Дар яке аз роҳравҳову деворе дар шаҳри Хуҷанд навиштаҷоте бо даъвати истеъфои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пайдо шуда ва рӯзе баъд пок шудааст.
Дар яке аз роҳравҳову деворе дар шаҳри Хуҷанд навиштаҷоте бо даъвати истеъфои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пайдо шуда ва рӯзе баъд пок шудааст. Маълум нест, кӣ ва кай онро навиштааст, вале видеои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.
Дар Тоҷикистон расман лимити барқ ҷорӣ карданд. Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" дар муроҷиати расмии худ гуфтаанд, маҳдудият танҳо ба аҳолии рустонишин дахл дорад ва ба сокинони биноҳои баландошёна рабт намегирад.
Тоҷикистон иддао дорад, ки бар коронавирус пирӯз шудааст. Аз ин ҷост, ки бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе ниқобҳояшонро дар ҷайбашон нигаҳ медоранд.
Ҳавои сард ва "сармои сибирӣ" дар Душанбе ва навоҳии атрофи он то рӯзи 8- уми январ идома хоҳад кард. Тоҷикистонро дар чанд рӯзи ахир сармои шадид фаро гирифтааст. Бино ба иттилои Маркази обу ҳавошиносии кишвар, ин "сармои сибирӣ" аст, ки "аз ғарби Сибир тариқи Қазоқистон вориди Тоҷикистон шудааст". Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯзи ахир дар Душанбе ҳаво то 3 дараҷа сард аст ва эҳтимол дорад ин сардӣ рӯзҳои наздик ба як то ду дараҷа бирасад. Читать дальше...
Рӯзи 5-уми январ як парвози чартерӣ дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд анҷом ёфт. Гузориши Искандар Фирӯз ва Барот Юсуфӣ.
Маҳаллаи "Арбобхотун" аз ноҳияи Рӯдакӣ ба тобеияти пойтахт гузашт. Акнун соҳиби мактаб мешавад? Гузориши Алишер Зарифӣ ва Шаҳлои Абдулло.
Баъд аз моҳҳо "танаффус", рӯзи 5-уми январ, миёни Тоҷикистону Узбекистон як парвози чартерӣ анҷом шуд.
Понздаҳ пизишки ояндаи Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи тиббии Алмаатои Қазоқистон таҳсил мекунанд, мегӯянд, мумкин аст, донишомӯзии онҳо дар он ҷо нотамом монад.
Русия ва Қазоқистон талош доранд, дар мулоқоти навбатии аъзои ОПЕК+ ҳаҷми истихроҷи нафтро боло баранд.
Сон Ҳюнг Мин, ҳамлагари 28-солаи бошгоҳи "Тоттенҳэм"-и Англия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2020, ки онро нашрияи варзишии "Fox Sports Asia" таъсис додааст, эълон гардид. Барои ин ҷоиза 24 бозигар довталаб буд. Дар ин бора сомонаи нашрия хабар додааст.
Узбекистон дар канори маркази тиббие, ки дар ноҳияи Қубодиён бунёд мекунад, як бемористони дигар барои гирифторони коронавируси нав хоҳад сохт.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар арафаи интихоботи порлумонии ин кишвар бо нашри матлабе дар як нашрияи маҳаллӣ гуфтааст, "ислоҳоти сиёсӣ масъалае нест, ки дар як рӯз ё як сол ҳал шавад".
Арабистони Саудӣ аз рӯзи душанбе марзҳои ҳавоӣ, дарёӣ ва заминии худро бо Қатар, ки аз соли 2017 ба ин сӯ баста буданд, дубора кушод.
Нуъмонҷон Юсупов, мутахассиси 47-солаи тоҷик, сармураббии бошгоҳи “Олой”-и Ӯш, ки дар Премер-Лига ё Лигаи бартари футболи Қирғизистон бозӣ мекунад, таъйин шуд.
Дар остонаи тазоҳуроти барномарезишудаи тарафдорони раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп, шаҳрдори Вашингтон сарбозони Горди миллиро барои таъмини амният сафарбар кардааст.
Кореяи Ҷанубӣ аз Ҷумҳурии исломии Эрон талаб кард, ки киштии боздоштшудаи ин кишварро зуд раҳо кунад.
Куриёи Ҷанубӣ ва Амрико аз Эрон хостаанд, киштии нафткаши мутаалиқ ба Куриёи Ҷанубиро раҳо кунад. Киштии “МТ Ҳанкук Хеми”-ро мақомоти Эрон рӯзи 4-уми январ ба гуфтаи онҳо барои барои “олуда кардани об бо нафт” дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз дастгир карданд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз сокинони кишвараш даъват кардааст, агар дар бораи маҳалли будубоши муовини пешини раиси кумита Болотбек Суюмбоев маълумоте доранд, ба ин ниҳод хабар диҳанд.
Дар Бритониё дигарбора карантини саросарӣ эълон карданд, то пеши роҳи сирояти босуръати коронавирусро бигиранд.
Мусобиқаи "Ҷоми рушд - 2021" аз 30 январ то 7 феврал дар пойтахти Белорус - шаҳри Минск баргузор мешавад
Як духтари 23-солаи тоҷик аз шаҳри Душанбе бакорати худро дар музоядаи байналмилалии онлайн бо нархи 10 ҳазор доллар ба фурӯш гузоштааст.
Полковники милитсия Шекербек Тангиров аз мақоми сардори пулиси ноҳияи Оқсуи вилояти Ҷалолободи Қирғизистион барканор шуд. Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтанд, ки Тангировро баъди эътирози наздики 300 сокини маҳаллӣ аз вазифааш сабукдуш карданд. Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, сокинони Оқсу 4-уми январ ба нишони эътироз роҳи мошингарди Ала-Бука - Чаткал - Ҷалолободро бастанд. Сокинони Оқсу баъди он даст ба эътироз заданд, ки пулис наздикони онҳо - Кутман, Тургун... Читать дальше...
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар 17-умин мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021", ки аз 30-юми январ то 7-уми феврал дар Мински Беларус баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 645 ҳолати нави мубталошавӣ ба COVID-19 ва 38 ҳолати дигар ба "илтиҳоб" ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дар он кишвар дар як рӯзи охир 7 тан аз вабои коронавирус фавтидааст. Дар маҷмуъ, шумори гирифторони вабои коронавирус дар Қазоқистон ба 157 ҳазору 579 кас расидааст. Шуруъ аз 13 марти соли 2020 то рӯзи 3 январи соли 2021 дар Қазоқистон аз ин вабо 2336 кас фавтидааст. Ба иттилои мақомоти тандурустии Қазоқистон, айни ҳол 22 ҳазору 710 кас дар беморхонаҳо табобат мегиранд. Читать дальше...