Мы в Telegram
Добавить новость

Стало известно число совершенных коррупционных правонарушений в РФ за 2023 год

Суда от Северного речного вокзала до Южного Тушина и Химок вновь начали ходить

Горожан предупредили о сильном ливне и грозе в ближайшие часы

Андрей Воробьев: «День добрых дел» объединил учащихся Подмосковья



World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Январь
2021

Новости за 27.01.2021

Ozodi.org 

Додситон ба Маҳмурод Одинаев 15 сол зиндон талаб кардааст

Дар мурофиаи рӯзи 27-уми январ дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ намояндаи додситонӣ (айбдоркунандаи давлатӣ) ба Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси ҲСДТ ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, 15 сол зиндон талаб кардааст.

Ozodi.org 

Ба тоҷирони "Султони Кабир" кумак ваъда додаанд

Моликони бозори "Султони Кабир" гуфтанд, дӯконҳои сӯхтаро дубора барқарор ва соҳибкоронро аз додани ҳаққи бозор озод мекунанд. Баъзе аз тоҷирон гуфтанд, ин ҳамон ваъдаест, ки дар ҳодисаҳои пешина низ садо дода, қисман иҷро шудааст, вале нигаронии онҳо аз он аст, ки зиёни молҳоро кӣ ҷуброн мекунад.

Ozodi.org 

Муштариёни норозии "Тоҷпромбонк" ба дари Бонки Миллӣ ва порлумон рафтанд. ВИДЕО

Як гурӯҳ аз амонатдорони "Тоҷпромбонк" аз раҳбарияти Бонки Миллӣ ва вакилони порлумон дар бораи тақдири пулҳои бандмондаи худ шарҳ хостанд. Ин бонкро моҳи феврали соли 2017 бастанд, вале то ҳанӯз амонати аксар муштариёнро надодаанд.

Ozodi.org 

"Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 бо "Ал-Ҳилол" ва "Шабоб Ал-Аҳлӣ" бозӣ мекунад

Дастаи «Истиқлол» -и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунад. Рақибони бошгоҳи Душанбе “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Шабоб Ал-Аҳлӣ” (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф “Ал-Ғарафа” (Қатар) - AГMК (Узбекистон) хоҳанд буд. Тибқи натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 даҳ гурӯҳ ташкил шуд. Даври гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарбӣ аз... Читать дальше...

Ozodi.org 

Рақибони "Равшан" ва "Хуҷанд" дар Ҷоми AFC-2021 маълум шуданд

Рӯзи 27-уми январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 баргузор шуд. Тибқи натиҷаҳои он бошгоҳҳои Тоҷикистон - "Равшан"-и Кӯлоб ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд рақибони худро донистанд. Ғолиби феълии Ҷоми Тоҷикистон - «Равшан» дар гурӯҳи «Е» бозӣ мекунад. Рақибони “Равшан” қаҳрамони Қирғизистон -"Дордой"-и Бишкек ва ноиби қаҳрамони Туркманистон "Аҳал" хоҳанд буд. Дорандаи медали нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон - «Хуҷанд» ба гурӯҳи «F» ворид шуд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Русия қоидаҳои додани ҳаққи иқоматро осон кард

Дар Русия аз моҳи январ қароре ба иҷро даромад, ки қоидаҳои гирифтани ҳаққи иқоматро барои хориҷиён аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик осон мекунад. То куҷо дуруст иҷро шудани он маълум нест. Гузориши ҳамкорони мо Настояшее Время.

Ozodi.org 

Эътирози думоҳаи кишоварзони Ҳинд ба хушунат печид

Дар паи ду моҳи эътирозҳои  кишоварзону деҳқонони Ҳинд  алайҳи ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ рӯзи 27-уми январ шаҳри Деҳлӣ таҳти чораҳои шадиди амниятӣ гирифта шуд. Дар ин рӯз ҳазорҳо кишоварзон бо ходимони полис вориди даргирӣ шуданд. Дар задухӯрдҳо як эътирозгар кушта ва даҳҳо ходими полис маҷрӯҳ шуданд. Раҳбарони эътирозҳо бархе афроди хушунатпешаро дар сар задани ин ҳодиса гунаҳгор карда гуфтанд, ки раҳпаймоии эътирозии худро идома медиҳанд. Аз моҳи ноябр ба ин сӯ даҳҳо ҳазор кишоварзон даст ба эътироз зада мегӯянд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Маскав хост, Вашингтон ба созиши ҳастаӣ бо Теҳрон баргардад

Маскав дар ҳамовозӣ бо Теҳрон аз президенти ИМА Ҷо Байден даъват, ки таҳримҳои сахти иқтисодии боршуда ба Ҷумҳурии Исломӣ бардошта шаванд, то ки созиши ҳастаии ин кишвар бо қудратҳои ҷаҳонӣ нигоҳ дошта ва барномаи ҳастаияш таҳти назорат бошад. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 26-уми январ дар вохӯрӣ бо ҳамкори эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Маскав гуфт, ки мавзеъгирии Теҳронро пуштибонӣ мекунад ва таҳримҳо бояд бардошта шаванд, то Эрон ба иҷрои шартҳои созишнома баргардад. Президенти... Читать дальше...




Ozodi.org 

ИМА таҳрими масъулони Додгоҳи Гаагаро бозбинӣ мекунад

Сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 26-уми январ гуфт, ки маъмурияти Байден таҳримҳои ИМА болои Додгоҳи ҷиноятҳои байналмилалӣ ҷоришуда бо сабаби  таҳқиқи қонуншиканиҳои низомиёни амрикоӣ дар Афғонистонро бозбинӣ мекунад. Тасмими ҷорӣ кардани таҳрим ва манъи сафар ба ИМА барои кормандону масъулони додгоҳ, ки гуфт, ҷиноятҳои низомиёну кормандони амниятии амрикоиро дар Афғонистон таҳқиқ мекунад, соле пеш аз ҷониби маъмурияти президент Доналд Трамп гирифта шуд. Маъмурияти Трамп он замон трибунали Гаагаро... Читать дальше...

Ozodi.org 

G7 Русияро барои ҳабси Навалний маҳкум кард

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафтгона Русияро барои боздошти “дорои ангезаҳои сиёсии” мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ва ҳам “саркӯби хушунатомези” эътирозгарони озодии ӯ маҳкум ва озодии ӯро талаб карданд. Дар изҳороти муштараки  рӯзи 26-уми январе, ки вазирони хориҷаи Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҷопон, ИМА ва Бритониё имзо карданд, боздошти “риққатангез”-и Навалний интиқод ва озодии “билофосилаву беқайдушарти” ӯ тақозо шудааст. Дар изҳорот ёдоварӣ шудааст, ки Русия бояд мутобиқ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дума бо тамдиди 5-солаи созиши боздорандаи силоҳҳо розӣ шуд

Дар Русия вакилони маҷлис бо тамдиди панҷсолаи мӯҳлати созиши New START розӣ шуданд, ки ҳамчун қарордоди боздорандаи силоҳҳои ҳастаӣ маъруф аст ва як санади муҳими миёни Маскаву Вашингтон ба шумор меравад. Думаи давлатӣ дар овоздиҳии рӯзи 27-уми январ бо раъйи оро ба тамдиди санад мувофиқат кард. Ин созишнома соли 2010 имзо шуда, мӯҳлати иҷрояш ҳафтаи оянда ба охир мерасад. Бар асоси шартҳои ин созишнома, Русия ва ИМА шумори кулоҳакҳои ҳастаӣ, мушакҳо ва бомбафканҳои худро дар миқдори муайян нигоҳ медоранд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҷумҳурихоҳҳо моил нестанд. Арзёбиҳои нахустини аъмоли Трамп дар Сенат

Дар овоздиҳии расмии пеш аз шурӯи муҳокимаи импичменти президенти собиқ Доналд Трамп бараъло дида шуд, ки барои муҳокимаи амалҳои ӯ дар робита бо иттиҳоми таҳрики ошӯб дар Капитол шумори зарурии ҷумҳурихоҳҳо овоз намедиҳанд. Сенати ба раҳбарии демократҳо рӯзи 26-уми январ талошҳои қатъи муҳокимаи Трампро бекор кард, вале айни замон танҳо панҷ узви ҳизби ҷумҳурихоҳ ба 50 узви ҳизби демократ дар Сенат аз ин чиз пуштибонӣ карданд.  Барои шурӯи ҷараёни импичмент ба иловаи 50 раъйи демократҳо ҳадди аққал 17 раъйи ҷумҳурихоҳҳои Сенат лозим мешавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Нархи роҳкиро дар масири Хуҷанд-Душанбе гарон шуд, чаро?

Онҳое, ки ин шабу рӯз аз вилояти Суғд ба Душанбе сафар мекунанд, аз боло рафтани қимати роҳкиро шикоят доранд. Агар чанд рӯз пеш онҳо метавонистанд бо 50-80 сомонӣ аз Хуҷанд ба Душанбе расанд, акнун роҳкиро то 130-150 сомонӣ расидааст.

Ozodi.org 

Роҳкирои Хуҷанд - Душанбе боло рафт. Аз барфи калон ё нархгузории вазорат? ВИДЕО

Онҳое, ки ин шабу рӯз аз вилояти Суғд ба Душанбе сафар мекунанд, аз боло рафтани қимати роҳкиро шикоят доранд. Агар чанд рӯз пеш онҳо метавонистанд бо 50-80 сомонӣ аз Хуҷанд ба Душанбе расанд, акнун роҳкиро то 130-150 сомонӣ расидааст.

Ozodi.org 

Amnesty International: мақомоти Беларус иттиҳомоти шиканҷаро таҳқиқ накарданд

Созмони Афви байнулмилал (Amnesty International) дар гузорише, ки 27-уми январ нашр шуд, гуфт, мақомоти Беларус иттиҳомоти шиканҷа шудани ширкатдорони намоишҳои эътирозиро  таҳқиқ накарданд. Гузориш мегӯяд, ҳеҷ як нафари дастдошта дар шиканҷаву бадрафторӣ бо эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи 9-уми августи порсол ва талабгори истеъфои Александр Лукашенко ба ҷавобгарӣ кашида нашуд ва бо ҳамин далел, ба қавли созмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои барои таъмини адолат иқдом  кунад. Марие Струзерс, раиси... Читать дальше...

Ozodi.org 

Фаъолон: Бархе муҳоҷирон бо ҳар роҳ мехоҳанд ба Русия баргарданд

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон  дар Русия мегӯянд, бинобар  баста будани марзҳо ва барқарор нашудани парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия, муҳоҷирони тоҷик бо ҳар васила, ҳатто бо роҳҳои ғайриқонунӣ кӯшиш мекунанд худро ба Русия расонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин охирҳо  ҳолатҳое низ зиёд будааст, ки баъзе мусофирони  парвозҳои чартериро, ки аз Тоҷикистон ба Русия расиданд,  нагузоштанд аз дохили фурудгоҳ ба шаҳр ворид шаванд. Муҳаммад Собиров, як ҳуқуқшиноси созмони “Тонг ҷаҳонӣ” дар  Маскав мегӯяд,... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар соли COVID-19 аз вилояти Маскав 400 муҳоҷир ихроҷ шудааст

Дар давраи ҳамагирии COVID-19 аз вилояти Маскав беш аз 400 шаҳрванди хориҷиро ихроҷ кардаанд, ки аксарашон шаҳрвандони Узбекистон будаанд. Ба гуфтаи намояндаи хадамоти матбуоти Саридораи амнияти минтақавӣ, аз 1-уми март то 31-уми декабри соли 2020 - 404 муҳоҷир аз ҳисоби Русия ба ватанашон фиристода шуданд. Бештари онҳо узбек буда, ҳамагӣ 8 дарсадро муҳоҷирони тоҷик ташкил додаанд. Мақомоти муҳоҷират ва ҳифзи қонуни Русия, ки бо шеваи зӯроварона ва дурушти бархӯрд бо муҳоҷирон маъруфанд, дар солҳои... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ширкати таксии Маскав хост, ронандаҳояш воксинаи зидди COVID-19 бигиранд

Раҳбарони ширкати "Яндекс.Такси" аз мақомоти Маскав хостаанд, ки барои эм кардани ронандагону хаткашонҳо ва ё расонандагони ғизои ин ширкат, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, мусоидат кунанд. Хабаргузории ТАСС ба нақл аз намояндагони ширкат менависад, ки на ҳамаи ин кормандон бима ё суғуртаи тиббӣ доранд, бинобар ин хоҳиш шудааст, ки барои ин муҳоҷирон ваксингузаронии ройгон ташкил гардад. Аз ҷумла, зикр шудааст, ки дар давраи пандемия талабот ба хадамоти ронандагон ва расонандагони хӯрок афзудааст ва зарур аст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Нияти Тоҷикистон барои афзоиши содироти барқ ба Афғонистон

Тоҷикистон нақша дорад, ки дар оянда содироти барқ ба Афғонистонро бештар кунад. Хабаргузории “Авеста” менависад, ки бо ин ҳадаф соли ҷорӣ хатҳои баландшиддати барқ сохта мешаванд. Хатти интиқоли барқи 500-киловолта аз нерӯгоҳи барқи обии Роғун то зеристгоҳи Сангтӯда бунёд мегардад. Ба қавли ин хабаргузорӣ,  феълан  байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш Узбекистон, Қирғизитсон ва  Афғонистон 13 хатти интиқоли барқ бо  шиддатҳои гуногун амал мекунанд. Чанд соли охир Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди  1,2 то 1,3 миллиард кВт/соат барқ фурӯхтааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Душанбе ҷаласаи солонаи ҳукумат ҷараён дорад

Имрӯз бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳукуматӣ баргузор мешавад. Дар ҷаласа  кори яксолаи ҳукумат натиҷагирӣ   ва ҳам  нақшаву барномаҳо барои соли 2021  баррасӣ мегарданд. Як манбаи  хабаргузории "Азия-Плюс" дар ин ҷаласа  ҳисоботи  Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар  дар соли гузашта шунида мешаванд. Эҳтимол меравад, ки тағийроти кадрӣ низ сурат бигирад.  Дар ҷаласа  раҳбарони ҳамаи шарҳу ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои давлатӣ... Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week

27 апреля 1974 года - первый молодежный ударный отряд отправился на БАМ

Источник 360.ru: водитель погиб в ДТП в ТиНАО, травмы получили два пешехода

Блогер Асхаб Тамаев попал в ДТП в районе "Москва-Сити"

Музыкальные новости

Тренер "Спартака" Слишкович заявил, что доволен ничейной игрой против ЦСКА

В ходе беседы у костра Никол Пашинян подчеркнул необходимость пропаганды здорового образа жизни

Сбер подарил Орлу умный фонтан

Отец из Панамы, школьная любовь и любимая еда: Елена Борщёва раскрыла все тайны на шоу ТВ-3 «Вкусно с Анфисой Чеховой»

Новости России

Байден: США делают все возможное для возвращения Гершковича и Уилана

В Мытищах молодые пожарно‑спасательные команды проверили свои навыки

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week

По делу экс-замминистра обороны Иванова арестован его подчиненный Филатов

Экология в России и мире

Компания ICDMC стала победителем престижной премии в сфере ЗОЖ – Green Awards 2023/24

Весенние субботники прошли на предприятиях «Московского» филиала ООО «ЛокоТех-Сервис»

Дом, милый дом: участки под строительство от компании Родные земли, цены, отзывы

Врач-гигиенист сети клиник «Мегастом» Ольга Жидких: как правильно ухаживать на полостью рта и зубов

Спорт в России и мире

Прямая трансляция матчей Рыбакиной и Путинцевой за выход в 1/8 финала турнира в Мадриде

Камбэком обернулся матч вундеркинда из России перед стартом Еленой Рыбакиной в Мадриде

Мирра Андреева замыкает год // 16-летняя российская теннисистка успешно стартовала на крупном турнире WTA в Мадриде

Азаренко не смогла пробиться в 1/8 финала турнира в Мадриде, уступив Соррибес-Тормо

Moscow.media

Каршеринг BelkaCar и картографический сервис 2ГИС запустили серию совместных маршрутов

"Ущерба машине на несколько сотен тысяч рублей"

Музеи Твери. Императорский путевой дворец.

«1418»: выставка секции «Арт-фото» ТСХР в зале «Лаврушинский`15»











Топ новостей на этот час

Rss.plus






По делу экс-замминистра обороны Иванова арестован его подчиненный Филатов

Заместитель прокурора Брянской области и бизнес-омбудсмен провели встречу с предпринимателями Бежицкого района

Спортсмены из 31 региона РФ, Белоруссии и Казахстана приняли участие в фестивале адаптивного футбола

Православные христиане отмечают Вербное воскресенье