Добавить новость


World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Ноябрь
2020

Новости за 21.11.2020

Ozodi.org 

Ҳамлаҳои мушакӣ дар Кобул. Ҳукумат Толибонро гунаҳкор кард, ДОИШ иддаои дигар дорад

Бар асари ҳамлаҳои мушакӣ дар Кобул 8 кас кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Ҳамлаҳо рӯзи 21-уми ноябр сурат гирифтанд. Ҳукумати Афғонистон Толибонро гунаҳкор кард, аммо ДОИШ иддао дорад, ки кори онҳо буд.

Ozodi.org 

Мулоқоти ду вазири Русия бо нахуствазири Арманистон дар бораи Қаробоғи Кӯҳӣ

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷӣ ва Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, бо Никол Пашинян, сарвазири Арманистон мулоқот карда ва барқарории оташбас дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро баррасӣ намудаанд. Мулоқот рӯзи 21-уми ноябр дар Ереван баргузор шуд. Дафтари нахуствазири Арманистон бо нашри эъломияе гуфт, дар мулоқот мақомҳои Русия гуфтаанд, нерӯҳои ҳофизи сулҳи ин кишвар пас аз имзои барқарории оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳамаи минтақаро фаро гирифтаанд. Барқарории оташбас миёни Арманистону Озарбойҷон... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Дискоклуб"-ҳо дар Хуҷанд бастаанд, ё кушода? ВИДЕО

Дар ҳоле ки мақомоти Хуҷанд моҳи октябр "барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ" дари марказҳои дилхуширо бастанд, баъзе аз корбарон мегӯянд, "дар онҷо пойкӯбиву рақсу суруд ҳанӯз идома дорад". Намояндагони идораи беҳдоштӣ гуфтанд, ки дар ин бора хабар надоранд.

Ozodi.org 

Рақс дар дискоклубҳои "баста"-и Хуҷанд идома дорад

Дар ҳоле ки мақомоти Хуҷанд моҳи октябр "барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ" дари марказҳои дилхуширо бастанд, баъзе аз корбарон мегӯянд, "дар онҷо пойкӯбиву рақсу суруд ҳанӯз идома дорад". Намояндагони идораи беҳдоштӣ гуфтанд, ки дар ин бора хабар надоранд.

Ozodi.org 

Созмони Милал аз "бадтарин қаҳтӣ" дар Яман ҳушдор дод

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки Яман дар рӯбарӯи "бадтарин қаҳтӣ дар ҷаҳон" қарор дорад. Антонио Гуттереш рӯзи 20-уми ноябр гуфт, миллионҳо нафар дар Яман зери хатар ҳастанд ва ба иқдомҳои фаврӣ барои муқобила бо ин фоҷиа таъкид кард. Вай идомаи ҷанг ва коҳиши чашмраси кумакҳои байналмилалиро сабаби вазъияти ҳозира дар Яман донист. Изҳорот дар ҳоле садо дод, ки бино ба гузоришҳо, Амрико дар назар дорад шӯришёни ҳусии Яманро созмони террористии хориҷӣ эътироф кунад. Ҳаштод дарсади... Читать дальше...

Ozodi.org 

Pfizer ва BioNTech барои тақсими ваксина аз Амрико иҷозат хостанд

Ширкати дорусозии Pfizer ва шарики олмониаш BioNTech барои гирифтани иҷозатномаи истифода аз ваксинаи зидди коронавирус дар Амрико дархост додаанд. Дархости онҳо рӯзи 20-уми ноябр супурда шудааст. Масъулони ширкатҳо гуфтанд, пас аз чанд соати дарёфти иҷозатнома омодаи тақсими ваксина хоҳанд буд. Алберт Бурла, мудири иҷроияи ширкати Pfizer, гуфтааст, ҷойи хушҳоливу ифтихор аст, ки аз идораи ғизо ва доруи Иёлоти Муттаҳида хостаанд, иҷозати истифода аз ваксинаро диҳад. То ҳол рӯшан нест, ин идора кай тасмими худро эълон мекунад. Читать дальше...




Ozodi.org 

Ошёни таърих зери чархи булдозерҳо. Дар Узбекистон ҷойҳои антиқиро вайрон мекунанд

Шиори “нав пеш ор, ки онро тароватест дигар” зиддунақиз хоҳад буд, агар ба маънои нобуд кардани ёдгориҳои қадима ва осори бостонӣ ба хотири расидагӣ ба талаботи имрӯзиён бошад. Ҳамин чиз дар яке аз вилоятҳои Узбекистон ҷараён дорад.

Ozodi.org 

Партоби мушакҳо дар Кобул 8 касро кушта, 31 нафарро захмӣ кардааст

Бар асари партоби чанд мушак ё ракет дар шаҳри Кобул 8 кас кушта ва дастикам 31 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ториқ Ориён, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, "ракетҳо дар минтақаҳои маскунӣ... ва наздикии донишгоҳ партоб шудааст". Ҳанӯз ҳеч кас ё гурӯҳе масъулияти партоби мушакҳоро дар Кобул ба дӯш нагирифтааст. Толибон гуфтааст, дар партоби ракетҳо даст надоранд. Илова ба ин, рӯзи 21-уми ноябр дар Кобул ду инфиҷори бомби магнитӣ рух дод, ки дар натиҷаи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Вазорат иддао кард, ки беш аз 94%-и беморони COVID-19 "шифо ёфтаанд"

Ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 43 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд. Вазорати тандурустӣ гуфт, дар умум омори беморон то 20-уми ноябр ба 11 ҳазору 815 нафар расидааст. Аз ин миён 86 нафар фавтидаанд. Ба иддаои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар кишвар 11 ҳазору 188 нафар ё беш аз 94 дарсади беморон шифо ёфтаанд. Аммо муттахасисон омори расмиро дар бораи беморони коронавируси нав ва маргу мир аз он дар Тоҷикистон зери шубҳа мегузоранд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Раисони ду донишгоҳи муҳими Тоҷикистонро иваз карданд

Рӯзи 20-уми ноябр раҳбарони чанде аз донишгоҳҳоро дар Душанбе иваз карданд. Ҳайдар Одиназода аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ озод шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ бознишаста аст. Ба ҷойи ӯ Қудрат Давлатзода, раиси пешини Оҷонси стандартизатсияро таъин карданд. Темурҷон Абдулваҳҳобзода раиси нави Оҷонси стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо шуд. Ҳамин гуна, Ҳамидуллохон Фақеров аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Маҳмадалӣ Қурбонзода омадааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Гапи Озод: Чаро тоҷикон ҳангоми баҳс дар интернет дашном медиҳанд? ВИДЕО

Тоҷикон то куҷо таҳаммулпазир ҳастанд ва ҳангоми баҳс дар кӯча ё шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанҷолу ғавғо намебардоранд ва ҳамдигарро дашном намедиҳанд? Дар "Гапи озод" дар ҳамин бора суҳбат мекунем.

Ozodi.org 

Гапи Озод: Баҳсҳои олуда ба дашном дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз куҷост?

Тоҷикон то куҷо таҳаммулпазир ҳастанд ва ҳангоми баҳс дар кӯча ё шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанҷолу ғавғо намебардоранд ва ҳамдигарро дашном намедиҳанд? Дар "Гапи озод" дар ҳамин бора суҳбат мекунем.


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus