Legatum Institute дар Лондон гуфтааст, Тоҷикистон дар 10 соли охир шукуфотар шудааст. Коршиносон мегӯянд, гузоришҳои баъзе аз пажӯҳишгоҳҳои байналмилалӣ бар пояи оморӣ расмӣ таҳия шуда, бозгӯи воқеият нестанд.
Нуран Ниёзалиев, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 16 ноябр бо сафири Қазоқистон дар Қирғизистон Кайрат Нурпеисов мулоқот кард. Ду ҷониб дар ин мулоқот бартарафсозии монеаҳои убуру мурури мошинҳои боркашро аз марзи Қазоқистону Қирғизистон баррасӣ кардаанд. Муовини вазири хориҷии Қирғизистон аз сафири Қазоқистон хостааст, ки барои бартарафсозии монеаҳои убур аз марз чораҷӯӣ кунанд. "Ҷонибҳо ба ташкили шароити мусоид барои соҳибкорону кишоварзон ва истеъмолгарони Қирғизистону Қазоқистон таъкид карданд"... Читать дальше...
Дар ноҳияи Чартаки вилояти Намангони Узбекистон нисбати зани 21-солае бо гумони фурӯши тифли шашмоҳааш парванда боз шуд. Ба иттилои мақомоти он кишар, зан мехост, тифлашро дар ивази 180 доллари ИМА ба зани 51-солае фурӯшад. Мақомоти Узбекистон мегӯянд, модари тифл дар ақди никоҳ қарор надорад. Пулиси ноҳияи Чартак бо моддаи "кӯдакфурӯшӣ" парванда боз шудааст. Дар моҳҳои охир ин чандумин ҳодисаи кӯдакфурӯшӣ аст, ки мақомоти Узбекистон хабар медиҳанд. Рӯзи 9 ноябр мақомоти вилояти Сирдарёи... Читать дальше...
Барандаи рӯ ба Аврупои интихоботи президентии Молдова ваъда дод, ки равобити ҳукуматаш бо Ғарбу Аврупо мутавозин мешавад. Майя Санду, иқтисоддони собиқи Бонки Ҷаҳонӣ дар даври дуюми интихоботи президентӣ рӯзи 15-уми ноябр бар Игор Додон рақиби рӯ ба Маскаваш ғалабаи қотеъ ба даст овард. Ба интихоботи президентӣ дар Молдова бисёриҳо ҳамчунин мисле ба як референдум нигоҳ мекарданд, ки вобаста ба ғалабаи номзад, самтгириҳои ҷомеаи ин кишвари воқеъ дар байни Украинаву Руминия ба сӯи Иттиҳоди Аврупо ва ё Маскавро мушаххас мекард. Читать дальше...