Мы в Telegram
Добавить новость

Лавров назвал временными меры профилактики терроризма на границе с Таджикистаном

Тюльпаны зацвели на клумбах Москвы

Яхтсмен из Московской области стал победителем этапа Кубка России

Холодный атмосферный фронт подходит к Москве



World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Январь
2020

Новости за 23.01.2020

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар мавриди Қорӣ Усмон ва Абу Аюби Кӯлобӣ дархост нагирифтааст

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи иштироки ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамлаи Стокҳолм дар соли 2017 аз мақомоти Шветсия ягон муроҷиате нагирифтааст. Қаблан Хадамоти Амниятии Шветсия гуфта буд, ду шаҳрванди Тоҷикистон бо лақабҳои Қорӣ Усмон ва Абу Аюби Кӯлобӣ (Шаҳбози Музаффар) бо Раҳмат Оқилов, созмондиҳандаи ҳамлаи Стокҳолм робита доштанд. Таҳқиқи маъмурони амниятии Шветсия маълум кардааст, ки Қорӣ Усмон ба Раҳмат Оқилов, роҳҳои омода кардани бомбро нишон додааст ва Абу Аюби Кӯлобӣ чанд соат пеш аз ҳамла ӯро рӯҳбаланд кардааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Паёмҳои Пенс ва Путин дар ҳамоиши гиромидошти қурбониёни Ҳолокост

Дар Исроил, дар шаҳри Байтулмуқаддас, Ҳамоиши ҷаҳонии гиромидошти қурбониёни Ҳолокост баргузор шуд. Ин анҷуман ба 75-умин солгарди озодии асирони урдугоҳи "Освентсим" ё "Аушвитс" дар ҳудуди Лаҳистон дар поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум бо мадади сарбозони Шӯравӣ бахшида шудааст. Барои ширкат дар ҳамоиш сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои даҳҳо кишвар, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин, раҳбари Украина Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, ноиб-президенти Амрико Майк Пенс вориди Исроил шуданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Масъалаи барканории Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон

Аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон маълум хоҳанд кард, ки ​додситони кул Юсуф Раҳмон дар мансабаш мемонад, ё меравад. Ҷаласа рӯзи 24-уми январ бо дархости раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Дар фармони даъвати ҷаласа гуфта шудааст, ки аъзои Маҷлиси Миллӣ барои озоду таъйини додситони кул ризоят хоҳанд дод, вале дар бораи онки Юсуф Раҳмон пурра барканор мешавад ё панҷ соли дигар дар ин мансаб мемонад, ишора нарафтааст. Масъулони дафтари матбуоти президент рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дархости фиристодаи вижаи Амрико аз раҳбарони Сербия ва Косово

Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида барои Сербия ва Косово аз раҳбарони ҳарду кишвар хостааст, ки ихтилофҳои худро канор гузоранд ва ба пешрафти иқтисод диққат диҳанд. Ричард Гренелл 22-юми январ ҳангоми сафари худ ба Приштина, пойтахти Косово ва пеш аз гуфтугӯҳо бо президент Ҳошим Тачи гуфт, “мехоҳем дар ин минтақа, дар Косово ва Сербия, дар ҷабҳаи иқтисод пешрафт кунем." Гренелл ҳамзамон сафири Амрико дар Олмон аст. Вай ба хабарнигорон гуфт: "Ҷавонон ба кор ниёз доранд – ин як хостаи давлати Трамп аст. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Ҳа"-и вакилони Думаи давлатии Русия ба тарҳи ислоҳҳои Путин

Қонунгузорони Русия дар нахустин хониш лоиҳаи нави ислоҳи қонуни асосиро, ки аз сӯи президент Владимир Путин пешниҳод шудааст, якдилона қабул карданд. Ҳамаи 432 вакили Думаи Давлатӣ рӯзи 23-юми январ, танҳо пас аз се рӯзи пешниҳод шудани дигаргунӣ ба порлумон, ба тарафдории қонун овоз доданд. Пас аз овоздиҳӣ сухангӯи Дума Вячеслав Володин гуфт: “Ин як намоиши тавонои ягонагӣ буд.” Володин гуфт, хондани дувум дар 11-уми феврал  пешбинӣ шудаааст. Ин лоиҳа сипас ба хониши сеюм рӯбарӯ хоҳад шуд... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Интиҳорӣ" аз Фаҳим Кӯҳдоманӣ. Достони мусибат ва ваҳшат. ВИДЕО

Аҳмад Фаҳим Кӯҳдоманӣ, рӯзноманигор ва сухангӯи пешини Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, бо нашри китобе ба хатти сириллик дар Тоҷикистон, аз роҳҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва чун як интиҳорӣ ё маргталаб омода кардани онҳо, қисса кардааст. Вай дар ҷараёни муаррифии достони "Интиҳорӣ", ки ҳафтаи гузашта бо ҳузури рӯшанфикрон, рӯзноманигорон ва аҳли фарҳанг дар Душанбе доир шуд, гуфт, ки ҳадаф аз таълифи ин китоб, ҳушдор ба хонаводаҳо ва ҷавононе аст, ки бо умеди омӯзиши аҳкому фароизи... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Интиҳорӣ" аз Фаҳим Кӯҳдоманӣ. Достони мусибат ва ваҳшат

Аҳмад Фаҳим Кӯҳдоманӣ, рӯзноманигор ва сухангӯи пешини Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, бо нашри китобе ба хатти сириллик дар Тоҷикистон, аз роҳҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва чун як интиҳорӣ ё маргталаб омода кардани онҳо, қисса кардааст.

Ozodi.org 

Дар як фоҳишахонаи Ҳинд шаҳрванди Узбекистонро боздошт карданд

Дар шаҳри Бхопали Ҳиндустон пулиси маҳаллӣ гуруҳеро боздошт кард, ки хадамоти шаҳвонӣ мерасониданд. Дар ҷараёни як рейд чаҳор зан ва ду мард боздошт шуд. Миёни боздоштшудаҳо як шаҳрванди Узбекистон низ ҳаст, ки ба танфурӯшӣ машғул буд. Дар ин бора расонаҳои ҳиндӣ хабар медиҳанд. Шаҳрванди Узбекистон айни ҳол дар боздоштгоҳ аст. Айни ҳол дар бораи ному насаби ин зан маълумоте нашр нашудааст. Расонаҳои хориҷӣ борҳо дар бораи ба танфурӯшӣ машғул будани шаҳрвандони Узбекистон дар кишварҳое чун Имороти Муттаҳидаи Арабӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Боздошти муттаҳам ба дуздии сандуқи хайрияи як масҷид дар Ашт

Мақомот шахсеро ба иттиҳоми дуздии пулҳои сандуқи хайрияи масҷиди Умари Одили деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт, боздошт кардаанд. Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғд рӯзи 23-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт "гумонбарро мушаххас карданд. Гумонбар, ноболиғ, соли таваллудаш 2003, хонандаи синфи 11, сокини деҳаи Понғоз мебошад. Аз рӯи нишондоди гумонбаршуда ӯ аз даруни сандуқи хайрия 150 сомонӣ гирифтааст". Ба гуфтаи Шарипов... Читать дальше...




Ozodi.org 

Кони тилои Қумтор дигарбора фаъол шуд

Ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" иҷозат ёфт, ки фаъолиятро аз сар гирад. Дар ин бора Элдар Тоҷибоев, намояндаи ширкат хабар дод. Ба гуфтаи вай, нақшаи кори соли 2020 бо Кумитаи давлатии саноату энержии Қирғизистон мувофиқа шудааст. Баъди лағзиши куҳпора дар моҳи декабри соли гузашта дар кони Қумтор ҳамакнун хоки бехташударо дар партовгоҳҳои "Чон-Сари-Тор" ва "Кичи-Сари-Тор" мерезанд. "Ҳоло ширкат ба идома додани фаъолият омода мешавад. 500 коргаре ки то ин замон бекор буданд, бо навбат ба коргоҳ даъват мешаванд",-гуфт Тоҷибоев. Читать дальше...

Ozodi.org 

Путин бо сафари расмӣ вориди Исроил шуд

Президенти Русия бо сафари расмӣ вориди Исроил шуд. Владимир Путин бо сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу ва президенти он кишвар Реувен Ривлин мулоқот намуд. Президенти Русия ҳамчунин дар маросими пардабардорӣ аз тандиси қаҳрамонҳои муҳосираи Ленинград - "Шамъи хотира" ширкат ва дар форуми "Хотираи Ҳолокостро ҳифз мекунем" суханронӣ мекунад. Форуми Ҳолокост ба 75-солагии озодсозии урдугоҳи кори иҷборӣ ё конслагери "Освентсим" аз сӯи аскарони шӯравӣ бахшида мешавад. Путин ҳамчунин бо модари зодаи Исроил Наам Иссахар... Читать дальше...

Ozodi.org 

Қирғизистон назорат дар марз бо Чинро пурзӯр кард

Мақомоти Қирғизистон дар пайи паҳншавии вируси нав дар Чин чораҳои нави пешгирикунандаеро рӯи даст гирифтаанд. То ба ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба ин вирус дар Қирғизистон қайд нашудааст. Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳамаи мусофироне, ки аз Чин вориди ин кишвар мешаванд, аз санҷиши иловагӣ хоҳанд гузашт. Бо мақсади пешгирӣ аз вуруди вируси 2019-nCoV ба Қирғизистон дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Чин назорати санитарӣ пурзӯр шудааст. Динара Оторбаева, як масъули Раёсати пешгирии... Читать дальше...

Ozodi.org 

Муҳлати будубоши беқайди узбекҳо дар Русия дароз мешавад

Москва ва Тошканд масъалаи дароз кардани муҳлати будубоши бидуни қайди шаҳрвандони Узбекистонро дар Русия то ба 15 рӯз баррасӣ доранд. Дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони Узбекистон ҳақ доранд, ки дар ҳудуди Русия то 7 рӯз бе қайд ба сар баранд. Вазорат ва ниҳодҳои дахлдори ду кишвар вазифадор шудаанд, ки созишномаи дуҷониба барои дароз кардани муҳлати будубоши бе қайди шаҳрвандони Узбекистонро дар Русия таҳия кунанд. Бино ба хабари расонаҳо, интизор меравад, ин санад дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Номаи президенти Радиои Озодӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки ба аҳдаш дар бораи имкон додан ба фаъолияти бемамониати кормандони радио дар Тоҷикистон вафо накардааст. Изҳороти президенти Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми январ нашр шуд ва нусхаи он ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам фиристода шуд. Дар он омадааст, бо назардошти чунин вазъият, мумкин аст, Радиои Озодӣ шеваҳои дигари фаъолияташро дар Тоҷикистон баррасӣ кунад. Ҷейми Флай номаро ба вазир баъд аз он фиристод... Читать дальше...

Ozodi.org 

Нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ мемонанд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамтои ироқии ӯ Барҳом Солеҳ ба мувофиқа расидаанд, ки нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ бояд ҳамчунон ҳузур дошта бошанд. Кохи Сафед гуфт, ду тараф дар ин бора рӯзи 21-уми январ дар Швейтсария гуфтугӯ кардаанд. Дар баёнияи расмии ҳукумати Амрико омадааст, "ду раҳбар ба ин назаранд, ки ҳамкории Амрикову Ироқ дар арсаҳои иқтисодӣ ва амниятӣ ва аз ҷумла мубориза бо (ДОИШ) муҳим аст. Президент Трамп ба аҳди қавии Амрико барои ҳимоят аз Ироқил мустақилу ором ва шукуфо таъкид кардааст". Читать дальше...

Ozodi.org 

Арабистони Саудӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар финали қаҳрамонии Осиё

Дастаҳои мунтахаби олимпии Арабистони Саудӣ ва Кореяи Ҷанубӣ  ба финали қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола,  ки дар Тайланд ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд. Дар бозиҳои ниманиҳоӣ, ки 22-юми январ дар Тайланд баргузор шуданд, мунтахаби Арабистони Саудӣ бар дастаи Узбекистон бо ҳисоби 1:0 ва Кореяи Ҷанубӣ бар Австралия бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд. Дар финали қаҳрамонии Осиё (U-23) рӯзи якшанбеи 26-уми январ дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ рақобат мекунанд. ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тоҷикистонро дигарбора кишвари худкома хонданд

The Economist Intelligence Unit, яке аз шохаҳои пажӯҳишии маҷаллаи мӯътабари бритониёии "Экономист", бо нашри Шохиси демократия дар кишварҳои ҷаҳон, Тоҷикистонро дар мақоми 160-ум ва дар радифи кишварҳои худкома қарор додааст. Мақомоти тоҷик то кунун ба ин гузориш вокуниш нишон надодаанд, аммо гузоришҳои қаблии ҳамсонро радд карда буданд. Шохиси мазкур бар асоси назархоҳиву арзёбиҳои коршиносон ва бо назардошти панҷ шохис - раванди интихобот ва гуногунандешӣ, фаъолияти ҳукумат, ширкати мардум дар равандҳои сиёсӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Пирӯзии Русия дар Олимпиадаи зимистонаи наврасон дар Лозанна

Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон, ки рӯзҳои 9-22-юми январ дар Лозаннаи Швейтсария баргузор шуд, мунтахаби Русия бо касби 27 медал (9 нишони тилло, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти теъдод ва сифати медалҳо  ҷойи  аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Ҷопон бо касби 17 медал (9 нишони тилло, 7 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Швейтсария бо касби 22 медал (8 нишони тилло, 6 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол карданд. Умуман, варзишгарони навраси 33 кишвар бо медалҳои Бозиҳо... Читать дальше...

Ozodi.org 

Иштироки 8 паҳлавони тоҷик дар Гран-прии ҷудо дар Тел-Авив

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо  (Tel Aviv Grand Prix 2020), ки рӯзҳои 23-25-уми январ дар пойтахти Исроил - шаҳри Тел-Авив - баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-прии Тел-Авив иштироки 548 гуштигир (315 мард ва 233 зан) аз 83 кишвар дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар – Давлаталӣ Назаралиев (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг)... Читать дальше...

Ozodi.org 

Шумораи қурбониёни вируси нав дар Чин ба 17 тан расид

Шумораи қурбониёни вирусе, ки ахиран дар Чин кашф шуд, рӯзи чаҳоршанбеи 22-юми январ ба 11 нафар афзоиш ёфт ва теъдоди гирифторон ба ин вирус беш аз 540 нафар эълом шуд. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", дар пайи ваҳшат аз густариши ин вируси мармуз ва ношинохта, терминалҳои мусофирбарии байнишаҳрӣ дар шаҳри Вуҳан -- маркази аслии пайдоиши вируси нав, таътил шуда ва аз мардум хоста шудааст, ки аз сафар худдорӣ кунанд ва дар шаҳр бимонанд. Ин шаҳр 11 миллион аҳолӣ дорад. Гуфта мешавад, ки манбаи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Тошканд маҷмаии тиҷоратӣ бо баландии 230 метр месозанд

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар ҳудуди минтақаи саноатии Яккасрой дар доираи тарҳи сармоягузории Day and Night (Шаб ва Рӯз) қарор аст, маркази тиҷорие бо ду бинои дугонаи бо баландии 230 метр сохта шавад. Дар нақша аст, ки дар ҳудуди маркази тиҷорӣ 16 бинои тиҷорӣ, истиқоматӣ ва фарҳангӣ хоҳад шуд. Дар ин бора Шароф Раҳмонов, муовини раиси шаҳри Тошканд хабар дод. Вай гуфт, ин тарҳ давоми се сол амалӣ мешавад ва арзиши 1 млрд долларро дорад. Ба гуфтаи Шароф Раҳмонов, даромади солонаи маркази тиҷорӣ то 500 млн доллар хоҳад буд. Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Двухлетний мальчик умер после падения из окна седьмого этажа в Москве

Молодые белгородцы могут побороться за грант и спецпризы в туристическом конкурсе

Денис Майданов вышел на связь после сообщений о госпитализации в Москве

Потепление до плюс 19 градусов ожидается в столице

Музыкальные новости

Президент России Владимир Путин подтвердил проведение XVI Международного военно-музыкального фестиваля «Спасская башня»

Регистрация Авторского права. Регистрация объекта авторского права. Регистрация Авторского права на книгу. Регистрация Авторского права на музыку.

Киркоров потратил 200 млн рублей на ремонт и золотые унитазы

Электрокроссовер Voyah Free получил новую версию для России. Ее представили в Москве

Новости России

Самара попала в топ-10 городов, где делают самую вкусную шаурму

Переезд с комфортом. Реновация в столице идёт полным ходом

Главным тренером ХК «Сибирь» назначен Вадим Епанчинцев

Усольские кадеты принимают участие в военно-патриотическом слете «Москва. Май. Победа»

Экология в России и мире

Что будет, если есть яйца каждый день: 15 научных фактов

Уголовное дело против известного российского политолога Михаила Александрова является фальсификацией бакинского режима

Куда поехать на майские праздники в России: топ-7 направлений

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)

Спорт в России и мире

Андреева обыграла Паолини и вышла в 1/4 финала турнира WTA в Мадриде

Медведев сыграет с Бубликом в Мадриде 

Шиманович пробилась в ⅛ финала теннисного турнира в Сен-Мало

Россиянка Полина Михайлова стала чемпионкой Франции по настольному теннису

Moscow.media

Совместные учения сотрудников Росгвардии и МЧС прошли в Москве

"Банда четырех" против демократии

Европейские правозащитники подали очередную жалобу на ChatGPT

Коршун











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Победителей “Диктанта Победы” пригласят на Парад в Москве

СК возбудил дело против подростка, сбившего мать с ребенком в Балашихе

Стартовал новый сезон экскурсий по Восточному административному округу Москвы

В РФ начали падать цены на аренду жилья