Қаблан нахуствазири Русия Михаил Мишустин қарори зиёд кардани квотаро барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия имзо  намуд. Тибқи он, дар соли нави хониш  шумори квотаҳо 18 ҳазор, соли 2022 - 23 ҳазор ва шурӯъ аз соли 2023 - 30 ҳазор хоҳад буд. Тоҷикистон чун солҳои қаблӣ 630 квотаро соҳиб шудааст.

Ozodi.org 

ADB барои касбомӯзии муҳоҷирон $30 млн дод. Мушкили бекорӣ ҳал мешавад? ВИДЕО

Бонки Осиёии Рушд мехоҳад, бо ҷудо кардани 30 миллион доллар ба рушди бозори кори Тоҷикистон, аз ҷумла ба касбомӯзӣ ҷалб кардани муҳоҷирони корӣ кӯмак кунад. Тарҳи созишномаи грантӣ ё, кӯмаки билоива 1,5 миллион доллар саҳми Ҷопон ва бештар аз 3 миллион доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистонро низ дар бар мегирад. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 21-уми январ аз ин тарҳ ҷонибдорӣ кард. Коршиносон мегӯянд, ҳангоми татбиқи он, агар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб нашавад, шаффофият зери савол меравад. Бекорӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

АП: Парвози транзитӣ аз Тошканд ба Қазоқистон бидуни иҷозати ситод имкон надорад

Талоши бархе шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Қазоқистон тавассути парвози транзитии шаҳри Тошканд натиҷа надод. Парвозҳои миёни Тошканду Душанбе ҳафтаи гузашта барқарор шудааст. Оҷонсии “Азия-Плюс” бо такя ба як  манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки  сафари транзитӣ аз Узбекистон ба Қазоқистон дар ҳоле иҷозат аст, ки агар мусофирони тоҷик иҷозатномаи Ситоди муқобила бо коронавируси Қазоқистонро дошта бошанд. Яъне агар шумо ҳатто аз ягон корхонаву идораи Қазоқистон даъватнома доша бошед,... Читать дальше...

Ozodi.org 

Даромади буҷаи Русия аз ҳисоби патенти муҳоҷирон коҳиш ёфт

Русия дар 11 моҳи соли гузашта аз ҳисоби пули патенти муҳоҷирон беш аз 577 миллион доллар фоида гирифтааст. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия,  соли 2018 ин нишондод  757 миллион доллар будааст. Дар ин вазорат гуфтанд, ки аз моҳи январ то ноябри соли 2020 дар ҳудуди Русия каме беш аз миллион нафар муҳоҷирон патент гирифтаанд, дар ҳоле, ки соли 2019 - 1 миллиону 700 ҳазор нафар соҳиби патенти кор шудаанд. Қаблан эълон шуда буд, ки сафари шаҳрвандони  хориҷӣ ба ин  кишвар бо сабаби пандемияву маҳдудиятҳо  50 фоиз коҳиш ёфтааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик сафари сохтмончиёни тоҷик ба Иркутскро тасдиқ карданд

Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯяд,  гурӯҳи аввали сохтмончиёни тоҷик ҳафтаи равон ба шаҳри Иркустки Русия барои кор интиқол дода мешаванд. Қарор аст садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳри Русия дар мувофиқа бо се ширкати сохтмонӣ бо ҷойи кор таъмин шаванд. Вазорат рӯзи 25 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки  ҳамаи хароҷоти муҳоҷирони тоҷик  - шурӯъ аз  парвозу ҳуҷҷатгузорӣ то таъмин бо хӯроку хобгоҳ ва  карантини дуҳафтаина, аз ҳисоби ширкатҳои сохтмонӣ  пардохта мешавад.  Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯяд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Қаҳрамонии дучархасавор ба хотири некӣ ба кӯдакон дар Фаронса

Орлен Фонтенуа, дастоварди навашро таҷлил мекунад. Қаҳрамони дучархасаворӣ дар ноҳамворӣ 768 зинаро дар ним соат боло рафт ва ба ошёнаи 33-уми осмонхароши “Тринити” дар маҳаллаи Дефанси Париж расид.

Ozodi.org 

Дейзи Синделар иҷрокунандаи вазифаи президенти РАО/РО шуд

Бо қарори раҳбари кунунии Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико (USAGM), Дейзи Синделар иҷрокунандаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъин шуд. Инчунин дар изҳороти 24-уми январи Келу Чао, иҷрокунандаи мақоми Раиси USAGM гуфта мешавад, ки Бей Фанг - президенти Радиои “Осиёи озод” (RFA) ва Келли Салливан - иҷрокунандаи президенти Шабакаи суханпарокании Ховари Миёна (MBN) таъин мешаванд. Чао гуфт, “боварии зиёд дорам, ки ин раҳбарон журнализми баландсифати мустақил, бетарафона ва касбиро таъмин хоҳанд кард”. Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Ru24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Ru24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Ru24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Захарова назвала «кровавым преступлением» убийство военкора Ерёмина

В Москве резко взлетели цены на "откос" от армии

Мошенники похитили со счета 79-летней москвички более 16 млн рублей

«Не вздумайте брать»: Роскачество предупреждает всех, кто закупается в «Пятерочке», «Магните», «Ашане»

Музыкальные новости

Почему Владимир Меньшов снял «Москва слезам не верит»

Бастрыкин запросил доклад по делу о нападении на журналистов в Москве

В России на треть вырос спрос на туристическое жилье в летний период

Житель Горно - Алтайска оплатил задолженность по алиментам после ареста автомобиля

Новости России

«Есенин русского хоккея». К 75-летию Александра Мальцева

Изменения в день субботника: в Минске изменили график работы общественного транспорта

В Москве насчитывается более 8,5 тысячи исторических памятников

Ефимов: в рамках программы КРТ на севере Москвы реорганизуют три участка

Экология в России и мире

Lamoda и Fashion Factory School: локальные бренды присутствуют в гардеробе 75 процентов россиян

Заражение крови и менингит: через популярные блюда в ЮВА можно заразиться инвазивной болезнью

Сотрудники Росгвардии приняли участие в чемпионате Центрального округа по боксу.

Ищете конференц-зал в Екатеринбурге?

Спорт в России и мире

Что чаще всего едят на завтрак дети Елены и Новака Джокович?

Озвучены шансы Елены Рыбакиной на победу над лучшей теннисисткой мира

Россиянка Хромачёва вышла в финал турнира WTA в Руане в парном разряде

Арине Соболенко предрекли победу на Уимблдоне-2024

Moscow.media

При силовой поддержке Росгвардии задержаны подозреваемые в организации незаконной миграции

Обгон через сплошную с летальным исходом

Сотрудники Росгвардии приняли участие в чемпионате Центрального округа по боксу.

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Врач МОНИКИ развеяла основные мифы о донорстве крови

Облачность и дожди ожидаются в Москве 20 апреля

С 27 апреля теплоходы от Северного речного вокзала до Химок и Захарково возобновят работу

Ефимов: На севере города реорганизуют три участка с объектами незавершенного строительства