Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ё пулиси молии Қирғизистон сарвазири пешини ин кишвар Қуботбек Бороновро ба бозпурсӣ даъват кард. Аз ин хадамот гуфтанд, Боронов рӯзи 12-уми январ ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ мешавад. Пулиси молӣ ҷузъиёти парвандаеро, ки Боронов дар доираи он бозпурсӣ мешавад, ошкор накард. Пулиси молии Қирғизистон ҳанӯз моҳи октябри соли 2020 тафтиши тақсими ғайримақсадноки кӯмакҳои башардӯстонаеро шуруъ кард, ки барои мубориза бо вабои коронавирус пешбинӣ шуда буданд. Читать дальше...
Маҷлиси намояндагони конгресси ИМА рӯзи душанбе матни қатънома дар бораи импичменти президент Доналд Трампро нашр кард. Президенти ИМА дар "таҳрик ба шӯриш" айбдор мешавад. "Президент Трамп амнияти Иёлоти Муттаҳида ва ниҳодҳои давлатиро зери хатари ҷиддӣ қарор дод", - омадаст дар матн. Панҷ кас қурбони шӯриши тарафдорони Трамп шуданд. Муҳлати президентии Доналд Трамп рӯзи 20-уми январ ба поён мерасад ва президенти тозаинтихоб Ҷо Байден он рӯз савганд ёд хоҳад кард. Ташаббускорони қатънома тасмим доранд... Читать дальше...
Як оилаи ҷавон аз ноҳияи Сардобаи Узбекистон, ки дар натиҷаи рахна шудани садди обанбор хонаи худро аз даст додааст, мегӯяд, бо гузашти шаш моҳ ҳанӯз ҳам давлат манзили зисти онҳоро барқарор ё кумак накардааст. Ба гуфтаи Муниса Турғунбоеваи 27-сола, манзили сеҳуҷрагии онҳо 1-уми майи соли 2020 дар натиҷаи рахна шудани садди обанбор ва омадани сел осеби ҷиддӣ дид. Турғунбоева мегӯяд, барои кумак ба мақомот муроҷиат кард, вале то ҳол ҷуброни манзили зисти ӯ, ки он замон 58 миллион сӯм ($5,5 ҳазор) арзёбӣ шуда буд, пардохт нашудааст. Читать дальше...
Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қазоқистон (КМИР) рӯзи 11-уми январ натиҷаҳои аввалияи интихоботи порлумони ин кишварро эълом кард. Ба огаҳии КМИР, Ҳизби ҳокими "Нур Отан" 71,09 дарсад, Ҳизби халқии Қазоқистон 9,10 дарсад, Ҳизби "Оқ жол" 10,95 дарсад, Ҳизби "Ауил" 5,29 дарсад ва Ҳизби "Адал" 3,57 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд. Ҳаминтариқ раъйи зарурӣ (7%) барои ворид шудан ба порлумони Қазоқистонро се ҳизб - "Нур Отан", Ҳизби халқии Қазоқистон ва Ҳизби "Оқ жол" касб кардааст. Читать дальше...
Узбекистон муҳлати манъи парвозҳоро бо Бритониё, Итолиё, Дания, Австрия, Австралия, Нидерландия ва Африқои Ҷанубӣ то 1-уми феврали соли равон тамдид кард. Ин қарорро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза зидди коронавируси Узбекистон бо назардошти вазъи эпидемиологии кишварҳои мазкур қабул кардааст. Мақомоти Узбекистон пештар, дар пайи ошкор шудани намуди нави коронавирус дар Бритониё, парвозҳо ба чандин кишвар, аз ҷумла баъзе аз кишварҳои аврупоиро то 10-уми январ манъ карда буданд. Тибқи қарори комиссия... Читать дальше...
Баъди мулоқоти сеҷонибаи сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Русия Владимир Путин ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар шаҳри Маскав изҳороти муштарак қабул шуд. Се роҳбар ба созиш расиданд, ки "ҳамаи робитаҳои иқтисодӣ ва равуои нақлиёт"-ро байни Озарбойҷону Арманистон барқарор кунанд. Бино ба пешниҳоди Владимир Путин, барои барқарории ин равобит Гуруҳи кории сеҷониба ташкил мешавад. Гуруҳи корӣ то 1-уми марти соли 2021 нақшаи барқарорсозии равуои нақлиётро байни Озарбойҷону Арманистон... Читать дальше...
16 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки субҳи 11-уми январ аз Молдова баргаштанд, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе "бо худ бурдаанд".