Интизор меравад, ки имрӯз, 15-уми январ дар Маҷлиси Намояндагони Конгресси ИМА дар мавриди ирсол кардани парвандаи эъломи нобоварӣ ба президент Доналд Трамп ба Сенат раъйгирӣ анҷом шавад. Дар ин бора раиси Маҷлиси Намояндагон Нэнсӣ Пелосӣ иттилоъ додааст.
Маҷлиси Намояндагон, ки аксарияти аъзои онро демократҳо ташкил медиҳанд, ба ҷонибдорӣ аз беэътимодӣ ва ё импичменти Трамп ҳанӯз дар моҳи декабр раъй дода буданд. Зидди президент дар асоси ду модда - сӯистифода аз мансаб ва монеъ шудан ба пажуҳиши Конгресс айб эълом шудааст.
Айбҳо ба он рабт доранд, ки Трамп бо ҳадафи беобрӯ кардани рақиби эҳтимолии интихоботиаш Ҷо Байден ба мақомоти Украина фишор овардааст. Трамп ин айбҳоро рад мекунад ва рафтори демократҳоро талоши табаддулоти давлатӣ меномад.
Демократҳо талаб доранд, ки барои шоҳидӣ додан мақомҳои баландпояи Кохи Сафед, инчунин мушовири пешин дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтан даъват шаванд. Демократҳо бовар доранд, ки ин афрод айбҳои зидди Трампро тасдиқ хоҳанд кард. Ҷумҳурихоҳони ИМА метавонанд, ба ҳайси шоҳид писари Ҷо Байденро, ки дар Украина фаъолият дошт, ба шоҳидӣ додан даъват кунанд.
Аммо дақиқ нест, ки оё шоҳидони иловагӣ даъват хоҳанд шуд ё на. Бештари ҷумҳурихоҳон пеш аз ин гуфта буданд, ки ба бегуноҳоии Трамп бовар доранд. Барои аз мақом барканор кардани Трамп ҳадди ақал 67 раъйи сенаторҳо зарурист. Дар айни ҳол аз эҳтимол дур аст, ки ин теъдод аз сенаторҳо ба ҷонибдорӣ аз импичменти Трамп раъй диҳанд.