Мы в Telegram
Добавить новость

С 1 мая в России будет проиндексирована пенсия

Эксперт Худалов спрогнозировал рекордные цены на золото из-за инфляции в США

Москвичей предупредили о мошенниках, представляющихся коммунальщиками

Полиция Чехии отложила дело о взрывах на складах боеприпасов во Врбетице



World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Ноябрь
2020

Новости за 23.11.2020

Ozodi.org 

Вазорат гуфт, рӯзи гузашта дар Тоҷикистон касе аз КОВИД-19 нафавтидааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 23-уми ноябр эълон кард, ки шумораи афроди фавтида бар асари сироят ба коронавирус тағйир наёфтааст ва ин ниҳод сабаби марги танҳо 86 нафарро аз вируси нав тасдиқ мекунад. Коршиносон ба омори расмӣ бовар надоранд ва мегӯянд, теъдоди фавтидаҳо ба маротиб бештар аст. Ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд. Вазорати тандурустӣ гуфт, дар умум омори беморон то 23-уми ноябр ба 11 ҳазору 932 нафар расидааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Хонститутсия", ё чаро Қирғизистонро ҳоло бо ҳамсоякишварҳои авторитариаш муқоиса мекунанд

Лоиҳаи нави Сарқонун ё Конститутсияи Қирғизистон, ки ба президент салоҳиятҳои бештарро пешбинӣ кардааст, мавриди интиқоди ҷомеа қарор гирифт. Ин тарҳ ҳоло ба баррасии умум гузошта шудааст.

Ozodi.org 

Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон падарашро бозпурсӣ кардаанд

Бахтовар Ҷумъаев ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав иддао дорад, ки кормандони умури дохилаи шаҳри Панҷакент падари ӯро ба шӯъба даъват намуда мавриди пурсиш қарор додаанд. Ба қавли Бахтовар телефони дастии падарашро мавриди тафтиш қарор додаанд ва аксаран дар бораи фаъолияти ӯ суол шудааст.

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон тарҳи Сарқонуни навро зидди ҳуқуқи инсон номиданд

Сардори Маркази пажӯҳишҳои башарии Академияи миллии улуми Қирғизистон Чопон Койчуманова 23 ноябр дар ҷаласаи Маҷлиси конститутсионӣ банди 23-и лоиҳаи Қонуни асосии нави ин кишварро ба баҳс кашид. Дар ин банд омадааст, "фаъолияти расонаҳо, аз ҷумла чопӣ, электронӣ, телевизионӣ ва чорабиниҳои ҷамъиятие, ки хилофи арзишҳои ахлоқии эътирофшудаи умум, анъанаҳои мардуми Қирғизистон ва меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд, манъ аст". "Ҳар кас мафҳуми арзиш ва анъанаро ҳар хел мефаҳмад. Имрӯз кӣ муайян мекунад, ки арзишҳо ва анъанаҳо кадоманд? Читать дальше...

Ozodi.org 

Ду мансабдори баландпояи ҳукумати Ёвонро боздошт кардаанд

Ду мансабдори баландпояи ҳукумати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо гумони даст доштан дар "хилофкорӣ ва тақсими нодурусти қитъаи замин барои бунёди манзили зист" боздошт шудаанд. Қарори боздошти Аскар Набизода, муовини раиси ноҳияи Ёвон ва Хайриддин Саидмуродзода, роҳбари Идораи замини ин ноҳия пас аз санҷиши додситонии вилояти Хатлон содир шудааст. Назари пайвандони боздоштшудаҳо маълум нест ва гуноҳи онҳо ҳанӯз исбот нашудааст. Ду ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати Ёвон рӯзи 23-юми ноябр... Читать дальше...

Ozodi.org 

Муҳокимаи куштори Ҳувайдо боз ба таъхир гузошта шуд

Айбдоршавандаи куштори духтари тоҷик Ҳувайдои 5-сола беш аз ду сол мешавад, барои аъмолаш ҷазо нагирифтааст. Гузашта аз ин, дар ин муддат Александр Сёмин ба додгоҳ ҳозир нашуда, бо баҳонаҳои гуногун дар бемористони руҳӣ нигоҳ дошта шуд.

Ozodi.org 

Дар Маскав ҳайкали Иосиф Кобзонро месозанд. Ба 52 млн рубл

Шаҳрдории Москва мехоҳад, бо харҷи 52 миллион рубл муҷассамаи овозхони замони Шӯравӣ, арбоби ҷамъиятӣ, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзонро дар маркази пойтахти Русия насб кунад. Нақшаи насби пайкараи ҳунармандро раиси комиссияи Маҷлиси шаҳрии Москва дар умури фарҳангӣ ва иртибототи умум Евгений Герасимов дар суҳбат бо "Эхо Москава" тасдиқ кард. Ба гуфтаи вакили маҷлиси ноҳиявии Твер ва раиси кумитаи сохтмони давлатӣ Кетеван Хараизде гуфт, тасмими ниҳоии бунёди муҷассама аз натиҷаи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Чита додгоҳи сарбозе шурӯъ шуд, ки 8 ҳамхидматашро куштааст

Дар шаҳри Читаи минтақаи Сибири Русия мурофиаи додгоҳии сарбозе шурӯъ шуд, ки  моҳи октябри соли 2019 ҳашт ҳамхидматашро дар як қисми ҳарбии минтақаи Забайкале аз тири туфанг ба қатл расонид. Рамил Шамсуддинов  дар он муттаҳам мешавад, ки дар ҳодисаи рӯзи 25-уми октябри порсол ҳашт нафар, аз ҷумла ду афсарро ба қатл расонд. Шамсуддинов баъдан ба тафтишот гуфт, ки ӯро дар хидмат азият мекарданд. Дар вазорати дифоъ баъдан тасдиқ карданд, ки воқеан ҳам яке аз афсарон ин сарбозро озор медод ва бар асоси... Читать дальше...




Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 23-уми ноябри соли 2020 (Пахши зинда)

Нархи билети бозгашт ба Тоҷикистон каме арзон шуд, муҳокимаи фарди мутаҳҳам ба куштори Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола боз таъхир ёфт, падари муҳоҷири тоҷикро дар Тоҷикистон ба бозпурсӣ даъват кардаанд, зиндагӣ дар хонаҳои сарду торики баландошёнаҳои вилояти Суғд ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Матбуот: Нетаняҳу пинҳонӣ ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Чандин матбуоти исроилӣ хабар доданд, ки нахуствазири кишвар Бенямин Нетаняҳу рӯзи 22-юми ноябр ба таври пинҳонӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карда, бо раҳбари воқеии ин кишвар ва ҳам котиби давлатии ИМА Майк Помпео, ки дар ин кишвар меҳмон буд, дидан кардааст. Телевизиони давлатии “Kan”-и Исроил рӯзи 23-юми ноябр бо такя ба мақомоти беном хабар  дод, ки Нетаняҳу ва раҳбари оҷонсии иктишофии “Моссад” Ёсӣ Коҳен бо шоҳзода Муҳаммад Бин Салмон ва дипломати аршади амрикоӣ дар шаҳри Неоми Арабистони Саудӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Воксинаи ширкати AstraZeneca  зидди COVID-19  90 % муфид будааст

Ширкати AstraZeneca гуфт, озмоишҳои воксинаи нави ин ширкат дар муқобили COVID-19 90 дарсад муассир будааст. Ин озмоишҳо дар Бритониё, дар назди донишгоҳи Оксфорд ба роҳ монда шудаанд. Ин натиҷаҳо дар ҳоле эълон мешаванд, ки дар ҷаҳон шумори олудашудаҳо ба коронавирус аз 58 миллион нафар гузашта 1,4 миллион нафар ҷон додаанд.    Хабари мазкур дар ҳоле нашр мешавад, ки дар ИМА рақибони донишмандони бритониёӣ аз ширкатҳои Pfizer ва Moderna дар бораи муассирияти 90 дарсадии воксинаҳои сохтаи онҳо хабар доданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

FIFA аз ҳуқуқи модаронаи занони бозигар ҳимоят мекунад

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) тасмим гирифтааст, ки ба футболбоззанони ҳомила ғамхорӣ зоҳир намояд. Дар ин бора Оҷонсии иттилоотии Associated Press хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, FIFA ба бошгоҳҳо рӯйхати талаботҳоеро пешниҳод кардааст, ки ҳуқуқи модаронаи занони бозигарро ҳимоя мекунад. Тибқи талаботҳo дастаҳо вазифадор мешаванд ба варзишгарзанон ҳадди аққал 14 ҳафта рухсатии ҳомиладорӣ диҳанд, ки он бояд ба андозаи аз се ду ҳиссаи музди меҳнати футболбоззан пардохта шавад. Ғайр аз ин... Читать дальше...

Ozodi.org 

Барқкушӣ ба соҳибкорони Узбекистон даҳҳо ҳазор доллар зиён овардааст

Дар ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Узбекистон дар пайи се рӯзи хомӯш кардани неруи барқ 6 ҳазор мурғи як соҳибкори маҳаллӣ талаф шудааст. Дар ноҳияи Каттақурғони вилояти Самарқанди он кишвар як кишоварз ба далели сармо задани ниҳолҳои гармхонааш 35 ҳазор доллар зиён дидааст. Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон рӯзи 22 ноябр хабар додаанд. Блогнависи узбекистонӣ Комил Фахриддинов хабар дод, ки аз 18 то 20 ноябр дар ноҳияи Яккабоғ неруи барқро хомӯш кардаанд. Дар натиҷа... Читать дальше...

Ozodi.org 

Байден ёвари собиқадори худ Энтони Блинкенро ба мақоми Котиби давлатӣ баргузид

Матбуоти амрикоӣ рӯзи 22-юми ноябр хабар дод, ки президенти мунтахаб Ҷо Байден ёвари дарозмуддати худ ва дипломати собиқадор Энтони Блинкенро ба мақоми котиби давлатии ИМА баргузидааст. Дар сурати мувофиқати Сенат, Блинкен масъули таҳрири сиёсати хориҷии ИМА бо ҷаҳон баъди сиёсати чорсолаи Трамп мешавад, ки гуфта буд, “Амрико дар ҷои аввал аст”. Ин сиёсат боиси то ҷое фосила гирифтани ИМА аз шарикони байналмилалӣ, ихтилофҳои дидгоҳӣ ва ҳам то ҷое ба рақобат бо шарикони суннатии худ гузаштани Вашингтон гардид. Читать дальше...

Ozodi.org 

Душанбе дар соли 2021 пойтахти фарҳангии ИДМ хоҳад буд

Душанбе дар соли 2021 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил  эълон шуд ва ин мақоми рамзӣ ба пойтахти Тоҷикистон аз Шимкенти Қазоқистон гузашт. Дар маросими ба Душанбе эъто шудани мақоми пойтахти фарҳангӣ, ки бо сабаби пандемия ба таври онлайнӣ баргузор шуд, шаҳрдори Шимкент Мурат Айтенов тугмаи рамзии пойтахти фарҳангии ИДМ-ро ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим кард. Дар маросиме, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, консули генералии Тоҷикистон дар Алмаато Баҳодур Назир аз номи шаҳрдори... Читать дальше...

Ozodi.org 

UNICEF: Соли оянда 2 миллиард воксинаи зидди COVID-19-ро ба кишварҳои ниёзманд мебарем

UNICEF – дафтари СММ дар умури кӯдакон рӯзи 23-юми ноябр эълон кард, ки ният дорад 2 миллиард дона воксинаи зидди COVID-19-ро дар чаҳорчӯби, ба гуфтааш, “як амалиёти густарда”  ба 92 кишвари дар ҳоли рушд тақсим кунад. Ин амалиёт соли 2021 тавассути роҳҳои ҳавоиву заминӣ ва кӯмаки ширкатҳои лоҷистикӣ анҷом мешавад. UNICEF мегӯяд, ки ин як амалиёти бесобиқаву сареъ аст, ки ҳадафаш дастрас кардани воксинаи зидди вируси ҳамагир ба наздики 100 кишвари ҷаҳон мебошад. Ба навиштаи Этлева Кадилли, раҳбари бахши захираҳои UNICEF... Читать дальше...

Ozodi.org 

Пирӯзии варзишгари тоҷик дар бокси ҳирфаӣ бар муштзани амрикоӣ

Меҳрубон Сангинов, муштзани маъруфи тоҷик, дар як набарди бокси ҳирфаӣ (M&R Boxing Promotions), ки шаби 20-уми ноябр дар шаҳри Майамии иёлати Флоридаи ИМА баргузор шуд, бар Клеотис Пендарвиси амрикоӣ ғолиб омад. Қувваозмоӣ эҳтиёткорона оғоз ёфт. Муштзанҳо дар раунди аввал якдигарро "санҷиданд". Дар раунди дувум Пендарвис кӯшиши ҳамла кард, аммо зарбаҳои ӯ ба ҳадаф нарасиданд. Ба Сангинов муяссар шуд, ки ба зарбаҳои рақиб посух диҳад. Даврҳои севуму чаҳорум бо бартарии комили Сангинов сурат гирифт. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Ишқ динро намешиносад" ё "Исломро қабул кун". Вокунишҳо ба фатвои муфтии Русия

Шӯрои уламои Русия, бо як фатво, никоҳи мусалмононро бо пайравони динҳои дигар номумкин номид. Ин фатво соли гузашта, содир шуда, танҳо ахиран дар сомонаи Идораи руҳонияти мусалмонони Русия мунташир гашт.

Ozodi.org 

Ҳукумати Туркманистон, сарфи назар аз зилзилаҳо, дар Ишқобод 35-ошёна месозад

Ҳукумати Туркманистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Ишқобод бинои 35-ошёна бунёд кунад. Коршиносон мегӯянд, шаҳри Ишқобод зилзилахез аст ва бунёди бино ба ин баландӣ хатар дорад. Дар бораи сохтмони бинои 35-ошёна рӯзи 19 ноябр Мурод Непесоп, як масъули вазорати сохтмони ва меъмории Туркманистон хабар дод. Непесов гуфт, бинои 35-ошёна дар ҳудуди маҷмаи "Ишқобод-ситӣ" бунёд мешавад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон соли гузашта аз бунёди маҷмааи тиҷории "Ишқобод-ситӣ" хабар дода буд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Боздошти беш аз 350 эътирозгар дар Минск ва шаҳрҳои дигари Белорус

Як ниҳоди назорат аз ҳуқуқи башар дар Белорус мегӯяд, беш аз 350 эътирозгар рӯзи якшанбеи 22-юми ноябр дар пойтахт Минск ва даҳҳо тани дигар дар шаҳрҳои дигари ин кишвар дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи Александр Лукашенко боздошт шуданд. Боздоштҳо дар Минск дар ҳоле сурат гирифт, ки эътирозгарон талош доштанд, гирдиҳамоиашонро ба гурӯҳҳои хурдтар тақсим кунанд. Онҳо шиорҳои "Зинда бод Белорус" сар дода ва парчамҳои сурх ва сафед дар даст доштанд. Ташкилкунандагони ин эътирозҳо аз мардум хоста буданд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Сарони кишварҳои G20 гуфтанд, зидди COVID-19 якҷо мубориза мебаранд

Роҳбарони кишварҳои "Бистгонаи бузург" (G20) дар поёни саммите, ки бо ташаббуси Арабистони Саудӣ ташкил ва тариқи онлайн сурат гирифт, эъломияи зарурати ҳамкорӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳониро қабул карданд. Роҳбарон вабои коронавирус ва оқибатҳои онро низ аз ҷумлаи хатарҳои ҷаҳонӣ эътироф карданд. Қисмати бештари эъломияи қабулшуда ба мубориза зидди COVID-19 бахшида шудааст. Роҳбарон ба созиш расиданд, ки то нимаҳои соли 2021 ба кишварҳои фақир дар баргардонии қарзҳояшон фурсат диҳанд. Дар эъломия ҳамзамон зикр шудааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тазоҳургарон дар Ереван истеъфои нахуствазир Никола Пашинянро талаб карданд

Дар майдони Озодии шаҳри Ереван бори дигар гирдиҳамоӣ барпо шуд. Дар рӯзи гирдиҳамоӣ ҳайати ҳукумати Русия дар Арманистон қарор дошт. Ҳайати Русия аз вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров, вазири мудофиа Сергей Шойгу, вазири ҳолатҳои фавқулода Евгений Зиничев ва чанд вазири дигар иборат буд. Шойгу ва Лавров бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқоти як ба як доштанд. Мавзуи асосии ин гуфтугӯҳо вазъи Қарабоғи Куҳӣ буд. Лавров гуфт, ба Ереван бо барномаи бузурги барқарории зиндагии осоишта дар Қарабоғи Куҳӣ омадааст. Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Панда Катюша ненадолго вышла в уличный вольер в Московском зоопарке

Синоптик Позднякова: самыми теплыми днями апреля в Москве стали 2 и 30

В Твери 13-летняя девочка сорвалась с четвертого этажа при попытке попасть в комнату через окно

Май спрогнозировали россиянам синоптики

Музыкальные новости

Дугин в интервью Такеру Карлсону: "Путин — это традиционный лидер"

«Я тебя предупреждал, что если мы будем копаться в тебе, тебе будет неприятно!» Константин Гецати расстроил Павла Волю своим «видением» в новом выпуске «Шоу Воли» на ТНТ

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week

Президент России Владимир Путин подтвердил проведение XVI Международного военно-музыкального фестиваля «Спасская башня»

Новости России

Конкурс с призом! – задачка про китайскую приблуду (и как обойтись без нее)

Уроженец Ростовской области арестован по делу о поджоге вертолета

В Москве ожидается облачная погода

В Иркутском музыкальном театре готовят премьеру спектакля ко Дню Победы

Экология в России и мире

Оформить медицинскую книжку

Регистрация Авторского права. Регистрация объекта авторского права. Регистрация Авторского права на книгу. Регистрация Авторского права на музыку.

«1418»: выставка секции «Арт-фото» ТСХР в зале «Лаврушинский`15»

6 городов России, где можно увидеть белые ночи кроме Санкт-Петербурга

Спорт в России и мире

Россиянка Полина Михайлова стала чемпионкой Франции по настольному теннису

Надаль навестил в больнице 16-летнюю российскую теннисистку

16-летняя теннисистка Андреева обновила рекорд турниров WTA-1000

Россиянка Андреева стала рекордсменкой на турнирах WTA-1000

Moscow.media

Google закрыл дыру в системе безопасности Android TV

В Балакове "десятка" сбила двух женщин и девушку

Актерское агентство Киноактер. Актерское агентство в Москве.

РОССИЯН ПРЕДУПРЕДИЛИ О РИСКАХ ВОЗВРАЩЕНИЯ РАЗБОРОК НА ДОРОГАХ











Топ новостей на этот час

Rss.plus






В Балашихе подросток на автомобиле сбил женщину с ребёнком

Синоптик Позднякова: самыми теплыми днями апреля в Москве стали 2 и 30

Уилкшир: «Динамо» может победить «Спартак»

Конкурс с призом! – задачка про китайскую приблуду (и как обойтись без нее)