Як навори видеоии нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки нишон медиҳад Сипоҳи посдорони Эрон ду мушак ба сӯи ҳавопаймои мусофирбари украинӣ партоб мекунад. Ҳавопаймои "Боинг"-Украина рӯзи 8-уми январ дар авҷи таниши Эрон ва Амрико дар пасманзари қатли фармондеҳи нерӯи "Қудс" Қосим Сулаймонӣ, бо 176 мусофир ва ҳайати парвоз, дар наздикиҳои Теҳрон сарнагун шуд. Мақомҳои Эрон ба муддати се рӯз партоби мушак ба ин ҳавопайморо инкор карданд ва суқути онро "нақзи фаннӣ" гуфтанд, вале пас аз вокуниши густурдаи ҷаҳонӣ ба ин қазия... Читать дальше...
Рӯзи 14-уми январ дар пайи инфиҷори норинҷак, як сокини Душанбе ҷони худро аз даст додааст. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодиса соатҳои тақрибан 16.30 дар кӯчаи Рӯдакӣ рух додааст. Ба иттилои манбаъ, Иван Мезентсев, сокини бинои рақами 176, ки дар манзилаш ба таври ғайриқонунӣ як адад норинҷаки РГД-5-ро нигоҳ медошт, онро бо худ гирифта, "ҳангоми қарордошт дар назди даромадгоҳи бино дар ҳолати мастӣ ва муносибати хунукназаронааш бо дастгоҳи тарканда таркиш ба амал омадааст". Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд... Читать дальше...
Интизор меравад дар Узбекистон бо ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои дахолат ва эҷоди монеа ба фаъолияти рӯзноманигор ҷарима таъйин шавад. Чунин тағйирот дар моддаи 197 қисми панҷ пешбинӣ мешавад. "Моддаи 197 қисми 5. Дахолат ё эҷоди монеа ба фаъолияти қонуниву касбии рӯзноманигор ё водор кардан ба паҳнсозӣ ва ё пешгирӣ аз паҳнсозии иттилоъ, беасос рад кардани дархости аккредитатсия ва беасос бекор кардани аккредитатсия, поймол кардани ҳуқуқи рӯзноманигор дар робита... Читать дальше...
Айбдоркунандаи давлатӣ 14-уми январ дар додгоҳи Қарағандаи Қазоқистон гуфт, ки муовини пешини вазири энержии ин кишвар Анатолий Шкарупа ва ду гумонбари дигари парвандаи ӯ ба чӣ айбдор карда мешаванд. Шкарупа ва ду гумонбари дигар дар "азхудкунии гурӯҳии амволи ғайр бо маслиҳати пешакӣ дар ҳаҷми махсусан калон" айбдоранд. Бино ба фарзияи айбдоркунандаи давлатӣ, Шкарупа (ҳангоми шаҳрдори Саранди Қарағанда будан) ҳамроҳ бо Набиев медонистанд, ки барои насби ҳисобкунакҳои оби гарм дар манзилҳои зисти Саран маблағ пешбинӣ нашудааст... Читать дальше...
Муҳлати ҳабси президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев то 15-уми марти соли равон дароз карда шуд. Дар ин бора вакили дифоъ Замир Жоошев баъди мурофиаи навбатии марбут ба парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев аз зиндони Қирғизистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, баррасии парвандаи мазкур ба иллати бемор будани вакили дифои яке аз гумонбарон ба 16-уми январ ба таъхир гузошта шуд. Худи президенти пешини Қирғизистон дар мурофиа иштирок накардааст. "Дар мурофиа як чанд дархости вакилони дифоъ баррасӣ шуд. Читать дальше...
Ҳавопаймои Ширкати ҳавопаймоии байналмилалии Украина, ки 8-уми январ баъди чанд лаҳзаи парвоз дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Теҳрон суқут кард, тавассути ду мушак сарнагун карда шудааст. Рӯзи сешанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори дурбини назоратие нашр шуд, ки ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад. Сохта набудани видеоро рӯзноманигорони таҳқиқотгари The New York Times тасдиқ карданд. Дар навор дида мешавад, ба самти ҳавопаймо дар фосилаи 30 сония ду мушак партоб мешавад ва ҳар дуашон ба ҳадаф мерасанд. Ҳавопаймо дар осмон оташ гирифта... Читать дальше...
Интизор меравад, ки имрӯз, 15-уми январ дар Маҷлиси Намояндагони Конгресси ИМА дар мавриди ирсол кардани парвандаи эъломи нобоварӣ ба президент Доналд Трамп ба Сенат раъйгирӣ анҷом шавад. Дар ин бора раиси Маҷлиси Намояндагон Нэнсӣ Пелосӣ иттилоъ додааст. Маҷлиси Намояндагон, ки аксарияти аъзои онро демократҳо ташкил медиҳанд, ба ҷонибдорӣ аз беэътимодӣ ва ё импичменти Трамп ҳанӯз дар моҳи декабр раъй дода буданд. Зидди президент дар асоси ду модда - сӯистифода аз мансаб ва монеъ шудан ба пажуҳиши Конгресс айб эълом шудааст. Читать дальше...
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шикоят дорад, ки мақомоти маҳаллӣ дар баъзе аз ноҳияҳо ҳангоми таҳияи санадҳои намояндагони ин ҳизб ба Кумисюни марказии интихобот монеаҳои, ба гуфтаи ӯ, ҳуқуқиву сиёсӣ эҷод кардаанд. Ин дар ҳолест, ки то поёни муҳлати сабтиноми номзадҳо ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон як рӯз мондааст. Раҳматилло Зоиров ин вазъиятро "муносибати нафратангез" ва "табъйизи сиёсиву ҳуқуқӣ" номидааст ва мегӯяд, дар ин бора ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ аризаи шикоятӣ навишт. Читать дальше...