Мы в Telegram
Добавить новость

Новую котельную в Шатуре построят до конца 2024 года

Москвичи бесплатно воспользовались перехватывающими парковками более 857 тыс. раз с начала года

Лучших сотрудников Московского метрополитена определили в пяти конкурсах профессионального мастерства

В Мособлдуме подвели итоги работы партобъединений ЕР в местных советах за май



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Раиси ҷумҳури нави Молдова гуфт, дили тамоми мардумро ба даст меорад

Раиси ҷумҳури нави Молдова гуфт, дили тамоми мардумро ба даст меорад

Барандаи рӯ ба Аврупои интихоботи президентии Молдова ваъда дод, ки равобити ҳукуматаш бо Ғарбу Аврупо мутавозин мешавад. Майя Санду, иқтисоддони собиқи Бонки Ҷаҳонӣ дар даври дуюми интихоботи президентӣ рӯзи 15-уми ноябр бар Игор Додон рақиби рӯ ба Маскаваш ғалабаи қотеъ ба даст овард.

Ба интихоботи президентӣ дар Молдова бисёриҳо ҳамчунин мисле ба як референдум нигоҳ мекарданд, ки вобаста ба ғалабаи номзад, самтгириҳои ҷомеаи ин кишвари воқеъ дар байни Украинаву Руминия ба сӯи Иттиҳоди Аврупо ва ё Маскавро мушаххас мекард. Санду зимни суханрониаш бо матбуот рӯзи 16-уми ноябр ваъда дод, ки дар сиёсати хориҷӣ “тавозуни воқеӣ”-ро миёни Ғарбу Русия нигоҳ медорад.

Майя Санду гуфт, “мо бо ҳама кишварҳо, аз ҷумла, Украина, Руминия, кишварҳои Аврупо, Русия ва ИМА як муколамаи корсозе ба роҳ мемонем”. Санду гуфт, ки маъмурияти ӯ дар масоили мубориза бо фасоди сартосарӣ ва ҷалби сармояҳо ба иқтисоди кишвар тамаркуз мекунад. Ӯ гуфт, “ҳар як нафар бояд шоҳиди пешрафт бошад. Ин чиз ба онҳое ҳам марбут аст, ки барои рақиби ман овоз доданд. Ман ба шумо мегӯям, ки шумо мағлуб нашудед, ин ҷо барандаву мағлуб нест. Ман бо амалҳои мушаххасам эътимоди шуморо ба даст меорам”. 

Дар оғоз нигаронӣ вуҷуд дошт, ки шояд баъди интихобот дар Молдова вазъ бесубот шавад, вале Додон мағлубияти худро билофосила эътироф кард. Ӯ гуфт, “ман ҳамаро ба оромиву сулҳ даъват мекунам, набояд беназмиву эътироз шавад. Мо набояд ба ҳеҷ навъи бесуботии кишвар роҳ бидиҳем”. 

Президенти Русия Владимир Путин, ки ба таври ошкор аз Додон ҳимоят карда буд, баъди эълони пирӯзии Санду билофосила ӯро табрик кард. Путин гуфт, “Интизор дорам, ки фаъолияти шумо ба ҳайси раҳбари давлатӣ барои рушди корсози равобити миёни кишварҳои мо хидмат мекунад”.

Президенти Кумиссиюни  Аврупо Урсула вон дер Лейен ҳам  Сандуро бо ғалабааш табрик карда, ба ҳамкории фарогир изҳори умед кардааст. Ӯ гуфт: “Пирӯзии шумо ин даъвати рӯшан ба мубориза бо фасод ва барқарор кардани ҳукумати қонун ба хотири ояндаи шукуфо мебошад. Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки аз Молдова пуштибонӣ бикунад”.

Дар суҳбатҳои ҷудогонаи телефонӣ бо президенти Руминия Клаус Йоҳаннис ва президенти Украина Владимир Зеленский, Санду аҳд додааст, ки равобити Молдоваро бо ин ду ҳамсояаш тақвият мебахшад. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳизби “Амал ба хотири ҳамгироӣ” хабар додааст. 

Дар даври дуюм ва ниҳоии интихоботи президентии Молдова Санду 57,7 дарсади раъйҳоро ба даст овард ва барои Игор Додон 15 дарсад камтар, ваё 42,25 дарсад овоз доданд. Ин оморро Комиссиюни марказии интихоботҳои Молдова баъди шумориши 100 дарсади овозҳо эълон кард.  Дар интихобот, ба қавли кумиссиюн, 52 дарсади мардуми соҳиби раъй иштирок кардаанд ва ҳузури овоздиҳандагон дар даври дуюми интихобот 10 дарсад бештар назар ба даври аввал будааст.

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтанд, ки дар умум овоздиҳӣ хуб ҷараён дошт ва дар шароити мушкили пандемияи COVID-19 овоздиҳӣ пуррақобат анҷом шуд. Бо ин вуҷуд, бино ба хулосаи нозирони байналмилалӣ, дар ҷараёни маърака ҳолатҳои эҷоди тафриқа дар миёни ҷомеа ва ҳам масоили атрофи маблағгузории таблиғоти номзадҳо матраҳ шудааст. 

Натиҷаи даври дуюми интихоботи президентии Молдова аз он ҷиҳат ногаҳонӣ буд, ки дар даври аввал Додон пирӯз шуд, вале натавонист, аз марзи зарурии 50 дарсад гузарад. Соли 2016 Додон бо тахминан  5 дарсад бештари овозҳо бар Санду ғолиб омад ва ин интихоботро барои тақаллуб интиқод карданд. 

Санду дар гузашта дар мақоми нахуствазири Молдова кор кардааст ва дар таблиғоти интихоботиаш  алайҳи фасод ҷанг эълон карда ба эҷоди ҳамкориҳои наздиктар бо Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст. Додон бо шиори “субот” иштирок кард ва натиҷаҳои худро аз ҳамкориҳо бо Маскаву ҷалби қарзу кӯмакҳои иқтисодии Русия ситоиш намуд.

Додонро барои шеваи бархӯрд бо коронавирус интиқод мекунанд. Дар Молдова, ҷумҳурии шӯравии собиқ, 89 ҳазор нафар бемор шуда ва 2 ҳазор нафар ҷон додаанд.  Молдова бо 3,5 миллион аҳолӣ як кишвари нодор дар қораи Аврупо ба ҳисоб меравад ва иқтисоди заъифу фасоди сартосарӣ аз мушкилоти ҷиддии кишвар гуфта мешавад.

Як мушкили дигари ҳукумати Молдова номуайян будани мақоми Минтақаи соҳили Днестр минтақаи ҷудоиталабе мебошад, ки баъди як ҷанги истиқлолталабии солҳои 1990 амалан мустақилона пеш меравад. Минтақаро аз назари иқтисодиву сиёсӣ Маскав пуштибонӣ мекунад, чун мехоҳад, ки Молдова дар мадори геополитики он бимонад.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Лучшие сериалы: Софья Эрнст, Рузиль Минекаев и Нино Нинидзе

Губерниев обозвал российских спортсменов «ссыкунами» и призвал ехать на Олимпиаду в Париж под белым флагом

Кто из участников Grand piano competition 2024 достоин Гран при?

Москвичам помогут узнать о сентябрьских выборах депутатов

Музыкальные новости

Сергей Собянин. Неделя мэра

Площадь пожара в здании у метро «Динамо» в Москве составляет 400 квадратов

Пожар у станции «Динамо» в Москве потушен

В Москве пройдет выставка Евгении Васильевой «Между пороком и добродетелью»

Новости России

Губерниев обозвал российских спортсменов «ссыкунами» и призвал ехать на Олимпиаду в Париж под белым флагом

Праздник Курбан-Байрам отметят в Химках 16 июня

Кто из участников Grand piano competition 2024 достоин Гран при?

Кинолог рассказал о правильном поведении хозяев на приеме у ветеринара

Экология в России и мире

Как существовала платная стоматология в СССР — стране бесплатной медицины

Завершилась первая цикловая встреча региональных руководителей компании AlfaBiom

Гастроэнтеролог Садыков рассказал, как не допустить отравления бутилированной водой летом

Новые портативные ирригаторы Revyline RL 630 Green скоро поступят в представительство марки в Махачкале

Спорт в России и мире

Самсонова вышла в четвертьфинал турнира WTA в Хертогенбосе

Блинкова вылетела с турнира WTA в Хертогенбосхе

Соболенко и Димитров вместе потренировались на «Уимблдоне»

Бьянка Андрееску: «Мне нравится, что на траве, поскольку она намного быстрее грунте, меньше времени на раздумья»

Moscow.media

Жители Екатеринбурга в День России вывесили баннеры против точечной застройки

Уссурийский ЛРЗ подтвердил соответствие международным стандартам, применяемым на производстве железнодорожной промышленности

В Ингушетии чиновники похищали бюджетные средства, предназначенные для поддержки семей с детьми

Социальные и ESG-проекты ГПМ Радио названы лучшими в России











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Профицит внешней торговли РФ в мае увеличился до $10,6 млрд

Путин подписал указ "О награждении государственными наградами Российской Федерации"

ЦИК назначила довыборы депутатов ГД в трех одномандатных округах на 8 сентября

Директор Росгвардии генерал армии Виктор Золотов принял участие в посвященных 100-летию дивизии имени Ф.Э. Дзержинского торжественных мероприятиях