Сарвазири пешин ва собиқ раиси ҳизби "Республика"-и Қирғизистон Омурбек Бабановаро ба бозпурсии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) даъват карданд. Бино ба иттилои масъулини КДАМ, тафтиши чанде аз парвандаҳо идома дорад, ки яке аз афроди дар онҳо зикршуда Бабанов аст. Сана ва соати бозпурсӣ дақиқ нест. Баъди интихоботи президентии соли 2017 дар Қирғизистон, ки Омурбек Бабанов мақоми дувумро касб карда буд, кишварро тарк ва фаъолияти сиёсиашро хатм кард. Вай дар Маскав қарор дошт ва моҳи августи соли 2019 ба Қирғизистон баргашт. Читать дальше...
Маркази мутолиоти амнияти миллии Исроил INCC дар арзёбии стротегӣ ва ё роҳбурдии солонаи худ аз шароити амниятии Исроил дар соли 2021 Эронро "бадтарин таҳдид" хонда, аммо буҳрони дохилии Исроилро ҳам дар радифи яке аз се таҳдиди ҷиддӣ барои ин кишвар тавсиф кардааст. Дар арзёбии ин муассисаи таҳқиқотӣ, ки чанде пеш нашр шуд, омадааст, ки мавзеъгирии ҳукумати нави Амрико нисбат ба Эрон хатароти амниятӣ барои Исроил ва эҳтимоли заиф шудани раҳбарони сиёсии Исроил дар баробари Эрон ва минтақаро бештар мекунад. Читать дальше...