Мы в Telegram
Добавить новость

За 4 дня только из одного аэропорта РФ депортировано 643 гражданина Таджикистана

Reuters: установленный Западом потолок цен на ...

Глобализму проходит конец. Мишустин четко ответил Силуанову

Кратко про арестованную подмосковную чиновницу Стригункову, курировавшую блок здравоохранения

World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Январь
2020

Новости за 09.01.2020

Ozodi.org 

Марде баъди 18 рӯзи нопадидшавӣ дар Чукотка зинда пайдо шуд

Гурӯҳи наҷот дар Русия мардеро пайдо кард, ки 18 рӯзи пеш дар ҷангалҳои пурбарфи минтақаи Чукотка нопадид шуда буд. Интерфакс мегӯяд, марди 27-сола оҳупарвар аст ва дар фосилаи 200 км дуртар аз макони зисташ пайдо шуд. Мақомоти маъмурияти  Эгвекинот, ки дар Шарқи Дури Русия воқеъ аст, гуфтанд, ки ин мард дар як кулбаи бекасе пайдо шуд. Ӯ 16 рӯз  гуруснагӣ кашида, бо ҳар маводе, ки пайдо кардааст, оташ карда худро гарм кардааст. Ҳоло, ба гуфтаи ин мақоми Чукотка, сардиҳо дар ин қаламрав ба -30 дараҷаи Селсия мерасад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳуҷуми эътирозгарон дар Абхозистон ба бинои президентӣ

Эътирозгарон дар минтақаи ҷудоиталаби Абхозистони Ҷумҳурии Гурҷистон ба биное ҳуҷум карданд, ки амалан дафтари президенти минтақа Раул Хаҷимба маҳсуб меёбад. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа мегӯяд, ки рӯзи 9 январ даҳҳо эътирозгар ҳама тирезаву дарҳои ошёнаи аввалро шикастанд ва садҳо нафари дигар дар берун бо шиорҳои “Истеъфо, Хаҷимба!” ба барканории раҳбари минтақа даъват карданд. Худи Хаҷимба дар ин лаҳзаҳо дар дохили бино набуд. Эътирозгарон аввал дар муқобили бинои Додгоҳи олӣ ҷамъ шуданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Мурофиаи президенти собиқ Отамбоев дар ғайбаш баргузор мешавад

Мурофиаи додгоҳии президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки барои раҳоии ғайриқонунии як раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ дар соли 2013 гунаҳгор мешавад, дар ғайби ӯ барпо мешавад. Отамбоеви боздоштшуда ин навбат ҳам ширкат дар мурофиаро рад кард. Сергей Слесарев, вакили дифои президенти собиқ гуфт, баъди он ки Отамбоев рӯзи 9 январ мурофиаи додгоҳиро, ки дар утоқи Кумитаи амнияти миллӣ барпо шуд, тарк кард, додрас қарор кард мурофиаро дар ғайби ҷавобгар барпо кунад. Қарори баргузории додгоҳ дар қароргоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Сабаби сарнагунии ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон чӣ буд? ВИДЕО

Сабаби сарнагунии ҳавопаймои "Boeing 737​"-и мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Украина дар Эрон "мушкили фаннӣ" унвон шудааст. Дар ин бора ба хабаргузории "Рейтерз" панҷ манбаъ дар истихбороти Амрико, Канада ва як кишвари аврупоӣ иттилоъ додаанд. Ин фарзияро, инчунин, муфаттишони эронӣ тасдиқ карда, гуфтанд, ки бар асоси арзёбиҳои ибтидоӣ муҳаррики ҳавопаймои мусофирбар вайрон шуда буд. Ҳавопаймои Boeing 737, ки ба ширкати ҳавопаймоии Украина мутааллиқ буд, рӯзи 8-уми январ чанд лаҳза баъди баланд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Қонуни нав дар Тоҷикистон киро ифротгаро мешиносад?

Дар Тоҷикистон қонун дар бораи мубориза бо экстремизм ба иҷро даромад, ки ба гуфтаи мақомот роҳҳои нави пешгирӣ аз ифротгароиро дар назар дорад. Қонунро моҳи декабри соли 2019 вакилони порлумон қабул карда буданд, аммо ҷузъиёташ маълум набуд. Бо нашри қонун дар матуботи расмии Тоҷикистон дар оғози моҳи январи имсол тафсилоти қонун дастраси умум гардид. Дар қонуни нав мақомот шарҳ додаанд, ки киро ҳамчун ифротгаро мешиносанд ва кадом амалҳо ҳамчун ифротгароӣ тавсиф мешавад. Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Мулло Хайриддин куҷост?

Хайриддини Абдуллоҳ, бо гузашти 12 рӯз ба манзилаш нарасидааст. Ин рӯҳонии 35 солаи тоҷик аз Русия ба ватан бозгашта буд,аммо ба дидори пайвандонаш имкон наёфт. Ҳамсари Хайриддин Абдуллоҳ мегӯяд, ӯро дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд,ва дар бораи айбномааш ба онҳо чизе нагуфтаанд.

Ozodi.org 

Мотами миллӣ дар Украина. Таҳқиқи сарнагунии ҳавопаймо идома дорад. ВИДЕО, АКС

Украина рӯзи 9-уми январ мотами миллӣ баргузор кард. Пас аз сарнагун шудани ҳавопаймои украинӣ дар ҷанубу ғарби Теҳрон, ки 176 сарнишину  мусофири он кушта шуданд, мақомоти ҳавопаймоии Украина дар  ҷустуҷӯи ҷавоб ҳастанд. Президент Владимир Зеленский як рӯз пас аз ҳодиса ба миллат рӯ овард ва гуфт, давлат омодааст ба оилаҳое, ки хешовандони худро дар фоҷиа гум кардаанд, "ҳама гуна ёрии даркорӣ" расонад. Ӯ огоҳ кард, ки ин фоҷиа “мавзӯе нест барои расонаҳои иҷтимоӣ ва ҳангомаву шӯрандозӣ.” Боинг 737-800... Читать дальше...

Ozodi.org 

Маҷлиси намояндагони ИМА қудрати ҷангии Трампро маҳдуд карданист

Маҷлиси намояндагони зери назари демократҳо дар Амрико ният дорад дар овоздиҳии рӯзи 9 январ салоҳиятҳои президент Доналд Трамп барои анҷоми амалиёти низомӣ алайҳи Эронро маҳдуд кунад. Вакилони маҷлис гуфтанд, ки аз шарҳи Кохи Сафед дар заминаи куштори ҳадафмандонаи генерали эронӣ қонеъ нестанд. Раиси маҷлис Ненси Пелосӣ гуфт, ки овоздиҳӣ дар заминаи қатъномаи қудрати ҷангӣ рӯзи панҷшанбе барпо мешавад ва “аъзои Конгресс аз қарори маъмурият дар заминаи ширкат дар амалиёти ҷангӣ алайҳи Эрон ва набуди... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 9-уми январи соли 2020

Иддаои шиканҷаи се бародар дар идораи милиса, сабаби тахминии суқути ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон, кӯчаҳои саршор аз партов дар Кӯлоб ва сарнавишти норӯшани мулло Хайриддин.




Ozodi.org 

Трамп таҳдиди шурӯи ҷангро бо Эрон аз байн бурд. Оё ин охири кор аст?

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ишора кард, ки дар низоъ бо Эрон аз мавқеи коҳиши ихтилофҳо кор мегирад ва аломат дод, ки барои ҳамлаҳои мушакии Ҷумҳурии Исломӣ ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ дар талоши интиқомгирӣ нест. Дар ҳоле ки ҷаҳониён мунтазири дарёфти посухи ин суол буданд, ки то куҷо Ховари Миёна дар остонаи як ҷанги нав қарор дорад, Трамп шаби 8-уми январ дар суханрониаш ҳарфҳои омехтаеро дар бораи фаъолиятҳои террористии Эрон ва ҳам зарурати сулҳу ҳамкорӣ ба забон овард. Замоне ки Доналд Трамп суханронӣ мекард... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Писари қозикалон" ва офарандаи нақши "доҳии пролетариатҳои ҷаҳон". Аслӣ Бурҳонов 105-сола шуд

Аслӣ Бурҳонов, "писари қозиқалон" ва офарандаи нақши "доҳии пролетариатҳои ҷаҳон" дар театри тоҷик, рӯзи 8-уми январ 105-сола шуд. Ҳарчанд падараш қозиқалони Бухоро буд, аммо барои иҷрои нақши Владимир Ленин ба вай унвони ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ тақдим шудааст. Вай аз соли 1933 то охири умраш дар соли 1997 дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият кард.  Аз Аслӣ Бурҳонов ҳунармандони театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе ҳоло низ танҳо ба унвони "муаллим Бурҳонов" ном мебаранд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Интихобот 2020. Ҳизби рақиби Эмомалӣ Раҳмон ё "нақшофар"?

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, яке аз ҳафт ҳизби сиёсии амалкунанда дар Тоҷикистон, дар интихоботи порлумонии моҳи март 8 номзад пешбарӣ мекунад. Ҳизбе, ки раҳбараш онро "ҳизби мухолиф" ва мунтақидонаш "филиали ҳизби ҳоким" меноманд, аз замони таъсисаш дар соли 1996 танҳо панҷ сол пеш дар порлумон соҳиби курсӣ шуд. Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик, онро ҳосили "нақшофарӣ"-и Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сотсиалистӣ дар интихоботи президентии соли 2006 ва 2013 медонад.  Абдуҳалим Ғаффоров... Читать дальше...

Ozodi.org 

Муборизаи 16 тими Осиё барои се роҳхат ба Олимпиадаи Токио

Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, ки 8-уми январ дар Тайланд шуруъ шуд, 16 дастаи мунтахаби олимпӣ (U-23) ширкат дорад. Дар ин бора сомонаи championat.asia хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст: Гурӯҳи «А»: Тайланд, Ироқ, Австралия, Баҳрайн Гурӯҳи «В»: Қатар, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Сурия Гурӯҳи «С»: Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Чин Гурӯҳи «D»: Ветнам, Кореяи Шимолӣ, Урдун, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Осиёи Марказиро... Читать дальше...

Ozodi.org 

Даҳҳо сар чорво аз Кокули Фархор куҷо "ғайб" зад? ВИДЕО

Даҳҳо сар чорвои сокинон дар деҳаи Кокули ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор -- минтақаи ҳаммарз бо вилояти Тахори Афғонистон,  бенишон шудааст. Ба қавли сокинон, нопадидшавии сартосарии чорвои сокинон тӯли як моҳи ахир иттифоқ афтодааст. Онҳо тахмин мезананд, ки шояд чорвояшонро ба он сӯи марзи Афғонистон бурдаанд. Мақомот дар Фархор мегӯянд, ки ҳолати пешомадаро таҳқиқ доранд. Фақат дар як шаб 5 гови Гулбаҳор Ораева, сокини деҳаи Кокул аз чарогощи атрофи деҳа "ғайб" задааст. Ин сокини Фархор мегӯяд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Чорвои сокинони Кокули Фархор куҷо шуд?

Даҳҳо сар чорвои сокинон дар деҳаи Кокули ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор -- минтақаи ҳаммарз бо вилояти Тахори Афғонистон, бенишон шудааст. Ба қавли сокинон, нопадидшавии сартосарии чорвои сокинон тӯли як моҳи ахир иттифоқ афтодааст. Онҳо тахмин мезананд, ки шояд чорвояшонро ба он сӯи марзи Афғонистон бурдаанд. Мақомот дар Фархор мегӯянд, ки ҳолати пешомадаро таҳқиқ доранд.

Ozodi.org 

Эҳтимоли коҳиши ихтиёроти ҷангии Трамп

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии Конгресси ИМА имрӯз дар масъалаи маҳдуд намудани салоҳияти президент Доналд Трамп дар масъалаи амалиёти низомӣ бар зидди Эрон овоз хоҳад дод. Маҷлиси Намояндагон, ки зери назорати қонунгузорони демократ аст, аз тафсилоти Қасри Сафед, дар масъали куштори генерали баландпояи эронӣ қонеъ нест. Раиси Маҷлиси Намояндагон, Ненси Пелосӣ, гуфт, овоздиҳӣ 9-уми январ доир хоҳад шуд.Бар пояи он президент Трамп танҳо баъд аз он бар зидди Эрон иқдом хоҳад кард, ки Конгресс... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дарёфти визаи Аврупо барои белорусиҳо осонтар мешавад

Иттиҳоди Аврупо ва Белорус ду созишеро имзо карданд, ки бар пояи он, белорусиҳо ба таври сабуктар ва арзонтар ҳаққи вуруд ба кишварҳои узви иттиҳодро пайдо мекунанд. Созиши аввал, тақдими виза ва созиши дувум, реадмиссия ва ё бозгардони шаҳрвандонро мадди назар дорад. Акнун шаҳрвандони Белорус имкон хоҳанд дошт, ки бо маблағи 35 евро ва дар муддати кӯтоҳтаре ба Иттиҳоди Аврупо раводиди сафар бигиранд. Ин созишҳо бояд аз тарафи кишварҳои Аврупо ва порлумони Белорус тасвиб шавад.

Ozodi.org 

Тоҷикистон мизбони қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола

Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола аз 24-ум то 29-уми январ дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Шаш даста барои унвони зӯртарин дастаи минтақа мубориза мебарад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон баргузор мешавад. Ҳамаи 15 бозӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Коргардони амрикоӣ дар бораи варзишкори қирғиз филм офарид

Рейчел Сайн, коргардони амрикоӣ дар бораи варзишкори қирғизистонӣ Айсулуу Тинибекова филми мустанад офарид. Дар ин бора аз Федератсияи куштии Қирғизистон хабар доданд. Ду соли охир коргардони амрикоӣ Тинибековаро дар мусобиқаҳо ва тамринҳо ҳамроҳӣ мекард. "Коргардон тамринҳои Айсулуу, ҳаёти шахсӣ, мусобиқаҳои ӯро сабт мекард. Ин мустанаде дар бораи зиндагии Айсулуу, кӯдакии вай, хонаводааш ва муваффақиятҳояш дар варзиш хоҳад буд. Мо намедонем, ки филм кай ба намоиш медарояд",-гуфт Бойғози Кенҷебоев... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Туркманистон кӯдаконро бо ришва ба боғча қабул мекунанд

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Марии Туркманистон имрӯзҳо қабули кӯдакон ба боғча идома дорад. Волидон аз навбатпоиҳои тӯлонӣ дар пушти дари муассисаҳо ва тамаъҷуии масъулони боғчаҳо шикоят доранд. "Волидон барои навбат гирифтан ба идораи маорифи маҳали зисти худ муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод мекунанд. Вале агар ришва надиҳанд, навбаташон то як сол идома хоҳад ёфт. Навбати бархе аз волидон ба маҳзи дарёфти шаҳодатномаи таваллуди фарзандашон фаро мерасад, вале бархеҳо наметавонанд фарзанди... Читать дальше...

Ozodi.org 

Эрдуғону Путин "Маҷрои Туркия"-ро боз ва вазъ дар Ховари Миёнаро баррасӣ карданд

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар маросими ифтитоҳи лӯлаи гази "Маҷрои Туркия" иштирок карданд, ки гази Русияро ба ин кишвар ва Аврупо интиқол медиҳад. "Маҷрои Туркия" тарҳе аст, ки бо кушишҳои Москва ба хотири коҳиши интиқоли газ тавассути Украина иҷро мешавад. Бунёди лӯлаи мазкур моҳи майи соли 2017 оғоз шуда, 8 миллиард доллар харҷ дошт. Беш аз 930 километри лӯла аз баҳри Сиёҳ мегузарад. Қарор аст, он солона 31,5 миллиард метри мукааб газро аз Русия ба ғарби Туркия интиқол диҳад... Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Певец Денис Майданов рассказал о состоянии здоровья и госпитализации

Всего 1,18 млн рублей за новую Lada Vesta. В Белоруссии стартовали продажи Lada Vesta Black Line

Институт СТЭИ при поддержке Комитета общественных связей и молодежной политики города Москвы реализует проект "Вода Москвы"

Аркадий, ты где?

Музыкальные новости

"Зенит" потерпел второе поражение подряд в РПЛ

«Хлеб всему голова». Как в Крыму и Севастополе изменились цены на хлеб?

Серфинг в России 2024: места, где можно поймать волну

В Евпатории появится уютный жилой квартал “Кубики”

Новости России

Глобализму проходит конец. Мишустин четко ответил Силуанову

53-летняя Айсылу, вышедшая замуж за 23-летнего приемного сына, подала на развод

Кратко про арестованную подмосковную чиновницу Стригункову, курировавшую блок здравоохранения

Горячая степь: что посмотреть и чем заняться в Калмыкии весной

Экология в России и мире

Природа России 81

Регистрация Авторского права. Регистрация объекта авторского права. Регистрация Авторского права на книгу. Регистрация Авторского права на музыку.

6 городов России, где можно увидеть белые ночи кроме Санкт-Петербурга

Уголовное дело против известного российского политолога Михаила Александрова является фальсификацией бакинского режима

Спорт в России и мире

Соболенко вышла в ⅛ финала турнира WTA в Мадриде

Андреева обыграла Паолини и вышла в 1/4 финала турнира WTA в Мадриде

Медведев обыграл Бублика и вышел в четвертьфинал "Мастерса" в Мадриде

Потапова и Павлюченкова вышли в полуфинал турнира WTA в Мадриде в парном разряде

Moscow.media

Музеи Твери. Лисичкины сказки

Регистрация Авторского права. Регистрация объекта авторского права. Регистрация Авторского права на книгу. Регистрация Авторского права на музыку.

Военные следователи провели в Судаке проверку лиц, не вставших на воинский учет

Совместные учения сотрудников Росгвардии и МЧС прошли в Москве











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Прогулки по Германии: Мюнхен, Германия

Москва и Бишкек подписали соглашение о сотрудничестве до 2027 года

Овчинский: В Москве растет выпуск стройматериалов

За 4 дня только из одного аэропорта РФ депортировано 643 гражданина Таджикистана