Раҳмон Набиев, нахустин раиси ҷумҳури мунтахаби Тоҷикистон, дар он шабу рӯзҳо ҳамроҳ бо гурӯҳи депутатҳои ҷиноҳи демократии Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе эътироф кард, ки дар интихоботи рӯзи 3-уми ноябр рақибаш аз Ҳизби демократ Ҷо Байден пирӯз шудааст, вале айни замон гуфт, ки пирӯзии ӯ ба «шарофати тақаллубкорӣ муассар шудааст.»
Рустамҷон Қурбонов, як барномасози тоҷик мегӯяд, нармафзорҳои телефоние, ки офаридааст, дар даҳҳо кишвар истифода мебаранд.
Як сокини ноҳияи Ванҷ бузи кӯҳии сибириро бо бузҳои маҳаллӣ дурага кардааст ва мегӯяд, аз ду ҷуфти гуногун навъи дигари буз ҳосил шудааст.
Як сокини ноҳияи Ванҷ бо дурага кардани як навъи ваҳшии буз ва бузи таҳҷоӣ, навъи наверо ба вуҷуд овардааст, ки кам мехӯрад, вале гӯшти зиёд медиҳад.
Армен Ҷигарханян, яке аз маъруфтарин ҳунарпешагон дар аҳди Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар синни 86-солагӣ дар гузашт. Дар ин бора Театри драммавии Маскав хабар дод. Ҷигарханян мудири ҳамин театр буд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки ваксина ба зидди коронавируси нав то моҳи апрели соли оянда дастраси омма мешавад.
Дар Руминия дар натиҷаи оташ гирифтани як шифохонае, ки онҷо гирифторони COVID-19-ро муолиҷа мекарданд, 10 нафар ба ҳалокат расидаанд ва чандин нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Маъмурони пулис дар Белорус даҳҳо нафар аз тазоҳургаронеро дастгир карданд, ки рӯзи 15-уми ноябр бо талаби истеъфои Александр Лукашенко ба хиёбонҳои Минск рехтанд.
Дар Молдова даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад, ки дар он ду рақиб, яке ғарбгаро ва дуввумӣ тарафдори Русия ширкат доранд. Кумиссиёни марказии интихобот гуфт, ки 2 ҳазор маркази ройдиҳӣ дар кишвар ва хориҷ дарҳои худро ба рӯи мардум боз карданд.
Арманистон ба ихтиёри Озарбойҷон супурдани минтақаҳои баҳсбарангези Қаробоғи куҳиро оғоз кард, ки як шарти созиши оташбас барои хотима додан ба ҷанги ду тараф аст. Бино ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми ноябр ноҳияи Калбаҷар ба ихтиёри Озарбойҷон супурда шуд ва теъдоде аз арманиҳои ноҳия пеш аз тарки ноҳия хонаҳояшонро оташ задаанд. Дар Калбаҷар то соли 1990 ва қабл аз оғози ҷанг барои Қаробоғи куҳӣ асосан озариҳо мезистанд ва баъдан онҳоро арманиҳо аз зодгоҳашон ронданд. Бисёре аз хонаҳое... Читать дальше...
Посдорони сулҳи Русия ба ноҳияи Калбаҷар дар Қаробоғи куҳӣ омаданд, ки Арманистон ба Озарбойҷон месупорад. Онҳо рузи 13-уми ноябр дар наздикии яке аз калисоҳои қадимаи Калбаҷар мустақар шуданд. Баъзе аз мардуми рустои инҷо хонаҳояшонро оташ зада аз ин ҷо мераванд.
Гуруҳе аз занони шаҳри Панҷакент бо норозигӣ аз ҳал нашудани мушкилашон пеши роҳи мошини Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғдро гирифтаанд. Занони деҳаи Кабудсанг талаб доранд, ки бинои холимондаи беморхонаи деҳаро ба кӯдакистон табдил диҳанд.
Ширкатҳои амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech хабар доданд, ки ваксинаи сохтаи онҳо аз COVID-19 муҳофизат мекунад. Хабар умедворкунанда аст, аммо танҳо як қадаме дар раванди дуру дароз мебошад.
Ширкатҳои амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech хабар доданд, ки ваксинаи сохтаи онҳо аз COVID-19 муҳофизат мекунад. Хабар умедворкунанда аст, аммо танҳо як қадаме дар раванди дуру дароз мебошад.