Чанде аз сокинони шаҳри Кӯлоб иддао доранд, ки як мураббии кӯдакистони "Ориён" бари рӯйи фарзандони онҳоро "сӯзондааст". Дар боғча гуфтанд, ки кӯдакон ҳангоми бозӣ ба "печка" ё бухорӣ бархӯрданд. Муфаттишони милиса ва додситонӣ қазияро таҳқиқ доранд.
Ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai парвози доимиашро ба Тоҷикистон кам кардааст. Аз ин ба баъд ҳавопаймои ширкат ҳафтае як бор дар масири Дубай - Душанбе ва баръакс парвоз анҷом медиҳад. Чунин тасмимро Ситоди мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон ва бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир гирифтааст. Намояндагони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло гуфтушунид дар бораи барқарории парвозҳои доимӣ бо Чину Тошканд ва Русия идома дорад.
Роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" созишнома бо сармураббии даста, Ҳаким Фузайловро тамдид нахоҳад кард ва ният дорад мураббии пешинро ҷалб намояд
Собирҷон Собиров, сартабиби Бемористони вилоятии Суғд, ки моҳи май дастури ба хонаҳояшон рухсат додани беморони коронавирус ва илтиҳоби шушро иҷро накард ва бо хоҳиши худ тарки вазифа намуд, рӯзи шанбеи 21-уми ноябр сартабиби яке аз бемористонҳои Хуҷанд таъйин шуд.
Марги ситораи футбол Диего Марадона тоҷиконро ҳам ангуҳгин кардааст. пурсиши Афсонаи Акобиршо.
Дар Суғд як ҳазору чорсад саги дайдуро маҳв намудаанд.
Волидон мураббиро бо азияти фарзандонашон дар кӯдакистон Кӯлоб муттаҳам мекунанд.
Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунон гуфт, ҳукумати нави Амрико бояд сиёсатҳои, ба қавли ӯ, нодурустеро, ки ҳукумати пешина дар тӯли чаҳор сол ҷорӣ карда буд, ҷуброн кунад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, мушовири пешини амнияти миллиаш Майкл Флинро афв кард.
Муҳоҷирони кории тоҷик, бино бар гаронии нархи билети ҳавопаймо ба Тоҷикистон, тавассути шаҳрҳои Узбекистон ва Қирғизистон худро ба ватан мерасонанд.
Шумораи гирифторони коронавируси нав дар ҷаҳон аз 60 миллион нафар гузашт. Дар ҳамин ҳол, омори мубталоён ба ин беморӣ дар Амрико ва баъзе аз кишварҳои дигар рӯ ба афзоиш аст.
Сокинони осебдидаи Сардоба 23-юми ноябр ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат карда, талаб намуданд, ки ба онҳо хонаи нав диҳанд.
Русия ба маблағи 8 миллион доллар ба Қирғизистон кумаки ғизоӣ фиристодааст.
Кумитаи зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Узбекистон идораи таъминкунандаи барқи пойтахти он кишвар, шаҳри Тошкандро ба додгоҳ кашид.
Дар як шабонарӯзи ахир дар Иёлоти Муттаҳида марги 2400 касро аз бемории коронавирус сабт кардаанд.
Номзадҳо ба унвони беҳтарин бозигари сол аз рӯи фарзияи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) маълум шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ин созмон хабар медиҳад. Барои ҷоиза Тяго Алкантара ("Бавария", "Ливерпул"), Криштиану Роналду ("Ювентус"), Кевин де Брейне ("Манчестер Сити"), Роберт Левандовски ("Бавария), Садио Мане ("Ливерпул"), Килиан Мбаппе ("Пари Сен-Жермен"), Лионел Месси ("Барселона"), Неймар ("Пари Сен-Жермен"), Серхио Рамос ("Реал"), Муҳаммад Салоҳ ва Вирҷил ван Дейк (ҳарду аз "Ливерпул") довталанд. Читать дальше...
26-уми ноябр зодрӯзи ҳазорон нафар аст, вале дар ин рӯз дур аз Тоҷикистон духтаре ба дунё омад, ки ҳашт моҳ пеш аз он падарашро кушта буданд ва модараш бо панҷ фарзанд мотамзадаву саргардон ба мулки ғурбат паноҳ бурда буд.
26 ноябр зодрӯзи ҳазорон нафар аст, вале дар ин рӯз духтаре ба дунё омад, ки ҳашт моҳ пеш аз он падарашро кушта буданд ва модараш бо панҷ фарзанд ба мулки ғурбат паноҳ бурд. Нишона духтари Умаралӣ Қувватов аст. Дар тамоси видеоӣ аз ҳоли Қумриннисо Ҳафизова (ҳамсари Қувватов) ва фарзандонаш пурсидем.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ҷамъомади таълимиву тамринии дуҳафтаинаро дар Душанбе рӯзи 25-уми ноябр бо бозии санҷишӣ ба анҷом расонид. Ҳарифи дастаи мунтахаби наврасони кишвар дастаи "Орзу-2026" -и Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) буд, ки имсол ғолиби лигаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) гардид. Бозии санҷишӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби наврасони кишвар бо ҳисоби бузурги 6:1 хотима ёфт. Голҳои мунтахаби наврасонро Суннатулло Азизов... Читать дальше...
Ба хабарнигори тоҷик, Барнои Бекматзода, иҷоза надодаанд, ки бинои комиссариати ҳарбии Кӯлобро ба навор гирад. Комиссариатҳои ҳарбӣ дар фасли баҳору тирамоҳ ба далели вуҷуди “облава” ё “сарбозшикор” дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегиранд.
Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳурии Чин, пирӯзии Ҷо Байден, президенти мунтахаби Амрикоро дар интихоботи ахир табрик гуфтааст.
Сенати Фаронса аз ҳукумати ин кишвар даъват кард, ки Қарабоғи Куҳиро ҳамчун ҷумҳурии мустақил эътироф кунад.
Вазири энержии Қазоқистон Нурлан Ногаев қатъи ногаҳонии интиқоли барқ ба шаш вилояти ин кишвар бо шумули шаҳрҳои Чимкент ва Алматоро шарҳ дод.
Сокинони минтақаҳои гуногуни Узбекистон, ки дар фасли сармо бе барқу гази табиӣ мондаанд, ба нишони эътироз дар назди биноҳои маъмуриятҳои маҳаллӣ ҷамъ мешаванд.
Ҳоким Холиқзода, раиси тозатаъини Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, ки дигарбора эътимоди мардумро ба бонкҳо бармегардонанд ва қурби асъорро дар сатҳи муътадил нигоҳ медоранд. Ин дар ҳолест, ки низоми бонкии кишвар пас аз буҳрони солҳои 2015-2016 ҳанӯз "ба худ наомадааст".