Хонаи начандон калоне дар шаҳри Душанбе 15 сол боз мавриди баҳсҳои додгоҳист ва поёни ин кашокаш намудор нест. Сабаб дар он аст, ки додгоҳҳои зинаҳои гуногун ҳукме мебароранд, ки ҳукми пешинаро бекор мекунад. Ҳарду тараф худро ҳақ медонанд ва ба зидди ҳукме, ки ба фоидаи онҳо нест, садо баланд мекунанд. Охирин ҳукм аз Додгоҳи шаҳри Душанбе ва аз моҳи октябри соли гузашта аст. Он ғолиби пешина, Умаралӣ Саидовро аз ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки ба фоидааш буд, маҳрум кард. Бино бар ҳукми пешинаи Додгоҳи олӣ... Читать дальше...
Табибон рӯзи 29-уми январ панҷгоникеро, ки тақрибан як моҳ пеш дар Душанбе ба дунё омаданд, ба хонаи волидон, ба ноҳияи Қубодиён, фиристоданд. Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Бибиоишаро Дилноза Маматоваи 31-сола ба дунё овардааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рафт, то зиндагии мардумро дар айёми зимистон аз наздик бибинад. Аксҳои зер аз гӯшаҳои ин ноҳияи дурафтодаи Тоҷикистон, аз ҷумла деҳаи Сафедоб ва наздикии дарёи Панҷ ҳастанд.
Ҳуқуқдонҳо муҳоҷиронро аз сафари ғайриқонунӣ ба Русия ҳушдор медиҳанд. Баҳори соли гузашта ҳазорҳо муҳоҷир дар Русия аз кор маҳрум шуда, ба хонаҳои худ баргаштанд. Ҳоло бо поён ёфтани ваҳму таҳлука дубора талоши бозгашт ба Русияро доранд.
Freedom Now, як созмони мустақар дар Вашингтон, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, итминон бидиҳанд, ки рӯзноманигор Далер Шарифов дар оянда таҳти таъқиб қарор нахоҳад гирифт.
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои мусобиқаи асосии бошгоҳии қора - Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021-ро, ки дар он қаҳрамони Тоҷикистон - "Истиқлол"-и Душанбе низ ширкат меварзад, эълон кард.
Бо вуҷуди даъватҳои Созмони Милали Муттаҳид, мақомоти Эрон рӯзи 30-юми январ як намояндаи ақаллияти балуҷро эъдом карданд.
Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо нигаронӣ аз паҳншавии навъи ҷадиди коронавирус маҳдудиятҳои нави сафар ҷорӣ карданд.
Нигарониҳои байнулмилалӣ дар бораи эҳтимоли инки нирӯҳои мусаллаҳи Мянмар баъд аз як даҳаи тақсими қудрат барои пурра ба даст гирифтани он талош дорад, афзудааст.
Барои хизматҳо ва саҳми калон дар рушди варзиши сабук дар Ӯзбекистон зодаи Тоҷикистон Андрей Абдувалиев бо мукофоти олӣ сарфароз карда шуд
Ҳиҷоб ё рӯсарӣ чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон масъалаи ҷанҷолӣ шудааст. Баъзеҳо онро "фарҳанги бегона" ва баъзеи дигар "амри Худованд" меноманд. Масъала танҳо хоси Тоҷикистон нест ва дар бисёр кишварҳо боис ба баҳс шудааст.
Ҳиҷоб ва ё сатру рӯсарӣ чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон масъалаи ҷанҷолӣ шудааст. Баъзеҳо онро "фарҳанги бегона" ва баъзеи дигар "амри Худованд" меноманд.
Додгоҳе дар Маскав Олег Навалний, бародари пешвои мухолифини Русия Алексей Навалний ва шуморе аз муттаҳидони дигари ӯро барои ду моҳ ба ҳабси хонагӣ гирифт.
Тақвими бозиҳои дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021, ки 14-уми майи имсол оғоз меёбад, муайян гардид.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, гуруҳи 170-нафарии муҳоҷиронро аз Душанбе барои кор ба вилояти Иркутски Русия фиристоданд. Сафари онҳо субҳи 30-юми январ ва бо ризояти Ситоди муқобила бо коронавируси нав сурат гирифтааст.
Ҳукумати Ҷо Байден, президенти нави Амрико, фурӯши аслиҳаро ба Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб ба таври муваққатӣ қатъ кардааст.
Як гуруҳ аз соҳибкорон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шикоят карданд, ки молики Маркази савдои "Суғдиён" бар хилофи шартнома аз онҳо пул талаб мекунад. Ҷониби дигари баҳс мегӯяд, гап дар бораи ободу зебо кардани бозор меравад.
Гуруҳе аз соҳибкорони Маркази тиҷоратии “Суғдиён” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шикоят мекунанд, ки соҳиби бозор бар хилофи шартнома аз онҳо пул талаб мекунад. Молики маркази тиҷоратӣ мегӯяд, сухан аз маблағҳое меравад, ки барои хароҷот ва ободонии бозор бояд пардохт шавад.
Дар давраи таътил дар байни бачаҳо китоб тақсим мекунанд, то бачаҳо "бекор нашинанд." Маҳмудҷон Раҳматзода ба хонаи ду хонандаи як мактаб рафт ва ин гузоришро фиристод.
Тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар лигаи чемпионҳои КФО-2021 бо "Ал-ҳилол" ва "Шабоб Ал-Аҳлӣ" бозӣ хоҳад кард
Ҳарчанд баҳси бакорат дар ҷомеаи Тоҷикистон нав нест, он бори аввал дар додгоҳ баррасӣ хоҳад шуд.
Ширкати амрикоии афзорҳои биологии Novavax эълон кард, ки ваксинаи сохтаи он зидди коронавирус 89,3 дарсади коромадӣ нишон додааст.
Дар ҷаласаи Комиссияи миллии Қазоқистон барои тағйири алифбои ин кишвар гузина ё интихоби нави алифбои қазоқӣ бо ҳуруфи лотинӣ муаррифӣ шуд.