Боришоти рӯзҳои ахир ташвиши Муҳаррама Юсуфова як сокини ноҳияи Рӯдакиро бештар кардааст. Сел девор ва ҳавлии ӯро, ки дар канори Фурудгоҳи низомии Айнӣ қарор доранд, хароб кард. Юсуфова наметавонад хонаашро таъмир кунад, чун барои ин кор иҷоза надорад. Ҳавлии ӯ ва чанд ҳамсояи дигараш бояд ба ҳудуди ин фурудгоҳи низомӣ ҳамроҳ карда шавад. Аммо ба гуфтаи ин сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, мақомот ҳозир нестанд, ки маблағи зарурии молу мулкии онҳоро пардохт кунанд. Қурбонгул Раҷабова, сокини дигари деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд... Читать дальше...
Ҷозеф Блаттер, президенти собиқи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), кишварҳоеро номбар кард, ки метавонанд Ҷоми ҷаҳонии футболро дар соли 2022 ба ҷои Қатар баргузор кунанд. Дар ин бора espn.com хабар додааст. "Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонад Ҷоми ҷаҳониро ба ҷои соли 2026 доир намояд. Онҳо қобиланд, ин рокетсозӣ нест. Ҷопон низ метавонад қаҳрамонии ҷаҳонро баргузор кунад. Онҳо низ пешниҳод карданд, ки мизбони Ҷоми ҷаҳонии 2022 шаванд. Хушбахтона, дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 танҳо 32 даста хоҳад буд... Читать дальше...
Зиндагӣ дар канори фурудгоҳ ва ё баҳси ҷуброни сокинони шаҳраки Айнӣ.
Мақомоти Ҷопон дар робита ба паҳн шудани коронавирус ҳолати фавқулодаро дар сартосари ин кишвар эълом карданд. Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ дар паёми телевизиониаш гуфт, ин ҳолат дасти кам то 7-уми май идома хоҳад кард. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус дар хориҷ аз минтақаҳои карантиншуда низ ошкор шудааст ва бинобар ин, вазъро сартосарӣ эълом карданд. Дар давраи вазъи фавқулода ҳукумати Ҷопон ба ҳар як шаҳрванд ҳудуди 1 ҳазор доллар дар моҳ пардохт хоҳад кард. Дар Ҷопон... Читать дальше...
Владимир Путин, президенти Русия эълом кард, ки таҷлили 75-солагии Пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ба вақти дигар гузошта мешавад. Ин маърака ҳамасола 9-уми май таҷлил мегардид. Ба гуфтаи Путин, "хатарҳои марбут ба вабо ҳанӯз пушти сар нашудаанд". "Мо хатарҳои коронавирусро рафъ мекунем ва он замон ҳатман чорабиниҳои марбут ба Пирӯзиро таҷлил мекунем",-гуфт Путин. Пештар аз ин созмонҳои ветеранҳои низомии Русия аз Путин хоста буданд, ки маъракаи таҷлил аз 75-солагиро ба таъхир андозад. То 16-уми... Читать дальше...
Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" 152 муҳоҷири узбекистониро аз Русия ба ватанашон овард. Чанд ҳафта пеш онҳо ба далели паҳншавии коронавирус ва қатъи парвозҳо дар Екатеринбурги Русия дар монданд. Аз хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ гуфтанд, ин парвоз барои муҳоҷироне ташкил шуд, ки дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд. "Умедворам, чунин парвоз ба Душанбе ҳам ташкил шавад. Барои бисёр муҳим аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ гирифтори мушкилу монеа нашаванд ва ба ватанашон раванд... Читать дальше...
Маркази миллии тестии Тоҷикистон мӯҳлати сабти номи довталабони муассисаҳои таълимии кишварро аз 16-уми апрел то охири моҳи ҷорӣ тамдид кардааст. Яке аз сабабҳои ин амр, фароҳам кардани шароити донишҷӯ шудан барои довталабоне будааст, ки мехостанд дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил кунанд, вале хуруҷи бемории COVID 19 дар ҷаҳон ин орзуи онҳоро иҷроношуданӣ кардааст. Беҳрӯз Ҳабибов, хонандаи синфи ёздаҳи мактаби миёнаи рақами 45 аз ноҳияи Варзоб тӯли солҳои ахир орзуи таҳсил дар хориҷ аз Тоҷикистонро дошт. Читать дальше...