Мы в Telegram
Добавить новость

Собянин: Столичные школьники и студенты вернулись из Большой арктической экспедиции

Яхтсмен из Московской области стал победителем этапа Кубка России

Аналитик рассказал о плюсах и минусах системы «умный дом»

Лавров назвал временными меры профилактики терроризма на границе с Таджикистаном



World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Январь
2020

Новости за 15.01.2020

Ozodi.org 

HRW: "Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бадтар шудааст"

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли 2019 аз гузашта "бадтар шудааст". Ба навиштаи созмон, мақомоти Тоҷикистон дар ин сол мисли солҳои гузашта ба саркӯби густардаи мунтақидон, озору азият ва боздошту зиндонӣ кардани мухолифон, рӯзноманигорон ва ҳатто корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ идома додаанд. Ин созмон дар гузориши нави худ, ки рӯзи 15-уми январ нашр шуд, мегӯяд, озодии баён ва озодии дин дар Тоҷикистон башиддат маҳдуд аст ва мақомоти... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тоҷикистонро барои фишор ба Радиои Озодӣ танқид карданд

Як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва маҳрум кардани дастрасӣ аз манобеи хабарӣ танқид кард. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 14-уми январ гузориши бузургеро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар 100 кишвари дунё нашр кард ва гуфт, “вазъи ваҳшатноки ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2019 бадтар шудааст.” Дар гузориши бештар аз 600-саҳифаӣ, аз ҷумла доир ба маҳрум кардани хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҳаққи кор дар Тоҷикистон сухан рафтааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Медведев ба Путин аризаи истеъфояшро супурдааст

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, нахуствазир Дмитрий Медведев рӯзи 15-уми январ ба раиси ҷумҳур Владимир Путин аризаи истеъфои ҳукуматро пешниҳод кардааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, аз ҷумла РИА Новости, Путин дар бораи таркиби ҳукумати нав тасмим мегирад. Хабаргузории "Интерфакс" навиштааст, ки Владимир Путин ба ҳукумати феълӣ дастур додааст, то замони ташкили ҳукумати нав фаъолиятро идома бидиҳад. Ба қавли хабаргузорӣ, раиси ҷумҳур Путин қасд дорад мақоми нави муовини дабири Шӯрои амнияти... Читать дальше...

Ozodi.org 

Худдории шаҳрдории Самарқанд аз тахриби бинои таърихии почта

Бинои таърихии шуъбаи почтаи шаҳри Самарқанди Узбекистон, ки зери ҳимояти ЮНЕСКО қарор дорад, тахриб нахоҳад шуд. Шаҳрдории Самарқанд охирҳои моҳи декабри соли 2019 тасмим гирифтааст, бинои таърихии почтаро, ки соли 1910 бунёд шудааст, тахриб накунад. Дар бораи эҳтимоли тахриби ин бино бахши узбекии Радиои Озодӣ моҳи июли соли 2018 хабар дода буд. Он замон мақомот гуфта буданд, ки тахриби бино дар асоси қарори раиси вақти шаҳр Фурқат Раҳимов сурат мегирад. Майсара Набераева, як корманди нозироти... Читать дальше...

Ozodi.org 

Эътирози таксиронҳои "Максим" дар Хуҷанд. Ронандаҳо аз чӣ норозиянд? ВИДЕО

Як гуруҳ аз ронандагони ширкати таксиронии "Максим" дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 15-уми январ, ба гуфтаи худдашон, "корпартоӣ" кардаанд. Баъзе аз ронандагон гуфтанд, аз поин шудани нархи роҳкиро норозиянд, чун хароҷоти онҳоро намепӯшонад. ​Масъулони ширкат мегӯянд, дар нархномаи онҳо тағйироте ворид нашудааст.  Ронандагон, ки теъдоди худро беш аз 50 нафар мегӯянд, дар назди идораи ширкати "Максим" дар Хуҷанд ҷамъ омада, талаб кардаанд, ки нархҳо бозбинӣ шаванд. Яке аз ин ронандагон, ки нахост номаш зикр шавад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Эътирозгарони Бишкек барканории Ҷениш Раззоқовро талаб доранд

Як гурӯҳ аз сокинони Қирғизистон дар назди бинои порлумон дар шаҳри Бишкек даст ба тазоҳурот зада, ҳалли мушкилиҳои марзӣ ва озодии чаҳор шаҳрвандеро талаб доранд, ки дар натиҷаи низои ахир дар марз бо Тоҷикистон дастгир шудаанд. Бекназар Айталиев, раиси созмони "Марз" гуфт, тазоҳургарон шаш талаб доранд. "Президент бояд мушкили марзро матраҳ карда, сокинони аз минтақаҳо омадаро ба ҳузур пазирад. Сокинони ғайриқонунӣ боздоштшударо озод, барои ҳимояти сокинони наздимарзӣ гуруҳҳои мардумӣ ташкил... Читать дальше...




Ozodi.org 

Нафақахӯрони туркман навбат меистанд, то бигӯянд зинда ҳастанд

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон имрӯзҳо навбатпоии тулонии нафақахӯрон дар пушти дари муассисаҳо мушоҳида мешавад, ки бар асоси як қарори нав бояд зинда будани худро дубора тасдиқ кунанд. "Ман шахсан имрӯз барои аз наздик шинос шудан бо вазъ ба маркази ноҳияи Кападоғ рафтам. Онҷо шумори зиёди калонсолон, маъюбон ва модарон ҳамроҳи фарзандонашон навбат истодаанд",-гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод. Мансабдорони Туркманистон мегӯянд, ин қарор бо ҳадафи пешгирӣ аз сӯистифодаи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тарроҳи машҳур Нариман Григорянро дар Тошканд куштанд

Додситонии кулли Узбекистон ҷузъиёти куштори тарроҳи машҳур Нариман Григорянро дар шаҳри Тошканд расонаӣ кард. Ба огаҳии додситонӣ, дар бораи марги тарроҳ 14 январ, тақрибан соатҳои 11:50 ба Идораи ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Яшнободи Тошканд хабар дода шудааст. Ҷасади Григорянро, соли таваллудаш 1985, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар утоқи зисташ дар меҳмонсарои воқеъ дар кӯчаи Чигил пайдо кардаанд. Додситонии Яшнобод дар робита ба ин ҳодиса бо банди "куштори барқасдона" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Эътирози ронандагони таксии Хуҷанд

Як гуруҳ аз ронандагони ширкати таксиронии “Максим” дар Хуҷанд даст ба корпартоӣ задаанд. Ронандагон бо норозигӣ аз паст шудани нархи роҳкиро мегӯянд, нархи муқарраркардаи ширкат хароҷоти онҳоро намепӯшонад. Аммо масъулони ширкат чунин чизеро рад карда гуфтанд, нархҳо тағйир наёфтааст.

Ozodi.org 

Танқиди вазъи ҳуқуқи инсон дар Русияву Чину Тоҷикистон

Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ гуфт, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Русия дар соли гузашта “ҳамчунон бад” шудааст ва ҳукуматро барои саркӯби дигарандешон танқид кард. Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вотч рӯзи 14-уми январ гуфт, мақомот бо такя ба “истибдод” ва “муҳокимаҳои намоишӣ” дигарандешонро хомӯш кардаанд. Созмони мазкур, ки дар шаҳри Ню Йорк қароргоҳ дорад, давлати Чинро ҳам барои “ҳамла” ба ҳуқуқи инсон таъкид кард ва гуфт, ки ин кишвар мехоҳад, чунин рафторашро ба дигар кишварҳо ёд бидиҳад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Баҳси вакилони тоҷик дар бораи таҳсил дар мактабҳои нави русӣ

Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми январ созишнома дар бораи сохтмони панҷ мактаби русиро дар кишвар қабул карданд. Ин санад пештар байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия ба имзо расида буд. Аммо баъзе аз вакилони тоҷик гуфтанд, дар ин мактабҳо на фақат таърихи Русия, балки таърихи Тоҷикистон омӯзиш дода шавад. Президенти Русия дар моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, барои "мутобиқ кардани муҳоҷирон аз Осиёи Миёна" дар кишварҳои минтақа мактабу донишгоҳҳои русӣ фаъол шаванд. Чанд суол аз муовини вазир Раҳматулло Мирбобоев... Читать дальше...

Ozodi.org 

Талаби Путин барои зиёд кардани аҳолии Русия

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия зимни паёми солонааш ба порлумон ба масоили дохилӣ ва аз ҷумла андешидани тадбирҳо барои пешгирӣ аз кам шудани аҳолӣ тамаркуз кард. Ҳангоми суханронӣ дар рӯзи 15-уми январ дар назди аъзои Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатӣ гуфт, мақомот бояд барои зиёд шудани таваллуд ва кумак ба оилаҳои ҷавон чораҳои бештар биандешанд. Ба қавли раиси ҷумҳури Русия, даромади кам яке аз монеаҳои афзоиши таваллуд дар Русия, аст, ки аҳолиаш 147 миллион нафарро ташкил медиҳад ва баъди... Читать дальше...

Ozodi.org 

Барои ҷарроҳии қалби Шамсиддин сарпараст меҷӯянд. ВИДЕО

Шамсиддин Умарзода, сокини 17-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, аз замони таваллуд аз дарди қалб ранҷ мекашад. Дар ин син, ки аксар ҳамсолони ӯ бо орзуву нақшаҳои зиёд барои зиндагии баъдимактабӣ омодагӣ мегиранд, Шамсиддин Умарзода ва волидонаш дар ҷустуҷӯи тақрибан 200 ҳазор сомонӣ ҳастанд. Ин маблағ на барои таҳсил дар хориҷ, балки барои ҷарроҳии қалби ҷавон зарур аст. Шамсиддин Умарзодаро ҷарроҳии мушкил ва пурхарҷ дар пеш аст. Ӯ бояд дар хориҷ аз кишвар ҷарроҳӣ шавад. Волидонаш мегӯянд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳасан Рӯҳонӣ мардуми Эронро ба ягонагӣ даъват кард

Бо идомаи эътирозҳо дар Эрон аз сарнагун кардани ҳавопаймои украинӣ раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ хостори ваҳдати миллӣ дар кишвар шуд. Ӯ рӯзи 15-уми январ ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи ҳукумат, ки дар телевизион намоиш доданд, мардуми Эронро ба оромӣ ва ягонагӣ даъват кард.  Айни замон Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷӣ дар як нишасте дар Ҳинд, гуфт, ки мардум ба зидди ин воқеият, ки “ба онҳо чанд рӯз дурӯғ гуфтанд.” Рӯҳонӣ дар нишаст гуфт: “Мардум мехоҳанд, мутмаин бошанд, ки мақомот бо онҳо самимона... Читать дальше...

Ozodi.org 

”Муллову эшонҳои мо саводи пурра надоранд”

Роҳи осони интиқоли пул ба Тоҷикистон, боздошти муллоҳову муаллимони тоҷик бо гумони ифротгароӣ, пули тарсноки одамкуш дар Кӯлоб, ҷанги муҳоҷирон барои хунсупорӣ видеову мавзуҳои Озодӣ Онлайни имрӯз аст.

Ozodi.org 

Боздошти рӯҳониён, пули тарснок ва "ҷанг"-и муҳоҷирон дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО

Роҳи осони интиқоли пул ба Тоҷикистон, боздошти рӯҳониёну муаллимони тоҷик бо гумони ифротгароӣ, пули тарснок дар Кӯлоб ва ҷанги муҳоҷирон барои хунсупорӣ видеову мавзуъҳои "Озодӣ Онлайн"-и имрӯз аст. Баъди шикоятҳои пай дар пай дар бораи мушкил шудани интиқоли пул, даҳҳо муҳоҷир аз Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки роҳи осони фиристодани пул тавассути системаҳои "Контакт" ва "Юнистрим" ҳаст ва шарт нест, аз хона бароеду ба бонк ё ҷои дигар равед.  Ҳоло, ба гуфтаи муҳоҷирон, пуле, ки аз шумо мегиранд, фақат як дарсади пулест, ки мефиристед.

Ozodi.org 

Ирсоли санадҳои тоза барои эълони нобоварӣ ба Трамп

Муфаттишони парвандаи эълони нобоварӣ ба раиси ҷумҳури Амрико аз Маҷлиси Намояндагон як баста аз санадҳои Лев Парнас шарики наздики Руди Ҷулиани, вакили дифои Доналд Трампро ба кумитаи Конгресс фиристодаанд. Ба қавли онҳо, дар санадҳо далелҳои дигар барои эълони нобоварӣ ба Доналд Трамп вуҷуд дорад. Санадҳо, ки ёддошт, номаҳои электронӣ, суҳбатҳои телефониро дар бар мегиранд, рӯзи 14-уми январ нашр шуданд. Дар онҳо ҷузъиёти тозаи маҷбур кардани Украина ба тафтиши фаъолиятҳои рақиби сиёсии Трамп... Читать дальше...

Ozodi.org 

Владимир Путин бо паёми солона ба порлумон муроҷиат мекунад

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз бо паёми солона ба порлумон муроҷиат мекунад ва қарор аст, масоили дохилӣ ва умури хориҷии кишварашро ба баррасӣ бигирад. Паёми солона дар рӯзи 15-уми январ дар Шӯрои Федератсия замоне ироа мешавад, ки Русия ба сабаби амалкардҳояш дар Украина, Сурия ва дахолат ба интихобот дар Амрико зери таҳрими кишварҳои ғарбӣ қарор дорад. Таҳримоти иқтисодӣ то кунун монеи рушди иқтисодӣ, афзоиши камбизоатӣ, авҷ гирифтани ноқаноатмандӣ аз сиёсатҳои ҳукумат дар Русия шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Пешсафии мизбонон дар Олимпиадаи наврасон дар Лозанна

Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозанна баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот мунтахаби Швейтсария бо касби 13 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар мақоми аввал қарор дорад. Мунтахаби Русия бо касби 11 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми дувум ва мунтахаби Ҷопон бо касби 5 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми севумро ишғол кардаанд. То ҳоло варзишгарони навраси 20 кишвар медал гирифтаанд. Ба ҷуз аз варзишгарони Швейтсария, Русия ва Ҷопон боз намояндагони 9 кишвар ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дастаи Душанбе ғолиби аввалин мусобиқаи футзал миёни духтарон шуд

Аввалин мусобиқа оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба соли футзал дар Тоҷикистон доир гардид, бо пирӯзии дастаи Душанбе ба поён расид. Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, баргузор шуд, чаҳор дастаи мунтахаби минтақавӣ - Душанбе, Хатлон, Хатлон-2 ва ШНТМ (Шаҳру навоҳии тобеи марказ) – ширкат дошт. Дастаи Душанбе, ки бо раҳбарии мураббӣ Зебо Гасимова дар ҳарсе бозӣ пирӯз шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуда, бо медалҳои тилло сарфароз гашт. Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Полузащитник Файзуллаев вернется в расположение ЦСКА перед игрой с "Зенитом"

Двухлетний мальчик умер после падения из окна седьмого этажа в Москве

Потепление до плюс 19 градусов ожидается в столице

Искусство Победы: После демонстрации. Они видели Сталина

Музыкальные новости

Денис Майданов вышел на связь после сообщений о госпитализации в Москве

Google закрыл дыру в системе безопасности Android TV

Якубко: в декабре все опять будут плеваться от календаря РПЛ, но это легко можно исправить

В Евпатории появится уютный жилой квартал “Кубики”

Новости России

Молодые белгородцы могут побороться за грант и спецпризы в туристическом конкурсе

Победителей “Диктанта Победы” пригласят на Парад в Москве

Двухлетний мальчик умер после падения из окна седьмого этажа в Москве

III класс пожарной опасности ожидается на территории Подмосковья 1–3 мая

Экология в России и мире

Куда поехать на майские праздники в России: топ-7 направлений

Чтобы кости были крепкими: 10 продуктов, богатых кальцием, которые нужно добавить в рацион

«1418»: выставка секции «Арт-фото» ТСХР в зале «Лаврушинский`15»

Героическое участие армян в СВО. Часть третья

Спорт в России и мире

WTA предвкушает дуэль Елена Рыбакина — Юлия Путинцева на турнире в Мадриде

Медведев сыграет с Бубликом в Мадриде 

Рыбакина узнала неприятную новость перед "казахстанским дерби"

Рублёв: быстрая победа над Грикспором связана с тем, что хотел быстрее уйти с корта

Moscow.media

Автомобили HAVAL — с комфортом по бездорожью

Google закрыл дыру в системе безопасности Android TV

Коршун

"Банда четырех" против демократии











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Полузащитник Файзуллаев вернется в расположение ЦСКА перед игрой с "Зенитом"

Выше нормы: синоптики рассказали о погоде в Москве в мае

Потепление до плюс 19 градусов ожидается в столице

Победителей “Диктанта Победы” пригласят на Парад в Москве