Дар гузаргоҳҳои марзии Узбекистон вазъи тиббиву беҳдоштии одамонро ҷиддан назорат мекунанд. Касоне, ки гирифтори пневмония ва ё бемориҳои дигари гузаранда ҳастанд, бистарӣ мешаванд. "Ин тадбирҳо баъд аз сар задани вируси нави 2019-nCo дар Чин рӯи даст гирифта шудааст",-хабар дод вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон. "Беморхонаҳо барои бистарӣ кардани касоне, ки гирифтори бемориҳои гузаранда ҳастанд, омода мешаванд. Дору ва васоили дигари тиббӣ таҳия мешавад",-омадааст дар хабари вазорати ҳифзи... Читать дальше...
Президенти Белорус Александр Лукашенко гуфт, Москва намегузорад, Минск аз Қазоқистон нафт ворид намояд. Ин нукта дар пасманзари баҳсҳои ду кишвар атрофи нархи тарифҳои интиқоли нафти Русия ба Белорус садо доданд. Лукашенко 21-уми январ дар сӯҳбат бо коршиносони соҳаи нафт дар шаҳри Минск гуфт, шароити иқтисодӣ мушкилтар мешавад. "Аҷиб аст. Ҳампаймони мо розӣ намешавад, ки аз ҳампаймони дигарамон нафт ворид кунем". Қазоқистон, Белорус ва Русия узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд, ки президенти... Читать дальше...
Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ба раҳбарии нерӯҳои Русия ва Сурия дасти кам 40 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба шоҳидон хабар додааст. Ҳамчунин дар пайи шадидтар шудани ҳамлаҳо ҳудуди 350 ҳазор сокин хонаҳои худро тарк карда, даҳҳо ҳазор ба минтақаи ҳаммарз бо Туркия паноҳ бурдаанд. Артиши ҳукумати Сурия миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта бо дастгирии нерӯҳои Русия ҳамла ба вилояти Идлибро аз сар гирифтанд. Ин охирин минтақа дар ғарби рӯдхонаи Фурот аст. Читать дальше...
Президенти Русия Владимир Путин мақоми "мураббӣ"-ро баъди ба поён расидани давраи президентияш дар соли 2024 рад кард. Ӯ дар ин бора дар мулоқот бо донишҷӯёни маркази омӯзишии "Сириус"-и Сочӣ изҳори назар кард. Дар бораи мақоми "мураббӣ" донишҷӯи Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва суол кард. Путин дар посух гуфт, ташкил шудани институте дар Русия, ки раҳбари давлатро назорат кунад, "дуҳокимиятиро ба вуҷуд оварда, барои кишвар фоҷеаовар хоҳад буд". Путин ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи вилояти Липетс низ мулоқот кард. Читать дальше...