Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" 152 муҳоҷири узбекистониро аз Русия ба ватанашон овард. Чанд ҳафта пеш онҳо ба далели паҳншавии коронавирус ва қатъи парвозҳо дар Екатеринбурги Русия дар монданд.
Аз хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ гуфтанд, ин парвоз барои муҳоҷироне ташкил шуд, ки дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд.
"Умедворам, чунин парвоз ба Душанбе ҳам ташкил шавад. Барои бисёр муҳим аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ гирифтори мушкилу монеа нашаванд ва ба ватанашон раванд, зеро айни ҳол инҷо кор нест, муассисаву корхонаҳое бастаанд, ки онҳо кор мекарданд",-гуфт ваколатдори ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердлови Русия Татяна Мерзлякова.
Баъд аз баста шудани марзҳо якбора чанд гуруҳи муҳоҷирони меҳнатӣ натавонистанд, аз Русия берун оянд. Онҳо дар фурудгоҳҳои Москва, Новосибирск, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳо дар монданд. Аз чанде аз фурудгоҳҳо муҳоҷиронро иҷборан берун карданд.